Маълумоти охирин
Главная / Теги: просесс

Теги: просесс

ПРОСЕССҲОИ ЭНДОГЕНӢ

ПРОСЕССҲОИ ЭНДОГЕНӢ, просессҳои химиявию физикие, ки дар қаъри Замин ба амал меоянд. Ба Просессҳои эндогенӣ коҳиши моддаҳои радиоактивӣ, реаксияҳои гуногуни химиявӣ ва табаддулоти полиморфӣ ба энергияи гармӣ мубаддал гардидани энергияи механикӣ, ҷойивазкунии массахои зери қишри Замин, ногаҳон барҳам хӯрдани шиддатҳои рӯйдиҳанда (ҳангоми зилзила) тааллуқ доранд. Просессҳои эндогенӣ дар шакли просессҳои …

Муфассал »

ПРОСЕССҲОИ ЭКЗОГЕНӢ

ПРОСЕССҲОИ ЭКЗОГЕНӢ, просессҳое, ки дар рӯи Замин аз таъсири қувваи радиатсияи офтоб, қувваи вазн ва ҳаётгузаронии организмҳо ба амал меоянд. Ҳодисаҳои фарсоиш, эрозия, мавҷҳои ба соҳил латмазанандаи баҳр, фаъолияти пиряхҳою шамолҳои сахт ва обҳои зеризаминӣ ба Просессҳои экзогенӣ мансубият до­ранд. Просессҳои экзогенӣ якҷоя бо просессҳои эндогенӣ релефи Заминро ташаккул медиҳанд, …

Муфассал »

ПРОСЕССҲОИ ГЕОХИМИЯВӢ

slide0072-1

ПРОСЕССҲОИ ГЕОХИМИЯВӢ, просессҳои химиявии қишри Замин, ки дар шароитҳои эндогенӣ ва эк­зогенӣ ба вуқӯъ меоянд. Просессҳои эндогенӣ дар чуқуриҳои амиқ ҳангоми тағйирёбии доимии ҳарорату фишор ва набудани оксигени озод рӯй медиҳанд. Дар ибтидои просесси эпдогенӣ қишри Замин ба табақаҳои базалтӣ (поёнӣ) ва гранитӣ (болоӣ) ҷудо мешавад. Аз тағйирёбии магмаи базалтӣ …

Муфассал »

ПРОСЕССИ ХОКҲОСИЛШАВӢ

xok

ПРОСЕССИ ХОКҲОСИЛШАВӢ, ҳосилу барқароршавӣ ва таҳаввул (эволютсия)-и хок аз таъсири омилҳои табиӣ ва фаъолияти хоҷагии одам. Ниг. Хок.

Муфассал »

ПРОСЕССИ ТОМАС

thomas-process

ПРОСЕССИ ТОМАС, яке аз усулҳои бе сарфи сӯзишворӣ ба пӯлод табдил додани чӯяни гудохтаро гӯянд, ки соли 1878 металлурги англис С. Ҷ. Томас ихтироъ кардааст. Просесси Томас аввал дар Германия (1679) татбиқ ёфт. Дар Россия Просесси Томас солҳои 80 асри 19 (дар заводҳои Таганрог, Керч, Ма­риупол) ҷорӣ карда шуд. Конвер­тери …

Муфассал »

ПРОСЕССИ ТАСОДУФӢ

processi-tasodufi

ПРОСЕССИ ТАСОДУФӢ (про с есси эҳтимолӣ ё стохастӣ), просесси бо мурури замон тағйир ёфтани ҳолати ягон систе­маро гӯянд, ки вобаста ба иттифоқе ба тарзҳои гуногун ҷараён мегирад ва барояш эҳтимоли ин ё он ҷараён муқаррар шудааст. Ҳаракати броунӣ, ҷараёни турбулентии газу моеот, ҷараёнпи электрӣ ҳангоми дар занҷир воқеъ будани флуктуатсияҳои …

Муфассал »

ПРОСЕССИ ПОЛИТРОПӢ

process-politropi

ПРОСЕССИ ПОЛИТРОПӢ, чунин як тағйири ҳолати системаи физикиро гӯянд, ки зимни он гармиғунҷоиши система (с) доимӣ мемонад. Хати каҷе, ки дар диаграммаҳои термодинамикӣ Просесси политропӣро тасвирр ме­кунад, политропа ном дорад.

Муфассал »

ПРОСЕССИ ОКСИГЕНИЮ КОНВЕРТЕРӢ

process-ox-kon

 ПРОСЕССИ ОКСИГЕНИЮ КОНВЕРТЕРӢ, як навъ усули бе сарфи сӯзишворӣ ба пӯлод табдил додани чӯяни гудохтаро гӯянд, ки бо роҳи дар конвертер ба чӯян ҳам додани оксигени аз ҷиҳати техники соф ба амал бароварда мешавад. Дар конвертерҳо барои истеҳсоли пӯлод истифода бурдани оксигенро соли 1876 металлурги рус Д. К. Чернов таклиф …

Муфассал »

ПРОСЕССИ МАРКОВ

process-markov

ПРОСЕССИ МАРКОВ, просессҳои махсуси тасодуфиеро гӯянд, ки дар соҳаҳои гуногуни табиатшиносӣ ва техника татбиқ ёфтаанд. Коҳидани моддаи радиоактивро чун мисоли Просесси Марков муоина кардан мумкии аст. Назарияи Просесси Марков дар асоси тадқиқоти математики рус А. А. Мар­ков (1856—1922), ки соли 1907 асоси системаҳои бадалиро гузоштааст, ба миён омад. Соли 1930 …

Муфассал »