Маълумоти охирин
Главная / Теги: Суръат

Теги: Суръат

СУРЪАТҲОИ КАЙҲОНӢ

surati-kayhoni

СУРЪАТҲОИ КАЙҲОНӢ, нигаред Суръати якуми кайхонӣ, Суръати дуюми кайҳонӣ, Суръати сеюми кайҳонӣ.

Муфассал »

СУРЪАТИ ШУОӢ

surati-shuoi

СУРЪАТИ ШУОӢ, проексияи суръати фазои ҷирми оомониро ба нури назар гӯянд, ки аз рӯи падидаи Допплер муайян карда мешавад. Агар ҷирми (мунир ва мушоҳид дур шуда истода бошад, Суръати шуоӣ мусбат ва агар ба ӯ наздик шуда истода бошад, манфӣ мешавад.

Муфассал »

СУРЪАТИ ФАЗАВӢ

surati-fazavi

СУРЪАТИ ФАЗАВӢ, суръате (Vф)- ро гӯянд, ки бо он фазаи () мавҷи монохроматии ҳамвор у = А sinѱ ҳаракат макунад. Ин ҷо А — амgлитуда, ѱ = 2π (t/T-x/ λ) — фазаи мавҷ (λ — дарозии мавҷ, х — масофа аз манбаи мавҷ, Т — даври лаппиш, t — вақт).

Муфассал »

СУРЪАТИ САДО

surati-sado

СУРЪАТИ САДО, суръати паҳншавии мавҷи садост, ки дар муҳити гуногун ҳар хел бувад. Суръати садо дар газҳо назар ба моеъҳо суст ва дарҷисмҳои сахт аз моеъҳо ҳам сусттар аст (илова бар ин барои мавҷҳои барӣ назар ба машҷҳои қадӣ сакин мебошад). Суръати садо дар газҳо ва буғҳо аз 150 то …

Муфассал »

СУРЪАТИ РӮШНОӢ

surati-rushnoi

СУРЪАТИ РӮШНОӢ (суръати нур) дар фазои холӣ (дар вакуум) с, суръати паҳншавии мавҷҳои электромагнитӣ (аз ҷумла нур)-ро гӯянд. Суръати рӯшноӣ яке аз собитаҳои асосии физикаи муосир буда, ҳадди охирини суръати паҳншавии ҳама гуна таъсироти физикӣ дониста мешавад (нигаред Назарияи нисбият). Дар шароити муқаррарӣ бо Суръати рушноӣ ягон сигнал паҳн шуда …

Муфассал »

СУРЪАТИ РЕАКСИЯИ ХИМИЯВӢ

surati-reaksiya

СУРЪАТИ РЕАКСИЯИ ХИМИЯВӢ, мафҳуми асосии кинетикаи химиявист, ки тағйир ёфтани адади зарраҳо (молекулаҳо, ионҳо)-и ҳамагуна моддаи дар реакция иштироккунандаро дар воҳиди вақт ба воҳиди ҳаҷм (барои реакцияҳои гомогенӣ) ё ба воҳиди масоҳати сатҳ (барои реакцияҳои гетерогенӣ ва топохимиявӣ) ифода мекунад. Суръати реаксияҳои химиявиро миқдоран аз рӯи тағйири консентрацияи моддаҳои ба …

Муфассал »

СУРЪАТИ СЕЮМИ КАЙҲОНӢ

surati-kayhoni

СУРЪАТИ СЕЮМИ КАЙҲОНӢ, суръатеро гуянд, ки ҳангоми ба он соҳиб шудан аппарати париш қувваҳои ҷозибаи Замин ва Офтобро бартараф намуда, ба фазои байниситоравӣ парвоз карда метавонад. V3 = 16,67 км/сон аст.

Муфассал »

СУРЪАТИ ДУЮМИ КАЙҲОНӢ

surati-kayhoni

  СУРЪАТИ ДУЮМИ КАЙҲОНӢ, суръатеро гуянд, ки ҳангоми ба он соҳиб шудан аппарати париш қувваи ҷозибаи Заминро бартараф намуда, ба дигар ҷирмҳои системаи Офтоб парвоз карда метавонад. Дар рӯи заминV2 = 11,2 км/сон.  

Муфассал »

СУРЪАТИ ЯКУМИ КАЙҲОНӢ

surati-kayhoni

СУРЪАТИ ЯКУМИ КАЙҲОНӢ, суръатеро гӯянд, ки ҳангоми ба он соҳиб шудан аппарати париш ба радифи маснӯи Замин мубаддал шуда метавонад. Дар рӯи замин V, = 7,9 км/сон  аст.

Муфассал »

СУРЪАТ

sur-at

СУРЪАТ (арабӣ -зудӣ, тезӣ яке аз мафҳумҳои асосии механика буда, ҳаракати нуқта (ҷисм)-ро тавсиф медиҳад. Ҳенгоми мунтазам ҳаракат кардани нуқта Суръати он ба нисбати дарозии роҳи тайшуда s бар фосилаи вақт t баробар аст, яъне: = s/t . Умуман dv =ds/dt  аст.  

Муфассал »