Маълумоти охирин
Главная / Теги: парранда

Теги: парранда

САНГХОР

sangxor

САНГХОР, сангхӯрак, паррандак ботлоқии сиёҳранги дарознӯл ва тоҷдорест, ки сангмайда мехӯрад.

Муфассал »

ШОҲБОЗ

shohboz

ШОҲБОЗ, шаҳбоз (Falco cher rug), паррандаи соҳибчанголест аз оилаи боз. Дарозии танааш то 60 см, боли кушодааш то 130 см. Болу пари тахтапушташ бурӣ хокистарранг, парҳои шикамаш алобуло. Дар минтақаҳои дашту бешадашт ва куҳҳои Европаи Ҷан. Шарқӣ ва Осиё лона мегузорад. Зимистонро дар ноҳияҳои ҷануб, Ҳиндустон ва Африка мегузаронад. Ш. …

Муфассал »

ЧУҒЗ

chughz

ЧУҒЗ, чуғд (Sirigifonnes), паррандаест бадовози аз бум хурдтар. Дарозии баданашон аз 12,8 то 70 см. Чуғзи модина аз наринааш калонтар аст. Асосан шабона мепарад. Пойҳои бақувват ва чанголи тез дорад. Нулаш калони тез ва нӯгкаҷ; болу парашон нарм, асосан бӯрранг ё зардча. Аксари Чуғзҳо паррандагони муқимианд. Дар ковокии дарахт, шах, …

Муфассал »

ЧАНГОЛ

changol

ЧАНГОЛ, чангал, чангул, як навъ ҳосилаи шохини пӯстро гӯянд, ки дар нӯги ангуштони ҳайвоноти мӯҳрадори хушкигард мавҷуд аст. Дар обхокиҳо Чангол аз қабати шохини ғафси эпидермис иборат мебошад. Чангол хоси ҳамаи паррандаҳо ва аксар хазандаю ширхӯрҳо буда, барои ҳаракат, муҳофизат ва ҳамла истифода мешавад. Дар ширмакҳои хазанда он тезу боқувват, …

Муфассал »

МУСИҚОР

musikor

МУСИҚОР (Menuridae), як оилаи паррандаҳост аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш (якҷоя бо думаш) 75—130 сантиметр; параш хокистарранги сиёҳтоб аст. Як ҷинс (Menura) ва 2 намуди М.усиқор (Мусиқори novachollandiae ва Мусиқори alberti) дар Австралияи Ҷануби Шарқӣ паҳн шудааст; ба ҷазираи Тасмания соли 1934 овардаанд. Мусиқор дар ҷангалзорҳои сердарахт зиндагь мекунад. Дар …

Муфассал »

МУСИЧА

streptopelia

МУСИЧА (Streptopelia), як ҷинси паррандаҳост аз оилаи кафтарҳо. Дарозии танаш 14—30 сантиметр, думаш дароз, пойҳояш кӯтоҳ, дар гарданаш доғи сиёҳ дорад. Параш бӯр ё хокистарранги сурхтоб аст. Дар Европа, Осёб ва Америкаи Шимолӣ паҳн шудааст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР 5, аз ҷумла дар Тоҷикистон 3 намудаш (шоҳмусича, Мусичаи …

Муфассал »

МУРҒОБИҲО

murgobi

МУРҒОБИҲО (Anatidae), як оилаи паррандаҳои обиро гӯянд, ки ба қатори қозшаклҳо мансубанд. Дарозии танаашон 29—150 сантиметр. Панҷа- ҳои пояшон бо парда пайваст шудаанд. Парҳояшон зичи сафед, ҷигарӣ, бӯр ва сиёҳ аст. Аксари Мурғобиҳо хеле хуб парвоз карда ва ба об ғута за­да метавонанд. Ба Мурғобиҳо қу, қоз, мур­ғобӣ ва казарка …

Муфассал »

МУРҒИ ҲИЛОЛ

murgi-hilol

МУРҒИ ҲИЛОЛ, кабки ҳилол ҳулол (Tetraogallus), ҷинси паррандаҳои мурғмонанди мансуби оилаи тазарвиҳо, Дарозии баданаш 50- 70 сантиметр, калонҷусса, пойҳояш бақувкат. Мурғи ҳилол дар баландкӯҳҳои Кавказ, Си­бири Ҷанубӣ, Осиёи Хурд, Миёна ва Марказӣ зиндагӣ мекунад. Ҳамаи 5 намуди Мурғи дҳилол: кавказӣ (Т. caucasicus; асосан қаторкӯҳҳои Кавказ); каспигӣ (Т. caspius; Арманистону Кабуддоғ); …

Муфассал »

МУРҒИ ТӮФОН

murgi-tufon

МУРҒИ ТӮФОН як ҷинси паррандаҳои баҳриро гӯянд, ки ба Procellaridae мансуб аст. Дарозии танаш 55—105 сантиметр. Болҳои да­рози борик ва тез, нӯли чангакшакл, панҷаҳои дарози дорои пардаи шиноварӣ, пару боли зичи нуқратоб ё бӯр дорад. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР 13 намуд, аз ҷумла 4 намуди лонагузораш дар содилҳои …

Муфассал »