Маълумоти охирин
Главная / Теги: Дувоздаҳмақом

Теги: Дувоздаҳмақом

«ФАРЪИ МУХАММАС»

nota-2

«ФАРЪИ МУХАММАС» зарбост дар «Дувоздаҳмақом». Бо ин зарб гӯшаҳои мусиқии «Хиром» ва «Фарри Ҳиҷоз»-и шӯъбаи «Авҷ», мақоми «Ушшоқ»-и овозаи «Салмак» иҷро мешаванд.                         И. Раҳимов.

Муфассал »

«УШШОҚ»

nota-2

«УШШОҚ» (арабӣ ҷамъи ),1) мақоми якум дар силсилаи «Дувоздаҳмақом». 2) Шӯъбаест дар мақоми «Рост»-и «Шашмақом», ки бо номи шохаҳои «Мухаммаси Ушшоқ», «Савти Ушшоқ», «Қашқарчаи Савти Ушшоқ», «Чапандози савти Ушшоқ» «Талқини Ушшоқ», «Насри Ушшоқ», «Уфари Ушшоқ» амал карда, ҷузъиёти муқимми созию овозии «Рост»-ро ташкил медиҳад. 3) Шӯъбаест дар мақомҳои «Чаҳоргоҳ», «Рости …

Муфассал »

«УФАР»

surud-nota

«УФАР» у ф о р, 1) зарбест дар силсилаи «Дувоздаҳмақом». Мувофиқи маълумоти рисолаи мусиқии Баҳҷат-ур-руҳ»-и Абдулмуъмини Сафиуддин «Уфар» яке аз 24 зарби (вазни) маъмули «Дувоздаҳмақом» буда, одатан барои оҳангу навоҳои шӯхи муфарраҳ дар усули дойра истифода мешудааст. Таркиби вазниаш аз 5 зарб иборат буда, 2 зарби сангин (яъне бам) ва …

Муфассал »

ЧОРГОҲ

nota-2

ЧОРГОҲ Чаҳоргоҳ, 1) шӯъбаест аз мақоми «Зангӯла»-и «Дувоздаҳмақом». Аз нағмаи чаҳорум аст ва 2 бонг (октаваи комил) дорад, баъзан ба дуним бонг ҳам мерасад. Аз рӯи таркиботи алҳонию зарбот ба мақоми «Зангӯла» ва овозаи «Салмак» мутааллиқ аст. Гӯшаҳои «Хиҷози Мухолиф» ва «Баёти Курд»-ро дар бар мегирад. Бо зарби (вазни) «Ҳазаҷ» …

Муфассал »

«ЧАНБАР»

shashmakom

«ЧАНБАР» 1) зарбест дар «Дувоздаҳмақом». Дар он гӯшаҳои мусиқии «Ҳиҷози Бузург» ва «Рубоби Панҷгоҳ»-и шӯъбаи «Аширон»-и мақоми «Буслик»-и овозаи «Гардония» иҷро мешаванд. 2) номи сози мусиқии қадимист, ки ҳоло доира (даф) меноманд. 3) шакли оҳангиест дар қисми мушкилоти мақоми «Ироқ»-и «Шашмақом».  И. Раҳимов.  

Муфассал »

«ЧАКОВАК»

nota-2

«ЧАКОВАК» 1) гўшаи мусиқист, дар шӯъбаи «Ракаб»-и мақоми «Кӯчак»-и овозаи «Моя»-и “Дувоздаҳмақом». Дар вазни (зарби) «Даври равон» иҷро мешавад. «Чаковак» дар «Шашмақом» амал надорад. 2) як навои мусиқии қадимист, ки Борбади Марвӣ тасниф кардааст. Бино оба маълумоти маъхазҳои қадима «Чаковак» ба таркиби 30 лаҳн (сигона)-и Борбад дохил мешавад. Наво гар …

Муфассал »