Маълумоти охирин
Главная / Теги: Нерӯгоҳи барқӣ

Теги: Нерӯгоҳи барқӣ

СТАНЦИЯИ ЭЛЕКТРӢ

electrostancia

СТАНЦИЯИ ЭЛЕКТРӢ, истгоҳи барқӣ, электростансия, корхонаест, ки энергияи электр ва дар мавридҳои ҷудогона энергияи гармӣ низ (ТЭЦ) истеҳсол мекунад; аз маҷмӯи таҷҳизоту дастгоҳҳо ва биною иншооте иборат аст, ки бевосита барои истеҳсоли энергия истифода мешаванд. Вобаста ба манбаи энергия стансиҳои электриро ба навъҳои зерин ҷудо мекунанд: ҳароратӣ (паротурбинӣ, газотурбинӣ, дизелӣ), …

Муфассал »

Нерӯгоҳи барқии ҳароратӣ (ТЭС)

tes

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ҲАРОРАТИ (ТЭС), исттоҳи барқиест, ки энергияи ҳароратии сӯзишвориро ба энергияи электр табдил медиҳад. Стансияи электрии ҳарорати ду навъ мешавад: станцияи электрии конденсационӣ (фақат барои истеҳсоли энергияи электр хизмат мекунад) ва станцияи электру гармӣ (ҳам энергияи электр ва ҳам буғу оби гарм истеҳсол мекунад). Аввалин Стансияи электрии ҳарорати дар …

Муфассал »

Нерӯгоҳи барқии обӣ (НБО – ГЭС)

ges

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБӢ, истгоҳи барқи обӣ, гидроэлектростанция (ГЭС), маҷмӯи иншооту таҷҳизотест барои ба энергияи электр табдил додани энергияи ҷараёни об. Иншооти асосии ГЭС инҳоанд: а) сарбанд, ё худ иншооте, ки маҷрои дарёро баста, фишори даркорӣ ҳосил мекунад; б) канали деривасионӣ барои ба бинои ГЭС расондани об, ғулбаҳои тазйиқии обгузар, олоту …

Муфассал »

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ХОРУҒ

ges-khorugh

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ХОРУҒ, яке аз истгоҳҳои барқии обии Тоҷикистон буда, дар дарёи Ғунд солҳои 1965—72 сохта шудааст. Стансияи электрии обии Хоруғ 5 агрегат дорад: иқтидори умумиашон 900 ҳазор кВт. Агрегатҳои якуму дуюм соли 1970, сеюм соли 1971, чоруму панҷум соли 1972 ба кор даромаданд. Стансияи электрии обии Хоруғ то …

Муфассал »

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ҚАЙРОҚҚУМ «ДӮСТИИ ХАЛҚҲО»

ges-dustii-khalkho

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ҚАЙРОҚҚУМ «ДӮСТИИ ХАЛҚҲО», яке аз истгоҳҳои барқии обии Осиёи Миёна буда, дар дарёи Сир солҳои 1951— 57 сохта шудааст. Стансияи электрии обии Қайроқум 6 агрегат дорад; иқтидори умумиашон 126 ҳазор кВт аст. Гидроузели Стансияи электрии обии Қайроқум аз сарбанди бетонии обфаро, сарбанди хокӣ (маҷрои асосии дарё ва …

Муфассал »

СТАНЦИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ФАРҲОД

ges-farhod

СТАНЦИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ФАРҲОД, ГЭС-и Фарҳод, истгоҳи барқии обист, ки дар дарёи Сир (вилояти Сирдарёи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Ӯзбакистон) сохта шудааст. Соле ба ҳисоби миёна 825 млн кВт с қувваи электр истеҳсол мекунад. Дар бинои Стансияи электрии обии Фарҳод гидроагрегатҳои 30 ва 33 ҳазор кВт қуввадошта гузошта шудааст. Сохтмони Стансияи …

Муфассал »

Нерӯгоҳи Барқии Обии НОРАК

ges-norak2

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ НОРАК, яке аз калонтарин истгоҳҳои барқии СССР буда, дар дарёи Вахш дар тангнои Пули Сангин, наздики шаҳри Норак солҳои 1961—79 сохта шудааст. Иқтидори умумиаш 2700 МВт буда, соле 11,4 млрд кВт с қувваи электр медиҳад. Дар бинои станция 9 агрегат гузошта шудааст; иқтидори ҳар кадомаш 300 ҳазор …

Муфассал »

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ КРАСНОЯРСК

ges-krasnoyarsk

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ КРАСНОЯРСК ба номи 50-солагии СССР, яке аз калонтарин истгоҳҳои барқии обии ҷаҳон буда, солҳои 1955—71 дар дарёи Енисей наздикии шаҳри Дивногорск сохта шудааст. Иқтидораш 6000 МВт. Соле ба ҳисоби миёна 20,4 млрд кВт с электр медиҳад. Соли 1976 бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шуд.

Муфассал »

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ВОЛГА ба номи Съезди 22-юми КПСС

ges-volga-22

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ВОЛГА ба номи Съезди 22-юми КПСС, яке аз калонтарин истгоҳҳои барқии ҷаҳон буда, солҳои 1951—62 дар поёноби дарёи Волга, шимолтари шаҳри Волгоград сохта шудааст. Иқтидораш 2541 МВт, соле ба ҳисоби миёна 11,1 млрд кВт с қувваи электр медиҳад.

Муфассал »

СТАНЦИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ВОЛГА ба номи В. И. Ленин

ges-volga-lenin

СТАНЦИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ВОЛГА ба номи В. И. Ленин, истгоҳи барқист, ки солҳои 1950—57 дар дарёи Волга болотар аз шаҳри Куйбишев сохта шудааст. Иқтидораш 2300 МВт. Соле 11 млрд кВт-с қувваи электр медиҳад. Соли 1966 бо ордени Ленин мукофотонида шуд.

Муфассал »