Маълумоти охирин
Главная / Теги: забоншинос

Теги: забоншинос

САНЖЕЕВ Гарма Дансаранович

САНЖЕЕВ Гарма Дансаранович (таваллуд 8. 2. 1902, деҳаи Тайшини уезди Балаӯани, губернияи Иркутск, ҳозира райони Алари вилояти Иркутск —6. 12. 1982, Москва), забоншиноси советӣ. Док- тори илмҳои филологии (1948). Профессор (1953). Ходими Хизматнишондодаи Илм ва Техникаи Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Бурятия. (1962), Ходими Хизматнишондодаи Илми Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия …

Муфассал »

РУСТАМОВ Шарофиддин

РУСТАМОВ Шарофиддин (таваллудаш 1. 5. 1931, деҳаи Нигноти райони Панҷакент), забоншиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1972). Аз оилаи колхоз¬чӣ. Аъзои КПСС аз соли 1955. Институти давлатии педаго¬гии Душанберо тамом кардааст (1954). Солҳои 1954 —1961 дар райони Колхозчиён ва шаҳри Панҷакент муаллим, директори мактаби миёна, муҳаррири газета, котиби комитет иҷроия …

Муфассал »

РУБИНЧИК Юрий Аронович

РУБИНЧИК Юрий Аронович (таваллудаш 10. 11. 1923, Москва), забоншиноси советӣ, доктори илмҳои филология (1977). Баъди хатми Институти умумииттифоқии забонҳои хориҷӣ (1945) чанде дар он ҷо муаллим буд. Солҳои 1956—1961 ходими илмии Институти шарқшиносии АФ СССР. Аз соли 1961 ходими калони илмии ҳамин Институт. Дар асарҳои Рубинчик ҷихатҳои гуногуни забони форсӣ …

Муфассал »

РЕФОРМАТСКИЙ Александр Александрович

РЕФОРМАТСКИЙ Александр Александрович (29. 10. 1900, Москва —3. 5. 1978, ҳамон ҷо), забоншиноси советӣ, доктори илмҳои филология, профессор (1962), яке аз бунёдгузороии мактаби фонологии Москва. Университети давлатии Москваро тамом кардааст (1923). Муддате муҳаррири нашриётҳои Москва ва муаллими Университети давлатии Москва (1921—54), Институти адабиёти ба номи Максим Горкий ва Институти педагогии …

Муфассал »

ФОРТУНАТОВ Филип Фёдорович

ФОРТУНАТОВ Филип Фёдорович (14. 1. 1848, Вологда—а 10. 1914, Косалма, ҳозира раёни Прионежски РАСС Карел.), забоншиноси рус, академики Акдемияи Фанҳои Петербург (1898). Асосгузори мактаби забоншиносии Москва. Бештари корҳои Фортунов ба фонетикаи забонҳои ҳиндуевропоӣ оиданд. Фортунов асосгузори қонуни тағйири ҷои зада дар забонҳои балтӣ ва славянӣ вобаста ба оҳанги талаффуз (интонасия) …

Муфассал »

ФОЗИЛОВ Муллоҷон Фозилович

ФОЗИЛОВ Муллоҷон Фозилович (15. 9. 1914, Конибодом —1. 7. 1977, душанбе), забоншиноси советии тоҷик, аъзо-коррспонденти Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1952), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1974). Аз оилаи косиб. Аъзои КПСС аз соли 1944. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Университети давлатии Ленинградро хатм кард (1940). Мудири кафедраи забон …

Муфассал »

ТРУБЕСКОЙ Николай Сергеевич

ТРУБЕСКОЙ Николай Сергеевич (16. 4. 1890, Москва—25. 6. 1938, Вена), забоншиноси рус, яке аз намояндагони барҷастаи мактаби забоншиносии Прага, асосгузори фонология. Дар Университетҳои Москва ва Лейпсиг таҳсил кардааст (1908—14). Солҳои 1915—18 дар Университетҳои Москва ва Ростов муаллим буд. Профессори филологияи славянии Университетҳои София (1920) ва Вена (1922), мудири каредраи филологияи …

Муфассал »

ТОҶИЕВ Дадоҷон

ТОҶИЕВ Дадоҷон (22. 3. 1915, Конибодом—0. 1. 1987, Душанбе), забоншиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1972), профессор (1967), Муаллими Хизматнишон додаи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1965), Аълочии маорифи халқи Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1960). Аз оилаи косиб. Аъзои КПСС аз соли 1944. Соли 1941 Университети давлатии Ленинградро хатм кард. Мудири …

Муфассал »

PACK Расмус Кристиан

PACK (Rask) Расмус Кристиан (22. 11. 1787, Бренненкилле, ҷазираи Фюн—14. 11. 1832, Копенгаген), забоншиноси даниягӣ. Китобдор (1829) ва профессори забонҳои шарқии Университети Копенгаген (1831). Яке аз асосгузорони методи муқоисавии таърихӣ дар забоншиносӣ буда, ин методро аввалин бор дар ҳалли масъалаи пайдоиши забони исландӣ татбиқ кард ва бо роҳи муқаррар намудани …

Муфассал »

ПОТЕБНЯ Александр Афанасе­вич

potebnya

ПОТЕБНЯ Александр Афанасе­вич (22. 9. 1835, деҳаи Гавриловка, вилояти Полтава—11. 12. 1891, Харков), забовшиноси украин ва рус. Аъзо- корр. АФ Петербург (аз соли 1877). Профессори университети Харков (аз соли 1875). Университети Харковро тамом кардааст (1856). Муҳимтарин асари тадқиқотии ӯ «Тафаккур ва забон» мебошад, ки дар он муносибати тафаккур ва забон …

Муфассал »