Маълумоти охирин
Главная / Теги: Сози мусиқӣ

Теги: Сози мусиқӣ

САКСОФОН

saksofon-soprano-mercury

САКСОФОН (аз номи ихтироъкунандааш Сакс ва юнонӣ phone —овоз), сози мусиқии нафасӣ. Устои белгиягӣ А. Сакс (1845) ихтироъ кардааст. Аз биринчӣ сохта мешавад. Танааш фурӯхамида. Даҳанааш минқоршакл. Саксафон 7 намуд (аз сопранино то контрабас) дорад. Яке аз созҳои асосии оркестри ҷазӣ буда, дар оркестрҳои нафасӣ, эстрадӣ ва чун сози якканавозӣ …

Муфассал »

УД – сози мусиқӣ

ud

УД сози қадимии мусиқист, ки бо мизроб менавозанд. Уд косаи калони мурудшакл ва дастаи кӯтоҳ дорад. Дар маъхазҳои қадимӣ уд то асри 10 ҳамчун асбоби чортораи маъмули мусиқии Шарқ тафсир шудааст. Абӯнасри Форобӣ бо мақсади меъёри овозии удро такмил додан ба вай тори панҷум (ҳодд) илова кардааст. Торҳо номи арабии …

Муфассал »

ТРУБА

truba

ТРУБА, сози мусиқии нафасии оркестрӣ ва якканавозии регистраш баланд. Труба аз наи дарози тобхурдае иборат буда, даҳанааш мисли сурнай мудаввари васеъ аст. Дарозии наи он 1500 мм ва қутраш 11 мм. Аввал трубаҳои бевентил маъмул буда, аз соли 1816 нахустин трубаҳои вентилноки қаторовози хроматикӣ дошта пайдо шуданд. Ҳоло намудҳои зерини …

Муфассал »

ТОР

tor-soz

ТОР, 1) сози мусиқиест, ки бо мизроб (нохунак) менавозанд. Тор дар Эрон, Кавказ ва Осиёи Миёна хеле маъмул аст. Дар Тоҷикистон ва Узбакистон баъзан Тори озарбойҷонӣ ҳам мегӯянд. Тор косаи ба рақами 8 монанд дошт, аз чӯби тут тарошида мешавад. Ба рӯи косааш пардаи дили говро макашанд. Дарозии умумиаш 78—90 …

Муфассал »

ТЕНОР

tenor

ТЕНОР (италиявӣ tenore, аз лотинӣ teneo — медорам), 1) овози мардонаи баландро гӯянд. Меъёр (диапазонаш аз до-и октаваи якум то ля-и октаваи дуюм. Тенор лирикӣ ва драмавӣ мешавад. Тенор аз ҷиҳати темори овозӣ мулоим буда, оҳангро форам ва сабук ба самъ мерасонад. Тенори драмавӣ аз лирикӣ бо он фарқ мекунанд, …

Муфассал »

ТАБУРОК

tablak-doira

ТАБУРОК, табли хурд, сози зарбии мусиқист. Табурок дар аҳди Сосониён пайдо шудааст. Табурокро аз сафол ё чӯб месохтанд ва ба рӯяш пӯст мекашиданд. Онро бештар зери бағал гузошта менавохтанд. Овозаш ҷаранзгосӣ буда, бештар дар ҳайати созҳои тории мизробӣ ва камонӣ истифода мешудааст. Рӯдакӣ табурокро ном бурдааст: Он харпадарат ба дашт …

Муфассал »

ТАБЛАК

tablak-doira

ТАБЛАК, сози зарбии мусиқист, ки дар байни сокинони кӯҳистони Тоҷикистон аз Эрону Афғонистонмаъмул аст. Таблак кӯзашакл буда, онро аз сафол ё чӯб мёсозанд. Тарафи васеи Таблакро нусткаш мекунанд. Тарафи борикашро зери бағал гирифта бо панҷаҳои ҳар ду даст менашозанд. Дарозии Таблак 35—40 см ва қутри доираи тарафи пӯсткашшудааш 18—20 см …

Муфассал »

ТАБЛ

tabl

ТАБЛ сози зарбии мусиқии қадимист. Таблро аз чӯб месозанд. Он шаклан мудаввару дарунхолӣ буда, аз ду тарафаш пӯст мекашанд. Қутри доирааш 70—90, заҳниаш 30—40 см. Бо чӯби кӯбак (мулоим) монавозанд. Табл дар асрҳои 12— 10 то м. дар мамлакатҳои Шарқи Миёнаю Наздик маъмул буд. Масалан, таблро дар Суғд бо ресмон …

Муфассал »

ПРИМА

nota-2

ПРИМА (лотинӣ prima — аввалин) дар м у с и қ ӣ, яке аз фосилаҳо, инчунин яке аз зинаҳои гамма,  қаторовоз. Партияи аввалини гурӯҳи асбобҳои мусиқии ҳамҷинси оркестр ё ансамбл, гурӯҳҳои хорӣ, асарҳои мусиқии барои 2 фортепиано ва барои як фортепианои чордастаро низ Прима меноманд.

Муфассал »

ЧАҒОНА

nota-2

ЧАҒОНА 1) навъе аз созҳои қадимии мусиқист. Аз чӯби дарозиаш 30—40 см сохта шуда, як тарафи онро сӯрох мекунанд ва чанд зангӯларо ба он меовезанд. Ҳангоми ба харакат даровардан зангўлахо ба ҳам бархӯрда садо мебароранд. Чағона зарбу усули оҳангро дар суръати муайян нигоҳ медорад. Муғаннӣ ба овози чангу чағона. Чи …

Муфассал »