Маълумоти охирин
Главная / Теги: Дин

Теги: Дин

САЛИБ

krest-01

САЛИБ (ар. — чалипо), чӯб ё дигар чизи чорчиллик аст, ки дар дини насоро ба вай ибодат кунанд; яке аз рамзҳои асосӣ ва аломати парастиши масеҳӣ. Салиб  ҳамчун фетиш дар давраи ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шуда, минбаъд ҳамчун рамзи динӣ дар эътиқодҳои динии Мисри Қадим, Бобулистон, Юнони Қадим, Рими Қадим ва …

Муфассал »

РОФИЗИЯ

РОФИЗИЯ (арабӣ — рад кардан, тарк кардан), яке аз фирқаҳои диниест, ки дар меҳру дӯстӣ ба халифаи чаҳоруми рошиди Алӣ ибни Абутолиб ва фарзандонаш муболиға ва ифрот намуда, ақидаи садобаро доир ба эътироф намудани хилофати Абубакру Умар рад менамояд. Дар маъхазҳо фирқаҳои кайсония, ямония, исмоилия, муборакия ва ғайраро аз ҷумлаи …

Муфассал »

ФИРҚА

islam-koran

ФИРҚА, (арабӣ—гурӯҳ, ҷамоат), гурӯҳҳо ё шохаҳои сершумори дини исломро гӯяпд, ки нисбат ба рукнҳои асосии он дар ихтилофанд. Дар ҳадисе роҷеъ ба 73 Фирқаи ислом сухан меравад. Гуё тамоми фирқаҳои ислом дар натиҷаи ихтилоф бо аҳли суннат ва ҷасмоат ба вуҷуд омадаанд. Ҷараёни ба вуҷуд омадани фирқаҳои исломро бисёр муаррихон …

Муфассал »

ТАФСИР

tafsir

ТАФСИР (арабӣ — шарҳ додан, баён кардан, васеъ намудан), шарҳу эзоҳи сураҳои Қуръонро гӯянд. Барои мардуми авом номафҳум будани маънии оятҳои Қуръон ва манъ будани тарҷумаи он сабаби асосии ба вуҷуд омадани тафсир гардида буд. Аввалин тафсирро амакбачан пайғамбар Ибни Аббос (вафот 687) иншо намуд, ки баъдҳо ин нусха барои …

Муфассал »

ТАЛОҚ

talok

ТАЛОҚ (арабӣ — раҳоӣ, сар додан), дар шариат расман бекор кардани ақди никоҳро гӯянд. Ба ҳукми қонун даромадан талоқ аз амри мард вобаста аст. Агар қатъи никоҳро зан талаб кунаду мард розӣ нашавад, талоқ ба ҳукми қонун намедарояд. Қозӣ талоқро дар сурате тасдиқ мекунад, ки мард талоқро ҳангоми ҳушёру саломат …

Муфассал »

ТАВҲИД

tavhid

ТАВҲИД (ягонагӣ, ваҳдат), таълимоти диниест, ки яккаю ягона будани худоро дар «ло илоҳа иллаллоҳ» ифода мекунад. Мафҳуми худо дар давраи политеизм дар байни арабҳо маълум буд, вале ин мафҳум худоҳои оомониеро ифода мекард, ки ҳанӯз яккаву ягона набуданд. Муҳаммад ғояи ваҳдати сетонаи (худо-падар, худо-писар ва рӯҳулқудс) масеҳиятро, ки моҳиятан маънои …

Муфассал »

РАЗЗОМИЯ

РАЗЗОМИЯ яке аз фирқаҳои шиа, ки гузаштани имоматро баъд аз Али ва писаронаш ба хонадони Аббосиён эътироф мекунад. Мувофиқи маълумоти муаллифи «Фарқ байн-ал- фирақ» Абдулқодири Бағдодӣ, Раззомия пайравони Раззом ибни Ризм (дар Марв) мебошапд, ки Абумуслимро дар хилофати Аббосӣ пешвои худ хондаагд. Муҳаммади Щаҳристонӣ дар «Ал- милал ва-н-нилал» Раззомияро яке …

Муфассал »

ҚИБЛА

kaba

ҚИБЛА (ар.— суй, ҷиҳат), самтеро гуянд, ки мусулмонои ҳангоми гузоридани намоз руи худро ба он нигаронанд; дар макони муқаддасе, ки дар вақти парастиш ба он ру оваранд. Муҳаммад дар ибтидои тарғиботаш баробари ба дини ислом даъват намудани пайравони дини яҳудӣ ва масеҳият расму оини онҳоро низ қабул карда, Байтулмуқаддас (Уршалаим)-ро …

Муфассал »