Маълумоти охирин
Главная / Теги: Композитор

Теги: Композитор

ТЕРОСИПОВ Юрий Григоревия

ТЕРОСИПОВ Юрий Григоревия (таваллуд 4. 2. 1933, шаҳри Кировободи РСС Озарбойҷон), композитор ва педагоги советӣ. Баъди хатми Консерваторияи Боку (1957) ба Тоҷикистоя омада, солҳои 1959—74 дар Омузишгоҳи мусиқии Душанбе дарс гуфтааст. Аз соли 1974 ин ҷониб дар Москва зиста, бо санъати мусиқии республика робитаи эҷодӣ дорад. Теросипов композитори сермаҳсул буда, …

Муфассал »

ТЕОДОРАКИС Микис

teodorakis

ТЕОДОРАКИС Микис (таваллуд 29. 7. 1925, ҷазираи Хиос), композитор ва ходими ҷамъиятию сиёсии Юнон. Иштирокгари Ҳаракати муқобилат. Соли 1950 Консерваторияи Афинаро хатм намуда, солҳои 1953—59 дар Консерваторияи Париж маҳораташро такмил додааст. Аз соли 1959 дар Юнон. Депутати парламент аз Партияи ягонаи демократист (1964 —67). Соли 1967 баъди табаддулоти ҳарбӣ ҳабс …

Муфассал »

ШУБЕРТ Франц Петер

schubert

ШУБЕРТ (Schubert) Франц Петер (31. 1. 1797, Лихтеиталь, наздики Вена—19. 11. 1828, Вена), композитори австриягӣ. Ш. аввалин намояндаи барҷастаи романтизми мусиқист. Ш. дар асарҳояш идеали дурахшони дар ҳаёт вуҷуднадоштаро васф карда, ранҷу азобиинсонеро, ки дар шароити иҷтимоии ба ӯ бегонаву душман буданд, ифода намудааст. Мусиқии Ш. бо санъати халқҳои Австрия, …

Муфассал »

ШТРАУС Иоганн

shtraus-i

ШТРАУС (Straus) Иоганн (25. 10. 1825, Вена —3. 6. 1899, ҳамон ҷо), композитор, дирижёр ва скрипканавози австриягӣ. Ш. ба ҷуз устоди барҷастаи санъатн дирижёрӣ буданаш, инчунин дар скрипканавозӣ маҳорати хосе дошт ва дар концертҳои худ ҳарду ҳунарашро ба кор мебурд. Ш. мусиқии раценро бо асарҳои мухталиф (тақр. 500 вальс, галоп, …

Муфассал »

ШОСТАКОВИЧ Дмитрий Дмитриевич

shostakovich-d

ШОСТАКОВИЧ Дмитрий Дмитриевич (25. 9. 1906, Петербург—9. 8. 1975, Москва), композитори советӣ. Арт. Халқии СССР (1954). Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1968). Аъзои КПСС аз с. 1960. Доктори илми санъатшиносӣ (1965). Яке аз композиторони барҷастаи муосир.  Дар асарҳояш бештар образу мавзӯъҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ҷиҳатҳои муҳимми воқеияти муосирро инъикос намудааст. Дар жанрҳои …

Муфассал »

ШОПЕН Фридерик Францишек

chopin

ШОПЕН (Chopin) Фридерик Францишек (22. 2. 1810, Желязова-Воля, наздикии Варшава —17. 10.1849, Париж) композитор ва пианинонавози поляк. Аз с. 1831 дар Париж зистааст. Асарҳои романтикӣ ва ватанпарастонаи Ш. (бештар барои фортепиано) мусиқии халқҳои полякро машҳури ҷаҳон сохтанд. Ш. имконияти техникӣ ва бадеии фортепианонавозиро инкишоф дода, рақсҳои халқиро драматизация намуд. Мазурка, …

Муфассал »

ШАҲИДӢ Толибхон Зиёдуллоевич

shahidi-t

ШАҲИДӢ Толибхон Зиёдуллоевич  (тав. 13. 3. 1946, Душанбе), композитори советии тоҷик, писари Зиёдулло Шаҳидӣ. Лауреат Мукофоти комсомоли ленини Тоҷикистон (1978). Аъзои КПСС аз .с. 1983. Аъзои Правленияи ИБ Тоҷикистон аз с. 1981. С. 1967 Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанберо (таҳти роҳбарии Ю. Г. Тер-Осипов) хатм карда, с-ҳои 1969—72 дар Консерваторияи давлатии …

Муфассал »

ШАҲИДӢ Зиёдулло Муқаддасович

shahidi-z

ШАҲИДӢ Зиёдулло Муқаддасович (4. 5. 1914, Самарқанд —25. 2. 1985, Душанбе), композитори советии тоҷик. Арт. Халқии РСС Тоҷ. (1974). Аъзои КПСС аз с. 1950. С. 1932 мактаби миёнаро хатм карда, то с. 1939 ҳамчун навозанда дар театрҳо ва студияҳои радиои Тошкент, Самарқанд ва Сталинобод кор кард. С-ҳои 1939—52 роҳбари Ансамбли …

Муфассал »

СОЛЕҲОВ Фозил

unknown_person

СОЛЕҲОВ Фозил (10. 5. 1914, деҳаи Чинози вилояти Тошкенти Республикаи Совети Сотсиалистии Узбекистон —27. 1. 1976, Душанбе), бастакор ва дирижёри советии тоҷик. Артисти Халқии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1974). Аъзои КПСС аз соли 1940. Аввал дар Техникуми мусиқии Тошкент (1926—30) ва сипас Техникуми мусиқии Ленинобод (1930—31) таҳсил намудааст. Солеҳов 1940 …

Муфассал »

Абдуллоев Хайрулло

Абдуллоев Хайрулло (таваллудаш 1.  2. 1930, шаҳри Кӯлоб – 2009, шаҳри Душан­бе), композитори тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон (1986). Мусиқии халқиро аз падар, сипас аз устодони машҳури санъати мусиқии халқӣ С. Вализода, С. Каримов, С. Султонов ва 3. Қаландаров омӯхтааст. Солҳои 1942 – 1952 гижакнавози Театри мусиқии драмаи Кӯлоб …

Муфассал »