Маълумоти охирин
Главная / Теги: Мардум

Теги: Мардум

БОШҚИРДҲО

bashkirtsi

Б0ШҚИРДҲ0 (худ башкорт мегӯянд), мардуме дар Руссия. Аҳолии муқимии Бошқирдистон дар Федератси­яи Руссия. Дар вилоятҳои Челябинск, Оренбург, Перм, Қурғон, Свердловск, Тюмен ва Саратов зиндагӣ мекунанд. Забонашон бошқирдӣ. Бошқирдҳо дар Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистан ва Қирғизистону Тоҷикистон низ ҳаёт ба сар мебаранд. Қисме аз онҳо дар Украина низ маскунанд. Асосан ба ду …

Муфассал »

БОЗХОНДИ ВАКИЛИ МАРДУМӢ

vakilon

БОЗХОНДИ ВАКИЛИ МАРДУМӢ, падидаи боздошти пеш аз муҳлати ваколати вакили мардумӣ дар асоси изҳори иродаи интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии марбута тавассути овоздиҳӣ. Дар таҷрибаи байналмилалӣ Бозхонди вакили мардумӣ кам ба чашм мерасад. Дар давлатҳои низоми демократии либералӣ, бинобар мавҷуд будани принсип (усул)-и намояндагии миллӣ, ҳолати мазкур ҷой надорад, вале дар амалияи …

Муфассал »

БОЗОР

bozor

БОЗОР (паҳлавӣ воҷор), маҳалли махсуси хариду фурӯши коло, хурок ва ҳар навъ ашё, кӯчаи болопӯшида, ки аз ду сӯй дуконҳо дорад. Дар Бозор ду раванд ба амал меояд: яке фурӯши мол (дар ин ҳол мол ба пул табдил меёбад, яъне П – М), дуввум харидории мол (яъне пул ба мол …

Муфассал »

БОЗНИШАСТАГӢ

boznishastagi

БОЗНИШАСТАГӢ, вазъияти иҷтимоии шахс, ки ба сабаби анҷом ёфтани муҳлати адои хидмат, пирсолӣ, нотавонӣ, гум кардани қобилияти корӣ ва ғайра фаъолияти меҳнатиаш қатъ гашта, давлат барои таъмини моддии ӯ маблағи молии муайян муқаррар менамояд. Нигар низ Нафақа.

Муфассал »

Манғитиҳо

MAHҒИТИҲO

MAHҒИТИҲO – номи як қабилаи бодиянишини Осиё. Мувофиқи маълумоти солҳои 1923—26 шумораи умумии Манғитиҳо дар ҳудуди Осиёи Миёна зиёда аз 130 ҳазор нафар буд. Тақрибан 100 ҳазор Манғитиҳо дар ҳудуди аморати Бухоро: дар водии Бухоро ва атрофи Қарши (44 ҳазор), соҳилҳои Зарафшон (8 ҳазор), pайони ҳозираи Чорҷӯй (11 ҳазор), атрофи …

Муфассал »

Манҷурҳо

Манҷурҳо

МАНҶУРҲО (худ «мавчжу нялма» гӯянд; ба хитоӣ: мавчжу жэв ци жэн), халқ, аҳолии асосии шимолу шарқи хитой, асосан дар қисми ҷануб Манҷурия зиндагӣ мекунанд. Шумораашон қариб 11 млн. нафар (2017 сол). Ба забони манҷурӣ фақат дар музофоти Хэйлунцзян, дар дигар мавзеъҳои Хитой бошад, ба забони хитоӣ гап мезананд. Мӯътақидони дину …

Муфассал »

Луқмони Ҳаким

Луқмони Ҳаким

ЛУҚМОНИ ҲАКИМ – ҳакими афсонавиест, ки ба образи бадеӣ табдил ёфтааст. Дар эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик, хусусан дар ҳикояву афсонаҳои реалию маишӣ ва нақлу ривоятҳо мавқеи ин образ хеле ка­лон аст. Аз рӯи тасвирӣ асарҳои халқӣ Луқмони Ҳаким шахси фозил ва донишманди бузурге мебошад. Вай инчунин табиби ҳозику пурдонест, ки …

Муфассал »

Лурҳо

eroni_duxtaron

ЛУРҲО, халқиятест дар ғарбии Эрон. Шумораашон 3040 ҳазор нафар (2017 сол). Аз чор гурӯҳи, қабилаҳои ба ҳам наздик иборатанд: пӯштикӯҳ ва пешикӯҳа дар Луристон, мамасани ва кӯҳгилӯйа дар вилояти Форс. Ба шеваи лурии гурӯҳи забонҳои эронӣ гап мезананд. Аз рӯи дин пайрави мазҳаби шиаи исломанд. Тахмин мекунанд, ки Лур дар …

Муфассал »

Мамалукҳо

Мамалук дар болои Асп

МАМЛУКҲО – ҷанговарони ғулом (аз ҷумлаи туркҳо, гурҷиҳо, черкасҳо ва дигар халқҳои Кавқоз дар Миср), ки аз онҳо навкарони ҳокимони сулолаи Айюбиён (солҳои 1171—1250) тайёр карда мешуданд.  Худи калимаи «Мамлук» аз забони арабӣ гирифта шуда маънояш «банда» ё «ғулом» мебошад. Дар таърих соли 1250 сипаҳсолорони Мамалукҳо Айюбиёнро сарнагун карда, ҳокимиятро …

Муфассал »

Манғития

Амир Олимхон

МАНҒИТИЯ – сулолаи амирони Бухоро аз қабилаи Манғитҳо. Солҳои 1753—1920 ҳукмронӣ кардаанд. Баъд аз сулолаи Аштархониён ба сари ҳокимият омаданд. Давраи ҳукмронии Манғития аз вақти ба тахт нишастани Муҳаммадраҳимхон (1753) оғоз ёфт. Баъд аз вафоти ӯ наберааш (фарзанди духтараш) Фозилтура ба тахт нишаст, вале дар амал идори Ҳокимият дар дасти …

Муфассал »