Маълумоти охирин
Главная / Теги: Муруд

Теги: Муруд

САФЕДМУРУД

murud

САФЕДМУРУД, як навъ муруди маҳаллӣ. Дарахташ сершоху сербарг, то 10—19 метр қад мекашад. Пӯстлохи танаву шохҳояш хокистарӣ; баргаш калон (дарозиаш 7—8 сантиметр, бараш 5—6,5 сантиметр), дилшакл, дандонадор; мевааш миёна (вазни як донааш 55—61грамм), пӯсташ нисбатан тунуки зардтоб, мағзаш Сафедтоб, камоб, хушбӯй, ширин ё нордон, то 9,85% қанд, 0,15 —0,16% ҷавҳар, …

Муфассал »

ХАСАКМУРУД

murud

ХАСАКМУРУД, муруди хасак, як навъ муруди маҳаллист. Дарахташ то 9 м қад мекашад. Мевааш байзашакл (андаряк 55—60 г), пӯсташ тунуки ҷилодори зардтоб, сероби ширин; охири август мепазад. Ниҳоли хасакмуруд баъди 7—8 соли кӯчат ба ҳосил медарояд. Онро асосан дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон мепарваранд. Адабиёт: Қосимов М., Навъҳои маҳаллии мурӯду нокҳо, …

Муфассал »

ТУРШМУРУД

murud

ТУРШМУРУД, турушмурӯд, як навъ мурӯди маҳаллист. Дарахташ аз 7 то 16 м қад мекашад. Пӯстлохи тана ва шохҳои ғафсаш хокистарии сиоҳтоб, шохҳои борикаш бӯртоб, баргаш байзашакл (дарозиаш 8 см, бараш 4 см), мевааш лӯнда (апдаряк 81 г), пӯсташ ғафсу сахт ва ҷилодор, сабзтоб (тарафи офтобрасаш сурхи зардча), мағааш сафеди гулобитоб, …

Муфассал »

ШОҲМУРӮД

murud

ШОҲМУРӮД, як навъ мурӯди маҳаллист. Дарахташ аз 6 то 18 м қад мекашад. Пустлохи тана ва шохҳои ғафсаш хокистарранги сиёҳтоб, навдаҳои наврасаш ҷигарӣ, баргаш майда (дарозиаш 3—5 см, бараш 2—3,5 см), мевааш сабзи зардтоб (андаряк 60—6-4 г), пусташ тунук, сершираи ширин ё андак нордон, хуштаъму хушбуи (11,8% қанд, 0,35% туршӣ …

Муфассал »

ШАКИНГ

murud

ШАКИНГ, шакингмуруд (Ру-rus bucharica), як навъ муруди худрўест аз оилаи настаранҳо. Одатан то 6—8 м, баъзан 12—15м қад мекашад. Шакинг  дарахти серҳосил аст. бехи он то 152  кг ҳосил медиҳад. Танҳо дар Помиру Олой ва Тиёншон мерўяд. Дар Тоҷикистон (нишебиҳои ҷан. кўҳи Ҳисор, к-кўҳҳои Қаротегин, Пётри 1, Дарвоз, Ғозималик, Сарсарак, …

Муфассал »

ШАКАРМУРУД

murud

ШАКАРМУРУД як навъ муруди маҳаллист. Махсусан ду хели он (Шакрмуруди ғармӣ ва заҳматободӣ) маъмул аст. Шакармуруди заҳматободӣ навъи қадимаи муруд аст. Дарахташ 8—12 м қад мекашад. Мевааш калон (андаряк 166—170 г), лунда, пусташ зард, хушбўй, ширин ё андак нордон. Авв. моҳи сент. мепазад; 15—20 рўз нигоҳ доштан мумкин. Дарахти 40-солаи …

Муфассал »

СОҲИБИМУРУД

murut

СОҲИБИМУРУД, як навъи пешпазаки муруди маҳаллиро гӯянд. Сершоху барг буда, то 17 м қад мекашад. Пӯстлохи танаву шохҳои ғафсаш хокистарии сиёҳтоб, баргаш ҷигарӣ (дароаиаш 5,5—6,5 см, бараш 4—5 см), мевазш калон (вазни миёнаи як донааш 268 г), пӯсташ ғафс, камоб, ширин ё нордон, охирҳои август мепазад, дер намепояд. Тар ва …

Муфассал »