Маълумоти охирин
Главная / Теги: турбина

Теги: турбина

ТУРБИНАИ РЕАКТИВӢ

turbinai-reaktivi

ТУРБИНАИ РЕАКТИВӢ, турбинаест, ки ротори он қувваи ҷараёни реакцияи дар каналҳои турбина ҳосилшавандаро истифода мебарад. Дар он зиёда аз 50% анергияи потенсиалии ҷисми корӣ ба энергияи наварди турбина табдил меёбад.

Муфассал »

ТУРБИНАИ ОБӢ

turbinai-kon

ТУРБИНАИ ОБӢ, турбинаи гидравлӣ, гидротурбина, мошини паррадорест, ки энергияи механикии обро ба энергияи меҳвари чархзананда табдил медиҳад. Асосан дар ГЭС истифода мешавад. Диаметри чархи кориаш то 10 м, иқтидораш зиёда аа 600 МВт ва фишори об то 1700 м шуда метавонад.

Муфассал »

ТУРБИНАИ КОНДЕНСАСИОНӢ

turbinai-kon

ТУРБИНАИ КОНДЕНСАСИОНӢ. як навъ турбинаи буғиро гӯянд, ки дар он цикли корӣ бо конденсасия шудани буғ ба охир мерасад. Буғи конденсацияшуда боз ба деги бухор бармегардад. Дар ҳамаи стансияҳои электрии ҳароратӣ ва атомӣ истифода мешавад.

Муфассал »

ТУРБИНАИ ГАЗӢ

turbinai-gazi

ТУРБИНАИ ГАЗӢ турбинаест, ки дар он энергияи гармии гази тазйиқшуда ва тафсон (одатан маҳсули сӯзиш) ба кори механикӣ табдил меёбад; ба таркиби муҳаррики газотурбинӣ дохил мешавад.

Муфассал »

ТУРБИНАИ БУҒӢ

m_dampfturbine_produkte-w310

ТУРБИНАИ БУҒӢ, турбинаест, ки энергияи ҳароратии буғи обро ба кори механикӣ табдил медиҳад. Турбинаи буғӣ собит (масалан, дар электростансияҳои ҳароратӣ) ва мутаҳаррик (дар киштиҳо) мешаванд. Турбинаҳон буғии яккорпуса ва бисёркорпуса (одатан аз 4 корпус зиёд нест), якнаварда (навардҳои ҳамаи корпусҳо як меҳвар доранд) ва ду, сенавардаи ба таври мувозӣ ҷойгиршуда …

Муфассал »