Маълумоти охирин
Главная / Теги: расадхона

Теги: расадхона

РАСАДХОНАҲОИ ҲЕЙЛ

ra-heyl

РАСАДХОНАҲОИ ҲЕЙЛ, расадхонаҳои астрономии Мауит — Уилсон ва Маунт-Паломарро номанд, ки дар кӯҳҳои Калифорнияи Ҷонубӣ (ИМА) воқеъ шудаанд. Расадхонаи астрономии Маунт-Уилсон (Maunt Vilson Observatory) — муассисаи илмии Иниверситети Карнегии Вашингтон — соли 1904 барои тадқиқи Офтоб таъсис ёфта буд. Мушоҳидаҳое, ки ин ҷо ба амал оварда шудаанд, дар таърихи омӯзиши …

Муфассал »

РАСАДХОНАҲОИ БАҲРӢ

РАСАДХОНАҲОИ БАҲРӢ, расадхонаҳои махсуси гидрометеорологиеанд, ки вазифаашон аз тадқиқи ре­жими гидрометеорологии баҳр ва аз ҷиҳати методӣ роҳбарӣ кардан ба стансия ва постҳои гидрометеороло­гии баҳрӣ иборатанд. Бештари Расадхонаи баҳрӣ флоти баҳрӣ ва моҳидориро бо маълумоти гидрометеорологӣ таъмин менамоянд. Онҳо прогнози обу ҳаво ва ғалаёнҳои баҳриро тартиб медиҳанд, ҳодисаҳои метеорологиеро, ки барои …

Муфассал »

РАСАДХОНАИ САМАРҚАНД

РАСАДХОНАИ САМАРҚАНД, аз машҳуртарин расадхонаҳои асри 15 аст, ки бо фармони Улуғбек соли 1428—1429 дар Кӯхак ном теппаи назди наҳри Обираҳмат бунёд ёфтааст. Расадхона дар шакли устувона (силиндр) аз се қабат иборат буд. Баландиаш 30,4 м. Қисми асосии онро судси фахрӣ (секстант) радиусаш 42,2 мет­ра бино ба маълумоти баъзе маъхазҳо …

Муфассал »

РАСАДХОНАИ РАДИОАСТРОНОМӢ

radioastronomiya

РАСАДХОНАИ РАДИОАСТРОНОМӢ, муассисаи илмиест, ки афканишоти электромагнитии объектҳои кайҳониро дар диапазони радиомавҷҳо (тақрибан аз 1 мм то 1 км) мушоҳида ва тадқиқ мекунад. Аввалин Расадхонаи радиоастрономӣ дар охири солҳои 50 асри 20 дар Британияи Кабир (Ҷодрелл- Бэнк, дар назди Манчестер) сохта шудааст. Кашфи манбаъҳои осмонии радиоафканишот (ниг. Радиоа­строномия) боиси дар …

Муфассал »

РАСАДХОНАИ МЕТЕОРОЛОГӢ

ra-meteorologi

РАСАДХОНАИ МЕТЕОРОЛОГӢ, муассисаи тадқиқотиест, ки режими обу ҳавои территорияи вилоят, кишвар, республика ва тамоми мамлакатро тадқиқ мекунад. Расадхонаҳое низ ҳастанд, ки вазъияти атмосфераи озодро меомӯзанд, ба воситаи радиозондҳо ва мушакҳои метеорологӣ мушоҳидаҳои аэрологӣ мебаранд. Дар тадқиқи абру боришот радиолокаторҳо ва лаборато­рияи махсус истифода мешаванд. Соли 1956 аксарияти Расадхонаи метеорологии СССР …

Муфассал »

РАСАДХОНАИ МАХСУСИ АСТРО­ФИЗИКӢ

ra-m-a

РАСАДХОНАИ МАХСУСИ АСТРО­ФИЗИКӢ, муассисаи тадқиқоти ил­мии АФ СССР. Дар доманакӯҳи шимолии қаторкӯҳҳои Кавказ, дар pайони Зе­ленчуки Вилояти Автон. Қарочаю Чер­кас соли 1960 таъсис ёфтааст. Калонтарин маркази илмии мамлакат дар соҳаи таҳқиқи астрофизикӣ ва радиоастрономӣ. Афзори асосиаш: калонтарин дар ҷаҳон телескоп — рефлектори оптикии диаметри оинаи асосиаш 6 м, ки дар …

Муфассал »

РАСАДХОНАИ КАЙҲОНӢ

ra-kayhoni

РАСАДХОНАИ КАЙҲОНӢ, радифи маснӯъ ё стансияи кайҳониеро гӯянд, ки бо афзору асбоби астрономӣ ҷиҳозонида шуда, барои тадқиқи ҷирмҳои осмонӣ ва фазоӣ Ко­инот таъин гардидааст. Мурод аз Расадхонаи кайҳонӣ омӯхтани,манбаъҳои сусти афканишот (аз қабили галактикаҳои дур) ва мушоҳида кардани ҷирмҳои осмонӣ дар диапазони аз замин дастнораси спектри мавҷҳои электромагнитӣ (ултрабунафш, рентгенӣ …

Муфассал »

РАСАДХОНАИ MAPOҒA

РАСАДХОНАИ MAPOҒA, аз машҳуртарин расадхонаҳои асри 13 буд, ки дар шаҳри Мароғаи Эрон таҳти роҳбарии мунаҷҷими маъруфи тамоми Шарқ Насируддини Тӯсӣ (1201—1274) сохта шудааст. Бино ба маълумоти тазкираҳои таърихӣ беш аз 50 нафар мунаҷҷимони маъруф, аз ҷумла Муинуддини Урдӣ, Қутбуддини Шерозӣ, Наҷмуддини Қазвинӣ, Фахруддини Ихлотӣ, Фахруддини Мароғӣ, Яҳё ибни Муҳаммади …

Муфассал »

РАСАДХОНАИ ИСФАҲОН

РАСАДХОНАИ ИСФАҲОН, расад­хонаи азиме буд, ки соли 1074 бо амри султон Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ ва вазири ӯ Низомулмулк таҳти роҳбарии Умари Хайём бунёд ёфтааст. Дар Расадхонаи Исфаҳон мунаҷҷимони маъруфи он замон Хоҷа Абӯҳотам, Музаффар ибни Исмоили Исфизорӣ, Ибни Наҷиби Воситӣ кор ва эҷод кардаанд. Муҳимтарин вазтфаи расадхона тасҳеҳ ва тартиб …

Муфассал »

РАСАДХОНАИ АСТРОФИЗИКИИ ҚРИМ

krymskaja_astrofizicheskaja_observatorija_3

РАСАДХОНАИ АСТРОФИЗИКИИ ҚРИМ, муассисаи тадқиқоти илмии АФ СССР. Соли 1908 чун шӯъбаи ҷануби Расадхонаи Пулково таъсис ёфта­аст. Он вақт астрографи 12-см дошт, ки бо ёрии он сайёрагони хурдро дармеёфтанд ва ҳаракати онҳоро меомӯхтанд. Баъд аз Револютсияи Октябр расадхона рӯ ба тараққӣ ниҳод. Соли 1925 дар расадхона рефлектори 102-см гузоштанд ва …

Муфассал »