Маълумоти охирин
Главная / Теги: Луғат

Теги: Луғат

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ БА РУСӢ»

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ БА РУСӢ» луғати дузабонаест иборат аз 2 ҷилд; бо тасҳеҳ ва эҳтимоми Ю. А. Рубинчик. Соли 1970 ба табъ расидааст. Дар мураттаб сохтани «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» кормандони Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР — эроншиносон М. Н. Усмонов, Ҷ. Ҳ. Дуррӣ, Л. Н. Киселева, С. С. Саричев, К. …

Муфассал »

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ»

«ФАРҲАНГИ ФОРСӢ» луғати шашҷилдаи тафсирӣ, ки Муҳаммад Муин солҳои 1963—73 (дар 6 ҷилд) таълиф кардааст. «Фарҳанги форсӣ» асосан аз луғоти адабӣ ва гоҳо гуфтугӯии забони ҳозираи форсӣ иборат аст. Се ҷилди аввалаш калимаҳо, феълҳои таркибӣ ва ибораҳои фразеологиро дар бар мегирад. Дар охири ҷилди 3 таркиботи забонзад ё ҳикматомези хориҷӣ …

Муфассал »

«ФАРҲАНГИ РУСӢ БА ФОРСӢ»

«ФАРҲАНГИ РУСӢ БА ФОРСӢ» («Фарҳангн русӣ ба форӣ (ин калимаҳои умумилстеъмолӣ аз рӯи лаҳҷаҳои вилояти Туркистон»), луғати дузабонаест, ки соли 1889 В. П. Наливкин таълиф кардааст. «Фарҳанги русӣ ба форсӣ» тақрибан 12 ҳазор калимаро дар бар мегирад. Дар он пас аз калимаи русӣ муродифҳои (адабии калимаҳо, мисолҳои русӣ бо тарҷумаи …

Муфассал »

«ФАРҲАНГИ ОСОРИ ҶОМӢ»

«ФАРҲАНГИ ОСОРИ ҶОМӢ», аввалин луғати тафсирии муаллифиест (фарҳалги марбути осори як шоир ё нависанда), ки мувофиқи принсипҳои навини лексикографияи имрӯза таълиф шуда, ҷиҳатҳои муҳимми эҷодиёт ва захираи бои луғавии забони осори Ҷомиро шарҳу эзоҳ медиҳад. Таълифи Амон Нуров. «Фарҳанги осори Ҷомӣ» аз ду ҷилд (ҷилди 1, 1983; ҷилди 2, 1984) …

Муфассал »

«ТОҶ-УЛ-МАСОДИР»

«ТОҶ-УЛ-МАСОДИР» луғати масдарҳои арабӣ бо тарҷумаи форсй, таълифи Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Алии маъруф ба Бӯҷаъфараки Байҳақӣ (вафот 1150). Тақрибан 5000 калимаро дар бар мегирад. «Тоҷ-ул-масодир» дар асоси «Китоб-ул-масодир»-и Абуабдуллоҳи Ҳусайн ибни Аҳмади Зӯзанӣ, ки якумин луғати арабӣ-форсист (таълифаш миёнаҳои асри 11) тартиб ёфтааст. Муаллиф луғати Зӯзаниро таҳриру такмил кардааст. Дар …

Муфассал »

ТЕЗАУРУС

book-1

ТЕЗАУРУС (аз юнонӣ tezauros — ганҷ, ганҷина), як навъ луғат (фарҳанг)-и тафсири ё мавзӯӣ (соҳавӣ)- ро гӯянд, ки кулли калимаҳои таркиби луғавии забон ё тамоми калимаҳои марбути ягон соҳаи илмро дар бар мегирад. Дар Тезаурус на танҳо калимаҳои забони адабии имрӯза, балки архаизму неологизмҳо, калимаҳои китобӣ, шевагӣ ва ғайра оварда …

Муфассал »

Абдурраҳими Биҳорӣ

Абдурраҳими Биҳорӣ Абдурраҳим ибни Аҳмади Сури Биҳорӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнависи форсизабони Ҳиндустон. Дар музофоти Биҳор умр ба cap бурдааст. Ӯ ба во­ситаи фарҳанги худ «Кашф-ул-луғот ва-л-мусталиҳот» (таълифаш тақрибан 1608), ки баъзан дар маъхазҳо бо унвони «Фарҳанги шайх Абдурраҳими Биҳорӣ» низ ёд шудааст, маъруф гардадааст. Аз маълумоти дар …

Муфассал »

Абдуллатифи Яздӣ

Абдуллатифи Яздӣ ибни Абдуллоҳи Кабир (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1639), луғатнависи форсизабони Ҳиндустон. Дар зодгоҳаш касби камол намуда, сипас ба Ҳиндустон рафт ва дар он ҷо кору зиндагӣ кард. Аз ҷумлаи корҳои мӯътабар ва эътирофшудаи Абдуллатифи Яздӣ фарҳанги тафсириест бо номи «Латоиф-ул-луғот». Ин асар фарҳанги тафсирии вожаҳои «Маснавии маънавӣ»-и …

Муфассал »

Аббревиатура дар мусиқӣ

abbreviatura-dar-musiki

Аббревиатура дар мусиқӣ, мухтасар нишон додани нотаҳо, хатҳои иловагӣ ва ибораю ҷумлаҳои му­сиқӣ дар хати нотавӣ. Аббревиатура ҳангоми якчанд бор такрор ёфтани як шакли усул гузошта мешавад. Аббревиатура бештар ҳамчун муродифи аломатҳои сегно, реприза, фонус, волта ва мелизмҳо (форшлаг, группетто, мордент, морденти хаткашида, морденти дукарата, морденти дукаратаи хаткашида) истифода ме­шавад.

Муфассал »