Маълумоти охирин
Главная / Теги: Замин

Теги: Замин

ШӮРХОК

shurzamin

ШӮРХОК, шураюк, шурзамин, хокеро гӯянд, ки дар таркибаш миқдори намакҳои минералии дар об зудҳалшаванда зиёд (беш аз 0,25 %) аст. Дар СССР 52,3 млн га ё 2,4%-и замин Ш. аст; асосан дар Украинаи ҷанубӣ, Поволжня, Осиёи Миёна (тақр. нисфи заминҳои кишт) ва ноҳияҳои диг. ҷой гирифтааст.

Муфассал »

ШИВАРЗАМИН

shivarzamin

ШИВАРЗАМИН, шибарзамин, ҷойҳои сернаму сабзазори нишебии куҳу теппаҳо, сою ҷариҳо ва пастхамиҳоро гуянд, ки дар атрофи чашмасорон пайдо мешаванд. Аксари Ш.-и пастхамиҳо ба ботлоқзор табдил ёфта, торф ҳосил мекунанд.

Муфассал »

ЧИМЗАМИН

chimzamin

ЧИМЗАМИН, чимтол, чимхок, қабати болоии замннро гўянд, ки онро решаву решапоя ва навдаи ба ҳам печидаи растаниҳои бисёрсола фаро гирифтаанд. Дар Чимзамин моддаҳои органикӣ бисёранд. Чимзамин ба даштҳои бекорхобида, заминҳои партов, марғзору чарогоҳҳои дарёбод, шибарзамин ва ғ. хос аст. Чимзамин назар ба қабатҳои поёнии замин ҳосилхезтар аст

Муфассал »

ЧИМ

chim-zamin

ЧИМ, як порчаи чимзамин аст, ки дар шакли росткунҷа (тахта-тахта) буранд. Чимро барои зудтар сабзазор кардани ҷойҳои бегиёҳ, мустаҳкам намудани нишебии дарғот, канори р. о. ва ба мақсадҳои диг. (мас., барои сабзамайдон ва ба гулгаштҳо тақсим кардани он) истифода мебаранд.

Муфассал »