Маълумоти охирин
Главная / Теги: Нуҷум

Теги: Нуҷум

Бурҷи САРАТОН

burjho

САРАТОН (арабӣ, харчанг; лотинӣ Сапсег, русӣ Рак), бурҷи чорум аз бурҷҳои дувоздаҳгона. Равшаноии муниртарин ситорааш ба 3,5 қадри ситоравии зоҳирӣ баробар аст. Дар бурҷи Саратон тарокуми мансураи ситораҳои М 44 воқеъ гардидааст. Ду ҳазор сол қабл аз ин инқилоби зимистонаи Офтоб дар ҳамин бурҷ ба амал меомад. Аз ин ҷост, …

Муфассал »

САЛҲ

САЛҲ (арабӣ — пӯст кандан, пӯстканӣ), дар илми нуҷум рӯзи охирини моҳи қамариро номанд; рӯзест, ки богоҳии он моҳи нав мушоҳида мешавад. Май нӯш, ки баъд аз мануу ту моҳ басе. Аз салх ба ғурра оид, аз ғурра ба салх. (Хайëм).

Муфассал »

ТИТАН

ТИТАН, номи радифи сайёраи Зуҳал. Диаметраш тақрибан ба 5 ҳазор км баробар буда, аз маркази сайёра ба ҳисоби миёна дар масофаи 1223 ҳазор км воқеъ аст. Соли 1655 X. Гюйгенс кашф кард. Нигаред низ Радифони сайёраҳо.

Муфассал »

ТЕФИЯ

tefiya

ТЕФИЯ, радифи сайёраи Зуҳал. Диаметраш тақрибан ба 1000 км, масофааш аз маркази сайёра ба 294800 км баробар аст. Тефияро соли 1684 астрономи франсавӣ Ҷ. Кассини кашф кардааст. Даври гардиши синодиаш 1 шаборӯзу 21 соату 19 дақиқа. Нигаред низ Радифони сайёраҳо.

Муфассал »

ТЕРМИНАТОР

ТЕРМИНАТОР (аз лотинӣ ( ҳад мегузорам, чудо мекунам), ҳадест дар қурси сайёраҳо ё радифи маснӯъ, ки нимкураи равшани сайёраро аз нимкураи торики он ҷудо мекунад. Дар нуқтаҳои сатҳи сайёра ё радифи маснӯъ, ки дар ян хати терминатор ҷойгиранд, Офтоб ё тулӯъ (терминатори субҳ) ва ё ғуруб (терминатори шом) мекунад. Ба …

Муфассал »

ТАСНИФИ СПЕКТРИИ СИТОРАҲО

star-sitora

ТАСНИФИ СПЕКТРИИ СИТОРАҲО, вобаста ба фарқи спектрҳо ба синфҳо ҷудо кардани ситораҳоро гӯянд. Алҳол тақсимоти спектрии Ҳарвард қабул шудааст, ки онро астрономи америкоӣ Э. Кэннон дар ибтидои асри 20 пеш ниҳодааст. Меъёри асосии ин тасниф интенсивияти хатҳои спектрии атомӣ ё рахҳои молекулавӣ меоошад; тақсимоти энергия бошад, дар спектри яклухти ситораҳо …

Муфассал »

ТАРОКУМИ СИТОРАҲО

star-sitora

ТАРОКУМИ СИТОРАҲО (арабӣ ҷамъ шудан), як гурӯҳ ситораҳоеро гӯянд, ки байни худ бо қувваҳои ҷозиба алоқаманд буда, якҷоя пайдо шудаанд ва аз ҷиҳати таркибӣ химиявиашон ба ҳам монанданд. Одатан зичии ситораҳо дар маркази тарокуми ситораҳо зиёд буда, ба қадри дуршавӣ аз он кам мешавад. Тарокуми ситораҳо манзума (куравӣ) ва мансура …

Муфассал »

ТАРКИШИ БУЗУРГ

kayhon

ТАРКИШИ БУЗУРГ, аз мафҳумҳои асосии косамологияи релятивист, ки сароғози таҳаввули материяи кайҳониро ифода мекунад; дар ибтидои солҳои 30 ҳамроҳа ба баррасии ҷиҳати космогонии модели релятивистии Коинот ташакул ёфтааст (Ж. Леметр, солҳои 1027—31). Бино ба амсилаи космогонии Леметр, Коинот аз се зинаи таҳаввул гузаштааст. Аввал материяи кайҳонӣ, ки аз азал дар …

Муфассал »

РАВШАНОИИ СИТОРА

sitora

РАВШАНОИИ СИТОРА , қувваи рӯшноии ситора, яъне бузургии се­ли рӯшноии ситора, ки ба кунҷи фазавии воҳидӣ мувофиқ меояд. Истилоҳи «Равшаноии ситора» ҳаммаънои истилоҳи «равшаноӣ»-и фотомстрияи умумӣ нест. Равшаноии ситора одатан бо воҳидҳои равшаноии Офтоб, ки ба 3.1027 шамъи байналхақӣ (3, 8.1033 эрг/сон) баро­бар аст, ифода мешавад. Равшаноии баъзе ситораҳо аз …

Муфассал »

ПРОТУБЕРАНСҲО

protuberancho

ПРОТУБЕРАНСҲО (ном Protuberanzen, аз лотинӣ protubero — ҳам мекунам), ташкилаҳои рахшонеанд, ки аз газҳои тафсон иборат буда, дар канораҳои кураи Офтоб намудор мешаванд. Протуберансҳоро ҳангоми ба қурси Офтоб проектиронидан ба намуди рахҳои тира падидор мегарданд. Ниг. низ Офтоб.

Муфассал »