Маълумоти охирин
Главная / Теги: Стансия

Теги: Стансия

СТАНСИЯҲОИ ҚУТБӢ

stanciai-kutbi

СТАНСИЯҲОИ ҚУТБӢ дар Арктика ва Антарктида, мушоҳидаҳои пайдарҳами аэрометеорологӣ, актинометрӣ, геомагнетӣ, гидрологӣ, глясиологӣ ва дар баъзе мавридҳо биологӣ ва тиббиро ба амал мебароранд. Аввалин Стансияҳои қутбӣ дар давраи якумин соли байналхалқии қутб (1882—33) сохта шуда буданд. Ҳоло (1980) дар Арктика тақрибан 120 Стансияҳои қутбӣ (аз ҷумла 101-тоашон советӣ) кор мекарданд. …

Муфассал »

СТАНСИЯҲОИ ЗИЛЗИЛАСАНҶ

seysmostancia

СТАНСИЯҲОИ ЗИЛЗИЛАСАНҶ, сейсмостанция, истгоҳҳои санҷишгаранд, ки ҳангоми зилзила лаппишҳои сатҳи заминро ба воситаи сейсмографҳо сабт мекунанд. Стансияи зилзиласнҷро дар маҳалҳои аз шаҳр хеле дур ё дар атрофи шаҳр месозанд. Стансияи зилзиласнҷ асосан ду навъ мешаванд 1) станцияҳои телесейсмоӣ, ки асосан сигналҳои сейсмоиро дар ҳудуди эписентри зилзила (аз 2000 км зиёд) …

Муфассал »

СТАНСИЯҲОИ ТАҶРИБАВИИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ

xojagii-kishlok

СТАНСИЯҲОИ ТАҶРИБАВИИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ, муассисаҳои тадқиқотианд, ки дар шароити ба истеҳсолот наздик, тарзу услубҳои илман асосноки киштукори растаниҳои хоҷагии қишлоқ ва дар хоҷагиҳои хизматрасони маҳал ҷорӣ намудани чорводориро мавриди баррасии илмӣ қарор додаанд. Усулҳои асосии тадқиқотии Стансияҳои таҷрибавии хоҷагии қишлоқ: дар саҳро ё фермаҳо, инчунин лабораторияҳо гузаронидани таҷриба.

Муфассал »

СТАНСИЯИ ҚАМАРӢ

«Луна-9»

СТАНСИЯИ ҚАМАРӢ, станцияи автоматӣ ё маскуни кайҳонист барои кор кардан дар рӯи Моҳ. Аввалин Стансияи қамарии автоматӣ (стасионарӣ) «Луна-9» буд (3 феврали 1966). Нахустин Стансияи қамарии мутаҳаррика низ зодаи техникаи советӣ буд. («Луноход-1», 1970). Стансияи қамарии маскуни стасионарӣ «Аполлон-11»-ро мутахассисони америкоӣ сохта сар доданд (1969).

Муфассал »

СТАНЦИЯИ ЭЛЕКТРӢ

electrostancia

СТАНЦИЯИ ЭЛЕКТРӢ, истгоҳи барқӣ, электростансия, корхонаест, ки энергияи электр ва дар мавридҳои ҷудогона энергияи гармӣ низ (ТЭЦ) истеҳсол мекунад; аз маҷмӯи таҷҳизоту дастгоҳҳо ва биною иншооте иборат аст, ки бевосита барои истеҳсоли энергия истифода мешаванд. Вобаста ба манбаи энергия стансиҳои электриро ба навъҳои зерин ҷудо мекунанд: ҳароратӣ (паротурбинӣ, газотурбинӣ, дизелӣ), …

Муфассал »

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРУ ГАРМӢ (ТЭЦ)

tec

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРУ ГАРМӢ, маркази электру гармӣ (теплоэлектросентрал, ТЭЦ), стансияи электрии ҳароратиест, ки ҳам энергияи электр ва ҳам гармӣ (буғу оби гарм) истеҳсол мекунад. Стансияи электру гармӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ аз стансияи электрии ҳароратие, ки фақат энергияи электр ҳосил мекунад, бартари дорад, дар он 20—25% камтар сӯзишворӣ (ангишт, газ, мазут ва …

Муфассал »

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ГАЗУ ТУРБИНӢ

stanciai-elektrii-gasu-turbini

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ГАЗУ- ТУРБИНИ, истгоҳи барқии ҳароратиест, ки дар он генератори электриро турбинаи еазӣ ба ҳаракат меорад. С. э. г. ҳамчун станцияи бо гази зериазминии ангишт (нигаред Газифизикацияи сӯзишворӣ) коркунанда бунёд ёфтааст. Солҳои 50—60 асри 20 сохтани Стансияи электрии газу-турбини бо муҳаррики газотурбинӣ маъмул гардид. Дар СССР аввалин дастгоҳи буғу …

Муфассал »

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ АТОМӢ

stanciai-elektrii-atomi

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ АТОМӢ, истгоҳи барқиест, ки энергияи атомӣ (ядроӣ)-ро ба энергияи электрӣ табдил медиҳад; як навъ станцияи электрии ҳароратӣ аст. Дар Стансияи электрикии атомӣ манбаи гармӣ реактори атомист (нигаред Реактори ядроӣ). Гармие, ки дар реактор дар натиҷаи реакцияи тақсимшавии пай дар паи ядроҳои баъзе элементҳои вазнин ҷудо мешавад, чун дар …

Муфассал »

СТАНСИЯИ ХУНГУЗАРОНӢ

stanciai-khunguzaroni

СТАНСИЯИ ХУНГУЗАРОНӢ дар СССР, муассисаи тиббиест, ки барои гузарондан ва захира кардани хуни консервонида ва ҷузъҳои таркибии он (плазмаи хун, массаи эритроцитӣ ва дигар ивазкунандагони хун). Дар СССР Стансияи хунгузаронӣ дар марказҳои ҳамаи вилоятҳо, кишварҳо ва республикаҳо ташкил шудааст; дар аксари вилоятҳо ғайр аз он Стансияи хунгузаронии районӣ ва дар …

Муфассал »

СТАНСИЯИ ХОКШИНОСИЮ МЕЛИОРАТИВИИ ВАХШ

vakhsh

СТАНСИЯИ ХОКШИНОСИЮ МЕЛИОРАТИВИИ ВАХШ ба номи И. И. Антинов-Каратаев (СХМВ), яке аз аввалин муассисаҳои илмист, ки оид ба хокшиносии Тоҷикистон тадқиқот мебарад. Соли 1936 АФ СССР таъсис намуд. То соли 1951 тобеи Филиали тоҷикистонии АФ СССР буд. Аз соли 1951 тобеи Институти хокшиносии Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Соли …

Муфассал »