Маълумоти охирин
Главная / Теги: Табиат

Теги: Табиат

ФАСЛҲОИ СОЛ

fasl

ФАСЛҲОИ СОЛ (баҳор, тобистон, тирамоҳ, зимистон), ба давраҳо тақсим шудани солро гӯянд, ки дар қадимулайём мувофиқи ҳаракати -Офтоб дар осмон ва тағйири фаслҳо дар табиат муқаррар гардидааст. Ивазшавии Фаслҳои сол дар натиҷаи майли тири чархзании Замин ба ҳамвории мадори Замин (таҳти кунҷи 66°33′) сурат мегирад. Ҳангоми дар гирди Офтоб ҳаракат …

Муфассал »

ТАНАЗЗӮЛ

ТАНАЗЗӮЛ, регресс, дар табиати зинда, як ҷиҳати ҷудонашавандаи таҳаввул ва самти махсуси онро гӯянд. Вобаста ба дараҷаи ташаккули мавҷудоти зиндае, ки дар таназзӯл аст, ин ҷараён барои таҳаввул аҳамияти гуногун дорад. Кам шудани шумораи фардҳоро дар доираи намуд ё ягон гурӯҳи дигар, камшавии ареали онҳо, зергурӯҳҳо ва ғайраро А. Н. …

Муфассал »

ТАБИАТ

tabiat

ТАБИАТ (аз арабӣ —ниҳод,тинат), ба маънии куллӣ тамоми ҳастӣ, ҷамеи мавҷудот, ҳамаи шаклҳои зуҳурот ва савияҳои ташкилоти материяи мутаҳаррикаро номанд; ба маънии ҷузъи муҳити зистро гӯянд, ки бо он ҷомеаи инсонӣ дар ҷараёни мубодилаи модда ва таъсири мутақобил бувад. Дар урфи тибби классикии форс-тоҷик ба чаҳормаънӣ омада: 1) мизоҷи хос; …

Муфассал »

ШӮРХОК

shurzamin

ШӮРХОК, шураюк, шурзамин, хокеро гӯянд, ки дар таркибаш миқдори намакҳои минералии дар об зудҳалшаванда зиёд (беш аз 0,25 %) аст. Дар СССР 52,3 млн га ё 2,4%-и замин Ш. аст; асосан дар Украинаи ҷанубӣ, Поволжня, Осиёи Миёна (тақр. нисфи заминҳои кишт) ва ноҳияҳои диг. ҷой гирифтааст.

Муфассал »

ШАФАҚ

shafak

ШАФАҚ, ивазшавии қонунии рангҳои осмонро гӯянд, ки ҳангоми ғуруб ё тулуи Офтоб ба амал меояд.

Муфассал »

ЧИМЗАМИН

chimzamin

ЧИМЗАМИН, чимтол, чимхок, қабати болоии замннро гўянд, ки онро решаву решапоя ва навдаи ба ҳам печидаи растаниҳои бисёрсола фаро гирифтаанд. Дар Чимзамин моддаҳои органикӣ бисёранд. Чимзамин ба даштҳои бекорхобида, заминҳои партов, марғзору чарогоҳҳои дарёбод, шибарзамин ва ғ. хос аст. Чимзамин назар ба қабатҳои поёнии замин ҳосилхезтар аст

Муфассал »

ЧИМ

chim-zamin

ЧИМ, як порчаи чимзамин аст, ки дар шакли росткунҷа (тахта-тахта) буранд. Чимро барои зудтар сабзазор кардани ҷойҳои бегиёҳ, мустаҳкам намудани нишебии дарғот, канори р. о. ва ба мақсадҳои диг. (мас., барои сабзамайдон ва ба гулгаштҳо тақсим кардани он) истифода мебаранд.

Муфассал »

ЧАШМА

chashma

ЧАШМА, ҷоест, ки аз он оби зеризаминӣ берун омада, равон мешавад. Чашмаҳо дар қаъри ҳавзаҳои об низ вуҷуд доранд. Онҳо доимӣ, мавсимӣ, бефишор, фишордор, аз рўи ҳарорати оби худ муқаррарӣ, хунук ва гарм мешаванд. Дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 200 Чашмаи обаш хунук, гарм ва минералӣ мавҷуд аст. Чашмаҳои минералӣ …

Муфассал »

ЦУНАМИ

cunami

ЦУНАМИ (японӣ), мавҷҳои гравитационнии баҳриро гўянд, ки асосан дар натиҷаи боло ё поён лағжидани минтақаҳои дарози қаъри баҳр ҳангоми зилзилаҳои зериобӣ ё соҳилӣ ба вуҷуд меоянд. Суръати Цунами аа 50 то 1000 км/с, баландиаш аз 0,1 то 5 м; дар назди соҳил аз 10 то 50 м мешавад. Дар соҳил …

Муфассал »

Дарахти ХОРБӮPC

xorburs

ХОРБЎPC, хорарча, балхарча (luniperus turcestanica), дарахти сўзанбарги ҳамешасабз аз оилаи сарвҳо. Баландиаш 10—18 м мешавад. Дар нишебиҳои қ-кқҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Қаротегин, Пётри I месабзад. Чуби Xорбўрс хушбўй буда, дар атторӣ истифода мешавад. Ниг. низ Арча.

Муфассал »