Маълумоти охирин
Главная / Теги: равоншиносӣ

Теги: равоншиносӣ

ТАЛҚИН

ravonshinosi-psix

ТАЛҚИН (арабӣ — фаҳмондан, ёд додан), 1) дар психология яке аз усулҳои таъсирро ба рӯҳи одам гӯянд. Талқинкунанда бо сухан ва имову ишорат ҳолати рӯҳӣ, одат ё амалу рафтор ба фард таъсир мерасонад. Талқин ба синну сол, фардият, касб, хислату ҳолатҳои рӯҳӣ, ба маҳорату қобилияти талқинкунанда ва ба шароиту вазъияти …

Муфассал »

ПСИХОТЕРАПИЯ

psixoterapiya

ПСИХОТЕРАПИЯ (аз психо… ва терапия), маҷмӯи таъсироти рӯҳист барои муолиҷаи бемор. Имконияти таъсири рӯҳӣ аз қадим маълум буд. Вале Психотерапияи илмӣ аз солҳои 40 асри 19 ба туфайли тадқиқоти духтури англис Ҷ. Брэд, ки ба хусусиятхои функсионалии системаи асаби одам во­баста будани муассирии таъсироти рӯҳиро баён кардааст, шакл гирифт. Асоси …

Муфассал »

ПСИХОПАТИЯ

psixopatiya

ПСИХОПАТИЯ (аз психо… ва юнонӣ pathos — беморӣ, касалӣ, дард), ин­кишофи ноҳанҷори (боиллати) шахсиятро гӯянд, ки аз асари ҳар хел омилҳои нобоби берунӣ ва дарунӣ (омилҳои ирсӣ, батнимодарӣ, зоимони, сироятнок ва заҳролудшавӣ дар овони тифлӣ, тарбияи нодуруст, таъсироти манфии иҷтимоӣ ва ғайра) ба вуҷуд меояд. Психопатияро аз хулқу атвори «мӯътадил» …

Муфассал »

ПСИХОЛОГИЯИ ҚИЁСӢ

ravonshinosi-psix

ПСИХОЛОГИЯИ ҚИЁСӢ, як соҳаи психологияро гӯянд, ки пайдоишу инкишофи психикаи ҳайвонот ва инсонро меомӯзад. Ташакку­ли Психологияи қиёсӣ бо асарҳои Ж, Б. Ламарк, хусусан Ч. Дарвин, дар Россия — В. А. Вагнер алоқаманд аст. В. А. Вагнер Психологияи қиёсиро ҳамчун илме, ки зоопсихология ва психологияи одамро муттаҳид намудааст, ба қалам медиҳад. …

Муфассал »

ПСИХОЛОГИЯИ МЕҲНАТ

mehnat

ПСИХОЛОГИЯИ МЕҲНАТ, як соҳаи психологиро гӯянд, ки  ҷиҳатҳои психологии фаъолияти меҳнатии одамро меомӯзад. Психологияи меҳнат дар охири асри 10 ва ибтидои асри 20 баробари ривоҷу равнақи истеҳсолот, ба вуҷуд омадани навъҳои нави фаъолияти меҳнатӣ ва касбҳои оммавӣ, зиёд шудани талабот ба одам ташаккул ёфт. Дар аввалҳо муҳимтарин пробле­маи Психологияи меҳнат …

Муфассал »

ПСИХОЛОГИЯИ ПЕДАГОГӢ

sadik

ПСИХОЛОГИЯИ ПЕДАГОГӢ, як соҳаи психология, ки қонуният ва хусусияти андӯхтани дониш, пайдо кардани маҳорату малака ва ташак­кули шахсияти бачаро дар ҷараёни таълиму тарбия меомӯзад. Маълумоте, ки Психологияи педагогӣ аз омӯхтани ҳодисаҳои рӯҳӣ ба даст меорад, дар методикаи хусусии таълими ин ё он илм дар зинаҳои гуногуни таълим татбиқ мешаванд. Бинобар …

Муфассал »

ПСИХОЛОГИЯИ ИҶТИМОӢ

soxti-ijtimoi

ПСИХОЛОГИЯИ ИҶТИМОӢ илмест, ки қонунияти рафтор ва фаъ­олияти одамони ба гурӯҳҳон иҷтимоӣ дохилшуда, инчунин хусусиятҳои психологии ин гурӯҳҳоро меомӯзад. Масъалаҳои Психологияи иҷтимоӣ пеш дар ҳудуди таълимоти мухталифи фалсафӣ тадқиқ мешуданд. Аввалин ақидаҳои иҷтимоию психологӣ дар нимаи дуюми асри 19 пайдо гардиданд, вале Психологияи иҷтимоӣ ҳамчун як соҳаи илми психология дар …

Муфассал »

ПСИХОЛОГИЯИ КАЙҲОНӢ

psixologiyai-ijtimoi

ПСИХОЛОГИЯИ КАЙҲОНӢ як фасли психология буда, ҷиҳатҳои психологии кайҳоннавардонро меомӯзад. Тадқиқоти озмоишгаронаи психологӣ, ки бо просесси интихоб ва тайёр кардани кайҳоннавардон, баланд бардоштани сама­раи фаъолияти онҳо алоқаманд аст, мазмуни асосии Психологияи кайҳониро ташкил медиҳад. Психологияи кайҳонӣ оид ба тартиби мусоиди. меҳнати ҷисмониву фикрии кайҳоннавардон ва ҳамгирии онҳо тавсияҳо таҳия мекунад, …

Муфассал »

ПСИХОГИГИЕНА

ravonshinosi-psix

ПСИХОГИГИЕНА, як соҳаи гигиенаро гӯянд, ки чораҷӯй ва роҳҳои ташаккулу устувор гардонидани саломатии рӯҳии одамон ва усулҳои пешгирӣ кардани бемориҳои рӯҳии Психогигиенаро психологияи иҷтимоӣ ва умумӣ, психотерапия, психиатрияи иҷтимоӣ ва физиологияи фаъолияти олии асаб ташкил менамоянд. Ба беморхона хобондани беморони асабу рӯҳӣ усули муҳими Психогигиена ба шумор меравад. Пешгирӣ намудани …

Муфассал »

ПСИХОЛОГИЯ

ravonshinosi

ПСИХОЛОГИЯ (аз юнонӣ psyche- рӯҳ, район ва logos — сухан, таълимот) равоншиносӣ, илмест дар бораи қонунҳои объективии фаъолия­ти рӯҳӣ, аз ҷумла эҳсос, идрок, хотир, тасаввур, хаёл ва ғайра. Психология инчунин қонунҳои ташаккули талабот, шавқӯ ҳавас, малака, одат, мизоҷ, характер, қобилият ва ғайраpo, ки хусусиятҳои психологии шахсият ҳисоб меёбад, меомӯзад. Психология …

Муфассал »