Маълумоти охирин
Главная / Теги: минерал

Теги: минерал

САНИДИК

sanidik

САНИДИК (аз юнонӣ зашбаз — тахта; аз сабаби ҳамвору тахтамонанд будани кристаллҳояш чунин номидаанд), минерали ҷинсофарин, шпати даштии баландҳарорати калийдор К(А151308]; аз 100 то 37% калий, ба миқдори гуногун А1 ва 3» дорад. Дар таркибаш то 5% ^а20 ва баъзан ВаО низ ҳаст. Системак кристаллбандиаш моноклинӣ. Кристаллҳояш беранг ё шаффофи …

Муфассал »

САНГҲОИ РЕЗАКОРӢ

59085282

САНГҲОИ РЕЗАКОРӢ, минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳии хушрангу зебоеро гӯянд, ки барои резакориҳои бадеию ороишӣ (хотамкорӣ, сохтани гулдонҳо, ҳар гуна маснуоти заргарӣ ва ғайра) истифода мешаванд. Сангрезаҳои резакорӣ аз рӯи хусусиятҳои физикию механикиашон с а х т (сахтиашон мувофиқи шкалаи минералогӣ 5 ва аз он боло, аз қабили нефрит, яшм, ақиқ …

Муфассал »

САНГИ ЧАҚМОҚ

336_kremen

САНГИ ЧАҚМОҚ, чақмоқсанг, минералест, ки аз дуоксиди силисии кристаллӣ ва аморфӣ (опал, халседон ё кварс) таркиб ёфтааст. Дар байни оҳаксанг ва таҳнишастҳои давраи табошир дар шакли конкресия ва қабатҳо вомехӯрад. Санги чақмоқ дар натиҷаи диагенези таҳнишастҳо, категенези ҷинсҳои кӯҳӣ ва фарсоиш ба вуҷуд меояд. Сахтиаш 7. Бинобар қирраҳои тез доштанаш …

Муфассал »

САНГИ МОҲТОБӢ

САНГИ МОҲТОБӢ, минералест аз гурӯҳи шпатҳои даштӣ. Сахтиаш 6; зичиаш 2560 килограмм/метр3. Аксари Санги моҳтобӣ нимшаффофи кабудтоб аст. Кристаллҳояш призмашакл. Санги моҳтобӣ якҷоя бо кварс, абрақ, минералҳои нодир (забарҷад, турмалин) дар пегматитҳо ё рагҳои типи алпӣ вомехӯрад. Кони навъҳои беҳтарини Санги моҳтобӣ дар Шри- Ланка ва Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ …

Муфассал »

РОДОХРОЗИТ

ro

РОДОХРОЗИТ (аз юнонӣ rhodon — гули садбарг ва chrosis — ранг), шпати мангал, минералест аз синфи карбонатҳо. Формулаи химиявиаш МnСОз. Дар таркибаш 61,71% МnО ва 38,29% СO2 инчунин омехтаҳои Fe, Mg, Zn, баъзан Со дорад. Системаи кристаллбандиаш тригоналӣ; кристаллҳояш ромбоэдрӣ, камёфт. Аксар вақт агрегатҳои ка¬лони донадор ҳосил мекунад. Ран¬гаш гулобӣ, …

Муфассал »

ХАЛКОЗИН

xalkozin

ХАЛКОЗИН, (аз юнонӣ сhalcos — МИС), ҷилои мис, минералест аз синфи сулфидҳо. Таркиби химиявиаш Сu2S; омехтаҳои Аg, баъзан Ғе, Со, Ni, Аs дорад. Рангаш хокистарии сурбмонанд. Ҷилояш металлӣ; мурт. Сахтиаш 2,5—3; зичиаш 5,5—5,8 г/ см3. Қувваи электрро нағз мегузаронад. Xалкозин маъдани мис мебошад.

Муфассал »

ХАЛКОПИРИТ

xalkopirit

ХАЛКОПИРИТ (аз юнонӣ сhalcos — мис ва пириг), колчедани мис, минерал, сулфиди мис ва оҳанро гӯянд; СиҒеS; 34,57% мис, 30,54% оҳан ва 34,9% сулфур дорад. Омехтаҳояш: Аg, Zn, Аu, Аs, Sе, Sn. Одатаи дар шакли массаҳои кристалли ва зарраҳои калон вомехӯрад. Рангаш зарди биринҷӣ. Ҷилояш металлӣ. Сахтиаш 3—4, зичиаш 4,1 …

Муфассал »

ХАЛЦЕДОН

khalcedon

ХАЛЦЕДОН (аз номи шаҳри қадимии Халкедон — Сhalkedon дар соҳили баҳри Мармар), минерал, навъи нимшаффоф ва микрокристаллии кварц. Дар таркибаш омехтаҳоя Ғе3+, А13+, то 1—1,5% об ва ғайра дорад. Сохташ нахдор. Рангаш сафед, хокистарӣ, бӯр, кабуд, сабз, зардча, сурхча ва ғайра. Баъзан рах-рах, доғдор ё нақшдор мешавад. Xалседон минерали бисёр …

Муфассал »

ФЛЮОРИТ

kamen-flyuorit

ФЛЮОРИТ (аз лотинӣ fluor— ҷараён), шпати гудозиш, миноралест аз синфи фторидҳо, СаҒ2. Шакли кристаллҳояш кубист. Сахтиаш 4; зичиаш 3,2 г/см3. Омехтаҳояш Y, ТR, U аст, ки ба Флюорит ранги бунафш, сабз ва зард медиҳад; Флюорити шаффоф ниҳоят кам аст. Флюоритро дар металлургия ба сифати флюс, дар саноати химия барои гирифтани …

Муфассал »

ФЛОГОПИТ

flogopit-5

ФЛОГОПИТ (аз юнонӣ рlogopos) — оташбор, дурахшон), минералест аз гурӯхи абрақҳо. Таркиби химийвиаш К (Мg, Ғе)3 [АISiО10] (ОН, Ғ)2. Дар системаи моноклинӣ кристалл мебандад. Ранги кристаллҳояш бӯр, сабз, сиёҳ. Кристаллҳояш тахтамонанди призмашакл, агрегатҳояш пулакчамонанд. Сахтиаш 2,5—3; зичиаш 2,7—2,9 г/см3. Асосан дар скарнҳои магнезиалӣ, карбонатҳо ва ҷинсҳои ишқории ултраасосӣ вомехӯрад. Бинобар …

Муфассал »