Маълумоти охирин
Главная / Теги: оилаи растанӣ

Теги: оилаи растанӣ

ХАШХОШИҲО

pixabay1_d_850

ХАШХОШИҲО, кӯкнориҳо (Рараvегасеае), як оилаи растаниҳои дупалларо гӯянд. Xашхошиҳо асосан гиёҳҳои яксолаву бисёрсола, баъзан нимбуттаву бутта ва дарахтони хурд (масалан Dedromekon, Воссоnia агborea) мешаванд. Дар узвҳои хашхошиҳо шираи ширмонанд ҳосил мешавад. Xашхошиҳо одатан гулҳои калон, 4—6 (баъзан то 16)-барга, ғӯзаи сертухм ва тухми майда доранд. Xашхошиҳо 25 ҷинсу 450 намуд …

Муфассал »

ТУРШАКИҲО

trshak

ТУРШАКИҲО, шабдартуршакиҳо (Охаlidaciae), як оилаи растаниҳои дупаллагиро гуянд, ки асосан гиёҳҳо, баъзе нимбуттаву буттаҳо ва дарахтони хурдро дар бар мегиранд. Барги онҳо панҷащакл ё пармонанд буда, дар шоху навдаҳо пай дар ҳам ҷой гирифтаанд. Гули дуҷинса, меваи «чормағзак» доранд. Туршакиҳо растаниҳои доруӣ, асаловар ва ғизоианд. Барги баъзе уршакиҳо сервитамин (витамини …

Муфассал »

ТАТУМИҲО

tatum

ТАТУМИҲО, тотумиҳо, татмиҳо (Аnасаrсuасеае), як оилаи растаниҳост, ки ба он буттаву дарахтони ҳамешасабз ё хазонрез ва баъзе лианаҳо мансубанд. Барги онҳо содда ё мураккаби пармонанд буда, дар танаву шохҳо пай дар ҳам ё мутақобил ҷойгиранд. Гули майда, 3—5, баъзан 7— баргаи бештар якҷинса ва баъзан дуҷинса, меваи донакмонанд ё чормағз …

Муфассал »

ШОҲТАРАИҲО

shohtaraiho

ШОҲТАРАИҲО, шотараиҳо  (Fumariaceae), як оилаи растаниҳои дупалларо гӯянд. Ш. қариб 400 намуд (16 ҷинс)-и гиёҳҳоро дарбар мегиранд. Барги онҳо одатан чок-чок аст; баргҳо дар бехи поя ё поя (пайдар ҳам ё рӯ ба рӯ) ҷой мегиранд. Гули майдаи базеб. 4-барга (2-то аз дарун ва 2-то аз берун ҷойгиранд), дуҷинса, руяки …

Муфассал »

ШАНҶАРИҲО

Шанҷар

ШАНҶАРИҲО (Boraginaceae), як оилаи растаниҳои дупалларо гӯянд, ки гиёҳҳои яксолаю бисьёрсола, буттаҳо, дарахтон ва баъзе лианаҳоро дар бар мегиранд. Қариб 100 ҷинс (бештар аз 2000 намуд)-и Шанҷариҳо дар тамоми кураи замин (асосан дар минтақаҳои иқлимашон мӯътадили б. Миёназамин, Осиёи Ғарбӣ ва Марказӣ ва ғ.) месабзанд. Дар СССР қариб 60 ҷинс …

Муфассал »