Маълумоти охирин
Главная / Теги: МОЛИЯ

Теги: МОЛИЯ

ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВӢ

moliya

ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВӢ, дар мамлакатҳои социалистӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва захираҳои молиявии корхонаҳо (иттиҳодияҳо) бебозгашт ҷудо намудани маблағҳои пулӣ барои тараққиёти хоҷагии халқ, чорабиниҳои иҷтимоию маданӣ, мудофиа ва дигар талаботи ҷамъиятиро гӯянд. Таъминоти молиявӣ мақсади муаяни қатъӣ дорад ва ба қадри иҷрои планҳои муқарраршуда, дар сурати риояи тартиби сарфакорӣ ва …

Муфассал »

СИСТЕМАИ МОЛИЯ

СИСТЕМАИ МОЛИЯ, 1) ба маънои васеаш маҷмуи соҳаҳои гуногуни муносибатҳои молиявиро гӯянд, ки тавассути онҳо истифодаи фондҳои пулӣ дар ин ё он форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ ба роҳ монда мешаванд. 2) Ба маънои маҳдудаш — системаи муассисаҳои молиявии мамлакат, ки дар ҷараëни таъминоти молиявию кредитӣ ҷамъоварии маблағҳои пулӣ ва тақсими онҳо, …

Муфассал »

СИЁСАТИ МОЛИЯВӢ

СИЁСАТИ МОЛИЯВӢ, маҷмӯи чорабиниҳоеро гӯянд, ки давлат барои ғун намудани захираҳои молиявӣ ва тақсиму истифодаи онҳо меандешад. Сиëсати молиявӣ соҳаи муҳими сиёсати ӣқтисодӣ буда, характер, моҳияти иҷтимоӣ ва доираи таъсири он ба инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолии ҷамъият, ба қонунҳои объективии инкишофи иқтисодӣ ва сохти ҷамъиятию сиёсии мамлакатҳо вобаста …

Муфассал »

МОЛИЯ

moliya

МОЛИЯ (ар. — сарват, дороӣ, нақдина), системаи муносибатҳои иқтисодӣ, ки бо мавҷудияти давлат ва фароҳамории фонди захираҳои пулӣ барои иҷрои вазифаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ зарур бевосита алоқаманд аст. Асоси моддии Моликонаро фонди воситаҳои пулӣ ташкил медиҳад, зеро он бо муомилоти пул зич алоқа дорад. Аммо Молия на пул, балки муносибатест, …

Муфассал »

БОЗОРИ МОЛИЯВӢ

bozori-moliyavi

БОЗОРИ МОЛИЯВӢ, низоми муносибатҳоест, ки дар он аз нав тақсим кардани захирахои молиявӣ тавассути миёнаравони молиявӣ сурат мегирад. Бозори молиявӣ аз бозори сар­моя ва бозори пул иборат мебошад. Дар Бозори молиявӣ гардиши сармоя, пешниҳоди қарз, амалиёти табодули пул ва воридсозии маблағхои молиявӣ дар истеҳсолот ба амал ме­ояд. Маҷмӯи талаботу пешниҳодот …

Муфассал »