Маълумоти охирин
Главная / Теги: Рисола

Теги: Рисола

«САНЪАТИ МАХЗУН»

«САНЪАТИ МАХЗУН» рисолаест доир ба назарияи иншо, таълифи Мирзо Абдулазими Сомӣ. Аз муқаддима ва ду қисм иборат буда, намунаи ҳуҷҷатҳои расмиро дар бар мегирад. Муаллиф дар ри- сола вазъи умумии иншонависӣ ва номанигории Бухорои нимаи дуюми асри 19-ро инъикос кардааст. «Санъати Махзун» барои омӯзиши фаъолияти дабирон, коргузории вазоратҳо, дафтарҳои харҷу …

Муфассал »

«РИСОЛАТ-УШ-ШАРАФИЯ»

«РИСОЛАТ-УШ-ШАРАФИЯ» рисолаи мусиқӣ. Номи пуррааш «Рисолат-уш-шарафия фил нисб-ит-таълифия» аст. Ба қалами мусиқишиноси номӣ Сафиуддин Абдулмӯъмини Урмавӣ мансуб аст. Рисолат аз 5 мақола иборат аст, роҷеъ ба масъалаҳои назариявии мусиқӣ баҳс менамояд. Мақолаи аввал масъалаҳои умумии илми мусиқӣ, моҳияти он, тафсири савт, пайдоиши асвоти мусиқӣ, нисбати абъод (бӯъд-фосилаҳо) ва тарзи истихроҷи …

Муфассал »

«РИСОЛАИ ҚУШАЙРИЯ»

«РИСОЛАИ ҚУШАЙРИЯ» – асари маъруфи суфии асрии 11. Абулқосими Қушайрист. Дар солҳои 1059—60 ба забони арабӣ навишта шудааст. Ба таъбири худи Қушайрӣ «Рисолаи қушария» дастуре барои соликони роҳи тариқат мебошад. «Рисолаи қушайрия» аз ду фасл ва панҷоҳу чаҳор боб иборат аст. Дар фасли аввал ақидаҳои сӯфиён роҷеъ ба усули тасаввуф, …

Муфассал »

«РИСОЛАИ ҚОФИЯ» таълифи Абдурраҳмони Ҷомӣ

«РИСОЛАИ ҚОФИЯ» таълифи Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки муаллиф онро дар муқаддима «Мухтасари вофӣ ба қавоиди қавофӣ» гӯён шарҳ додааст; номи дигараш «Р и с о л а т-у л-в офия ф ӣ илми л-қ о ф и я». Бештар бо номи «Риссолаи қофияи М у л л о Ҷомӣ» машҳур аст. …

Муфассал »

«РИСОЛАИ ШАШМАҚОМ»

«РИСОЛАИ ШАШМАҚОМ» асари мусиқист оид ба «Шашмақом», ки ба қалами Мӯсохоҷаи Туркистони тааллуқ дошта, соли 1884 дар Бухоро таълиф шудааст. «Рисолаи Шашмақом» муқаддима ва шаш фасл дорад. Дар муқаддима тафсири истилоҳи мусиқӣ, хизмати мусиқишиносон дар танзими мақомҳо, тавсифи мақомот дар шеър ва ғайра зикр ёфтаанд. Фасли аввал шарҳи мухтасари шӯъбаҳои …

Муфассал »

«РИСОЛАИ ШАШМАҚОМ»

«РИСОЛАИ ШАШМАҚОМ» асари ИлмИст оид ба мусиқӢ, яке аз таълифоти нисбатан мукаммал оид ба «Шашмақом», ки дар асри 18 китобат шудааст. Муаллифаш номаълум. «Рисолаи Шашмақом» аз шаш боб иборат буда, бо усули рисолаҳои анъанавӣ навишта шудааст ва асосан таркиботи таронавӣ (овози)-и «Шашмақом»-ро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Фасли аввал ба мақоми«Наво» …

Муфассал »

«РИСОЛАИ САРГУЗАШТ»

«РИСОЛАИ САРГУЗАШТ», асари тарҷумаиҳолиест дар боби рӯзгори Абуалии Сино, ки ба қалами шогирди ӯ Абдулвоҳид Абӯубайди Ҷузҷонӣ мансуб аст; солҳои 1037—38 ба забони арабӣ таълиф шудааст. «Рисолаи саргузашт» аз ду қисм иборат аст. Қисми аввал имлои Ибни Сино, қисми дуюм нақли худи Ҷузҷонӣ аст. Дар «Рисолаи саргузашт» зодгоҳ, падару модар, …

Муфассал »

«РИСОЛАИ НАҒАМОТ»

«РИСОЛАИ НАҒАМОТ» рисолаи мусиқист. Муаллифаш но- маълум. Асри 19 дар Бухоро бо забони тоҷикӣ таълиф шудааст. «Рисолаи нағамот» аз муқаддима ва 4 фасл иборат аст, ки дар бораи назарияи мусиқӣ, санъати нафиса ва ҷиҳатҳои бадеию эстетикии мусиқӣ, 12 мақом, хизмати ҳофизону санъаткорон дар тартиб ва такмили мақомҳо, шарҳи 24 шуъба, …

Муфассал »

«РИСОЛАИ МУСИҚӢ ДАР НАЗМИ ДУВОЗДАҲМАҚОМ»

«РИСОЛАИ МУСИҚӢ ДАР НАЗМИ ДУВОЗДАҲМАҚОМ» рисолаи мусиқист. Ба қалами Наҷмуддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ мансуб буда, асри 16 навишта шудааст. Рисола аз аввалин таълифоти манзумест роҷеъ ба мақомҳо. Фасли аввал «Дар баёни нағмаҳои шӯъбаҳо» буда, тавсифи 24 шӯъба, муносибати шӯъбаҳо ба мақомҳо, мавриди иҷрои пардаҳо ва аз чанд нағма тартиб ёфтани …

Муфассал »

«РИСОЛАИ МУСИҚӢ»

«РИСОЛАИ МУСИҚӢ» асари илмист оид ба мусиқӣ. Асрҳои 16—17 ба забони тоҷикӣ дар Бухоро таълиф шудааст. Муаллифаш номаълум. «Рисолаи мусиқӣ» аз муқаддима ва ҳашт фасл иборат «аст. Муқаддима аз таснифот, мавқеи илми мусиқӣ, назари мусиқишиносои ба ин санъат ва ғайра баҳс мекунад. Фасли аввал «Дар баёни савт» ном дорад. Фасли …

Муфассал »