Маълумоти охирин
Главная / Теги: Меваҳо

Теги: Меваҳо

Ангури ШИРОБАК

angur

ШИРОБАК, як навъ ангури маҳаллист. Токаш нисбатан тезсабз. Баргаш 5-парра (баъзан 3-парра), хушааш андаряк 250—300 г, донааш мудаввар, сабз ё сабзи зардтоб, сероб (қандаш 20,8%), пусташ нисбатан ғафс (2—4-то тухм дорад). Даври нашваш 140— 145 рӯз. Аз ҳар га токзори Ш.то 120 ц ҳосил меғундоранд. Барои тархурӣ ва майкашӣ истифода …

Муфассал »

СИЁҲОЛУ

СИЁҲОЛУ, як навъ олуи маҳаллиро гӯянд. Асосан дар районҳои шимоли Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон (вилояти Ленинобод) ва Республикаи Советӣ Сотсиалистии Ӯзбекистон мепарваранд. Сиëҳолу навъи серҳосил ва дерпаз аст. Ҳаҷми мевааш миёна, рангаш бунафши баланд, мағзаш зард, таъмаш вордон. Барои тархӯрӣ, хушкондан ва консерв истифода мебаранд.  Нигаред низ Олу. У. Эшонқулов.

Муфассал »

Абдуллогӣ

abdullogi

Абдуллогӣ, навъе аз зардолуҳои маҳаллӣ. Дарахташ зудсабз (то 10-12 м қад мекашад), сербар, танааш ғафс (қутраш 120 — 130 см), навдаҳояш сурхтоб. Баргаш (ҳаҷмаш 45×36 мм) дилшакли нӯгтез, дандонадор, туртури сабз. Аввали апрел гул мекунад. Мевааш лунда (вазнаш 35-40 г), зарди норинҷӣ, пӯсташ ғафси пашмакдор, хамирак ва сергушт. Донакаш калон- …

Муфассал »

Ношпотӣ

0

Ношпотӣ, ношпӯтӣ, нӯшпот ӣ, як навъ мурӯд. Баландии дарахташ 7—9 м. Баргашm калол (дарозиаш ба ҳисоби миёна 10—13 см, бараш 5,5—6 cm)l байзашакли дарозрӯя, мевааш лунда ё байзашакл (вазни як донааш 80—85 г), пӯсташ тунук, сахт, ширину нордон, хушбӯй, сершираву хуштаъм буда, 9,85% қанд, 0,15% ҷавҳар ва 1 мг% витамини …

Муфассал »