Маълумоти охирин
Главная / Теги: оҳанг

Теги: оҳанг

САҚИЛ

surud-nota

САҚИЛ (арабӣ — вазнин, гарон), оҳангест дар қисми охирини мушкилоти ҳар як мақоми «Шашмақом». Сақил асосан бо танбӯр ва ё ансамбли асбобҳои халқӣ вазнин ва оҳиста-оҳиста иҷро мешавад. Сақил дар қисми созӣ ҳамчун шакли рондо маъмул шудааст (яъне шакле, ки дар он пас аз пайдо шудани мавзӯи нави мусиқӣ мавзӯи …

Муфассал »

Оҳанги «САРВИ БӮСТОН»

surud-nota

«САРВИ БӮСТОН»1) оҳанги мавсимӣ — маросимии қадимӣ, ки Накисои Чангӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз эҷод намудааст. 2) Гӯ- шаи созӣ дар шӯъбаҳои «Наврӯзи Хоро», «Наврӯзи Бузург» ва «Нав- рӯз»(«Дувоздаҳмаком»). «Сарви бӯстон» дар қисмати хотимавии ин шӯъбаҳо барои таҳрири қисмати созӣ истифода мешавад. А. Раҷабов.

Муфассал »

Оҳанги «САРБОЗИ»

nota-2

«САРБОЗИ», Сарбозча, Сарбоз, оҳанги халқии тоҷикист, ки рӯҳи ҷанговарона ва ҳарбӣ дорад. «Сарбози» дар ченакн 4/4-и усули доираи «Соқинома» иҷро гардида, зарбаш қадамзании ҷанговаронаи ҳарбиёнро ифода мекунад. Ин оҳанг бо созҳои якка ва ансамблҳои гуногун навохта мешудааст ва як навъи суруд низ будааст. Баъзе оҳангҳои «Сарбози» бо таронаи якуми «Навои …

Муфассал »

«САРВИ СИҲӢ»

nota-2

«САРВИ СИҲӢ» оҳанги (таронаи) қадимист, ки онро дар аҳди Сосониён Борбади Марвӣ тасниф кардааст. «Сарви сиҳӣ” ба гурӯҳи таронаҳои силсилаи «Сарв» мансуб аст.

Муфассал »

Оҳанг «РУМӢ»

nota-2

«РУМӢ» оҳанг, суруди қадимае, ки гӯё Ҷалолуддини Румӣ ба¬рои аҳли тасаввуф эҷод намудааст ва он дар байни дарвешон бо номи «Нақши Румӣ» низ маъмул будааст. Ин суруд то асрҳои 10—17 дар Мовароуннаҳру Хуросон машҳур будааст. Румӣ дар ҷамъомадҳои сӯфиён иҷро шуда, матни он бештар оҳанги ахлоқӣ — фалсафӣ доштааст. А. …

Муфассал »

Оҳанги “РОҲИ ҶОМАДАРОН”

surud-nota

“РОҲИ ҶОМАДАРОН” яке аз оҳангҳои қадимии мавсимию маросимиест, ки дар аҳди Сосониён ҳофиз, бастакор, навозандаи мумтоз Накисои Чангӣ тасниф намудааст. Маъхазҳои қадима маълумот медиҳанд, ки Накисои Чангӣ ин оҳангро барои Хусрави Парвиз эҷод карда аст. «Роҳи ҷомадорон» дар луғати «Бурҳони қотеъ» чунин маънидод шудааст: «Савтест аз таснифоти Накисои Чангӣ. Гӯянд …

Муфассал »

«РОМИШ»

nota-2

«РОМИШ» Ромишхор 1) оҳанги қадимии мавсимӣ-маросимист, ки аз тарафи ҳофиз ва бастакори номии аҳди Сосониён Борбади Марвӣ эҷод шудааст. Баъзе маъхазҳо «Ромиш»-ро эҷоди мутриби дигари он замон Ромтин ё Ромини Чангӣ донистаанд. «Ромиш» мусиқиест, ки ба шунаванда оромӣ ва ҳолати сархушӣ мебахшад. 2) Гӯшаи мусиқист дар таркиби «Дувоздаҳмақом». А. Раҷабов.

Муфассал »

«РОКИ ҲИНДӢ»

surud-nota

«РОКИ ҲИНДӢ» 1). оҳанг ва сурудест мансуб ба мардуми ҳинд. 2) Шӯъбаи созй дар мақоми «Рости Панҷгоҳ» («Ҳафтдастгоҳи эронӣ), ки пас аз шӯъбаи «Фаранг» якҷоя бо шӯъбаҳои «Роки Абдуллоҳ», «Роки Кашмир», .«Нагмаи рок» меояд ва аз ҷиҳати мавзӯъ, сохту услуби зарбӣ ба ин шӯъбаҳо қаробат дорад. 3) Шӯъбаи овозӣ дар …

Муфассал »

«РОКИ КАШМИР»

nota-2

«РОКИ КАШМИР» 1) оҳангест мансуб ба мардуми Кашмир. Шӯъба дар мақоми «Моҳур», ки аз ду қисм иборат аст: муқаддимаи .«Роки Кашмир» ва хотимаи «Роки Кашмир» 3) Шӯъбае дар мақоми «Рости Панҷгоҳ», кипас аз шӯъбаи) «Чаҳормизроб» иборат аз ду қисмат амал мекунад. Дар ин мақом низ «Роки Кашмир» бо муқаддима ва …

Муфассал »