Маълумоти охирин
Главная / Теги: Димна

Теги: Димна

САРАЗМ

sarazm-6

САРАЗМ, димнаи шаҳри асри биринҷӣ (ҳазоран 4—2 то милод), ки 15 километр ғарбтар аз шаҳри Панҷакенти вилояти Ленинобод воқеъ аст. Масоҳаташ 90 гектар. Соли 1976 бостоншиноси тоҷик А. Исҳоқов кашф намуд ва аз 1978 таҳти роҳ-барии ӯ отряди археологии Институти таърихи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон тадқиқ мекунад. То …

Муфассал »

Димнаи САКСАНОХУР

САКСАНОХУР, димна, ёдгории археологии мансуб ба асрҳои 3—2 то мелод (охирҳои давраи Юнону Бохтар), ки дар соҳили дарёи Панҷ, 7 км шимолтар аз птш Фархори pайони Фархори вилояти Кӯлоб воқеъ аст. Масоҳаташ қариб 5 га. Ҳангоми ҳафриёт маҳалҳои ҳунармандон ва комплекси қасру маъбадҳо ёфт шуд. Ин комплекс ҳавлии мураббаъ (27,7X27,7 …

Муфассал »

Димнаи САЙЁД

САЙЁД, димнаи шаҳри мансуб ба асрҳои 9—11, воқеӣ pайони Москваи вилояти Кӯлоб. Сайëд қад-қади дарёи Панҷ ба масофаи 500—800 м ва қад-қади баландии Ӯртабуз то 1,5 км тӯл кашидааст. Дар Сайëд бостоншиносони тоҷик аз соли 1970 ин ҷониб ҳафриёт мебаранд. Масоҳати умумии ҳафриёт 5000 м2 буда, ба чор қисм тақсим …

Муфассал »

Димнаи ХАЙРОБОДТЕППА

ХАЙРОБОДТЕППА, димнаи мансуб ба давраи ғуломдорӣ (асри 3 то мелод асри 3 м.), ки 30 км шимолтари шаҳри Тирмиз, 800 м ғарбтари деҳаи Ангор воқеъ аст. Хайрободтеппаро соли 1948 археолог Л. И. Албаум кашф кард ва он солҳои 1953—55 тадқиқ шуд. Аз Хайрободтеппа дастос, курсӣ, бозичаҳои устухонӣ, зарфу маснуоти сафолии …

Муфассал »

Димнаи ТӮРТКӮЛ

ТӮРТКӮЛ, димнаи бошишгоҳи қадими мансуб ба асрҳои 1—4 мелодӣ, ки ғарбтари деҳаи Ғарави раёни Ёвон, вилояти Қӯрғонтеппа воқеъ аст. Онро солҳои 1953—66 бостоншинос А. Исҳоқов кашф ва таҳқиқ намуд. Дар натиҷаи ҳафриёт се давраи сохтмон ошкор шуд. Димна росткунҷа (170Х X 150X2,5 м) буда, деворҳои бинои давраи сеюм хиштӣ ва …

Муфассал »

Димнаи ТӮПРОҚҚАЛЪА

ТӮПРОҚҚАЛЪА, димнаи шаҳрқалъаи асрҳои 1—6, қароргоҳи шоҳони Хоразм (асрҳои 3—4)-ро номанд. Дар ҳудуди ҳозираи райони Берунии РАСС Қароқалп. Аз соли 1938 таҳти роҳбарии С. П. Толстов ҳафриёти археологӣ гузаронида шудааст. Шаҳр чоргӯша (500X350 м) буда, девор ва тиму бурҷҳо дорад, кӯчаи марказӣ аз дарвозаи Тӯпроққалъа ба оташкада меравад. Кӯчаҳои канорӣ …

Муфассал »

Димнаи ТЕШИКҚАЛЪА

ТЕШИКҚАЛЪА димнаи кӯшки мансуб ба асрҳои 6—8 (замони африғиҳо), ки дар воҳаи Бургутқалъаи Хоразм воқеъ гаштааст. Кӯшк тақрибан дар маркази ҳавлии чоркунҷа ҷойгир аст. Сатҳи ҳавлӣ зиёда аз 10000 м2. Дар натиҷаи таҳқиқи бозёфтҳо маълум гардид, ки деворҳои дохилии Тешикқалъа ва хонаи дар маркази кӯшк буда тахминаи ба асри 6, …

Муфассал »

ТАХТИ ҚУБОД

18_khoja_mashad

ТАХТИ ҚУБОД, димнаи атиқаест дар раёни Қабодиёни вилояти Қӯрғонтеппа, дар соҳили рости дарёи Аму. Солҳои 1950—51 як гурӯҳ кормандони Экспедисияи археологии Тоҷикистон бо роҳбарии М. М. Дяконов тадқиқ намуд. Тахти Қубод росткунҷа буда, аз куҳандиз ва бошишгоҳи на он қадар калони атрофи он иборат аст. Тахти Қубод борҳо дар адабиёти …

Муфассал »

Димнаи ТАМОШОТЕППА

ТАМОШОТЕППА, димнаи шаҳри қадиме мансуб ба асрҳои 5—2 то м., воқеъ дар ҷанубу ғарбтари деҳаи Норини раёни Ёвон. Димна росткунҷа буда (400X400 м), қалъабандӣ шудааст. Девори қалъаи Тамошотеппа то 3 м баландӣ, 5—7 м ғафсе дорад. Дар натиҷаи ҳафриёт 3 давраи сохтмон аён гардид. Қабати поёнӣ (заминкан) аз маҷмаи иқоматгоҳхо …

Муфассал »

ҚАЛЪАИ ҚАҲҚАҲА

ҚАЛЪАИ ҚАҲҚАҲА, димнан ш. Бунҷикат, ки дар наздикии деҳаи Шаҳристони p-ни Уротеппа воқеъ аст. Дар ох. а. 19— ибт. а. 20, с-ҳои 1949—50 Қ. Қ. қисман таҷдид гардид. Аз с. 1956 инҷониб Эксиедицияи археологии комплексии шимоли Тоҷикистон ба ҳафру тадқиқи Қ. Қ. машғул аст. Қ. Қ. аз 3 димнаи алоҳида …

Муфассал »