Маълумоти охирин
Главная / Теги: Сулола

Теги: Сулола

Сулолаи САФФОРИЁН

САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон аз арабҳо роли калон бозида, давлати Саффориёнро ташкил карданд. Асосгузораш деҳқонбачаҳои систонӣ Яъкуб ибни Лайс ва баро- даронаш Амр, Тоҳир ва Алӣ. Яъқуб дар шаҳри Заранҷа чанд вақт шогирди саффор (мисгар) буд, ки номи сулола …

Муфассал »

САФАВИЁН

САФАВИЁН, сулолаи шоҳони давлате, ки дар Шарқи Миёна ва Наздик солҳои 1502—1736 ҳукм рондаанд. Аслан аз туркони Озарбойҷони Эронанд. Асосгузораш — Исмоили I Сафавӣ. Сафавиён давлатҳои хурди ҳудуди Эрон — Оққуйунлу, Қароқуйунлу, Шервоншоҳро муттаҳид ва салтанати мутлақи феодалӣ барпо карданд. Сафавиён дар натиҷаи сиёсати фаъолонаи дохилӣ ва берунӣ ҳудудҳои давлати …

Муфассал »

САЛҒУРИЁН

САЛҒУРИЁН           (1148-1270), сулолаи отабекҳое, ки тақрибан 120 сол дар Форс — аввал ҳамчун волии Салҷуқиён, сипас (асри 13) ҳамчун волии Хоразмшоҳиён ва Чингизиён ҳукмронӣ кардааст. Салғуриён аслан туркмананд. Асосгузори сулолаи С. Сунқар аз ҷангу низоъҳое, ки дар замони ҳукмронии султони салҷуқӣ Масъуд ибни Муҳаммад ҷой доштанд, истифода бурда, мавқеи худро …

Муфассал »

САКСОНҲО

САКСОНҲО, сулолаи шоҳони Германия (919—1024) ва императорони “Империяи Муқаддаси Рим” (аз соли 962). Асосгузораш Генрихи I (солҳон ҳукмрониаш 919—936); ворисони ӯ: Оттони I (936—973, аз соли 962 император), Оттони II (973—983), Оттони III (983—1002). Баъди вафоташ яке аз намояндагони авлоди ӯ гертсоги Бавария Генрих шоҳ шуд (шоҳ Генрихи II, 1002—24). …

Муфассал »

ФОТИМИЁН

ФОТИМИЁН, сулолаи халифаҳои араб (ба номи Фотима — духтари Муҳаммад), ки солҳои 909—1171 аввал дар Африкаи Шимолӣ, баъд дар Миср ҳукмронӣ кардаанд. Асосгузори сулола — Убайдуллоҳи Маҳдӣ. Машҳуртарин халифаҳои Фотимиён: Муиз, Ҳаким, Мустансир.

Муфассал »

УМАВИЁН

abbasid_caliphate_most_extant

УМАВИЁН, сулолаи халифаҳои араб дар хилофати Димишқ (Умавиён; 661—750), аморат (756—929) ва хилофати Қурдоб (929—1031). Дар натиҷаи ғалабаи тарафдорони Муовия (волии дар Сурия будаи Хилофат) бар пайравони Алӣ ба сари ҳокимият омад. Номашро аз номи Умавия — асосгузори оди Умавиён гирифтааст.

Муфассал »

ТОҲИРИЁН

tahirid_dynasty_821_-_873_ad

ТОҲИРИЁН сулолае, ки солҳои 821—873 дар давлати Тоҳириён ҳукм рондааст (нигаред давлати Тоҳириён). Асосгузораш Тоҳир Ибни Ҳусайн. Ворисон ва солҳои ҳукмрониашон; Талха (822—828), Абдуллоҳ (828—844), Тоҳири II (844—862), Муҳаммад (862—873). Н. Неъматов.

Муфассал »

ТЕМУРИЁНИ ҲИНД – Бобуриён

ТЕМУРИЁНИ ҲИНД Бобуриён, сулолаест, ки солҳо» 1526—1858 дар Ҳиндустон ҳукм рондааст. Асосгузораш намондаи хонадони Темуриён Заҳируддин Бобур. Темуриёни Ҳиндро дар баъзе мамлакатҳо, аз ҷумла дар Ҳиндустон Муғулҳои бузург» ҳам меномиданд, Темуриёни Ҳинд асосан баъди вафоти Аврангзеб (1707) пароканда шуда бошанд ҳам, намояндагони онҳо то давраи аз тарафи Алглия барҳам дода …

Муфассал »

ТЕМУРИЁН

timurid_dynasty_821_-_873_ah

ТЕМУРИЁН сулолаест, ки дар Осиёи Миёна солҳои 1370—1607 ҳукм рондааст. Асосгузораш Темур. Темуриён солҳои 70 асри 14 дар улуси Чағатой ба сари ҳокимият омаданд. Самарқанд ва Ҳирот пойтахти давлати Темуриён буд. Намояндагони Темуриён: Тамур ибни Тарағай Баҳодур (1370—1105), Халил султон ибни Мироншоҳ (1405—09 ҳокими Мовароуннаҳр, солои 1409—11 ҳокими шаҳри Рай), …

Муфассал »

ПТОЛЕМЕЙҲО

225px-cameo_gonzaga

ПТОЛЕМЕЙҲО, Л а г и д ҳ о (юнонӣ Ptolemaioi, Lagidai), сулолаи подшоҳоне, ки солҳои 305—30 то мелод дар Мисри эллинӣ ҳукм рондаанд. Асосгузораш Птолемейи I С о т е р, яке аз лашкаркашони Искандари Мақдунӣ, ки соли 323 ҳангоми тақсимоти империяи Искандари Мақдунӣ ҳокими Миср шуда, соли 305 худро …

Муфассал »