Маълумоти охирин
Главная / Теги: Деҳқонҳо

Теги: Деҳқонҳо

Плантасия

plantasiya

Плантасия (лотинӣ planlatio — шинондани растанӣ, аз planto — мешинонам), 1) хоҷагии калони заминдорӣ дар мамлакатҳои капиталистӣ (нигаред Хоҷагии плантасионӣ). 2) Қитъаи калони замини зироати махсуси хоҷагии қишлоқ (масалан, Плантасияи лаблабӯи канд, Плантасияи чой ва ғайра).

Муфассал »

Плантаж

plantaj

Плантаж, шудгори планта­жии хок (франсавӣ plantage, лотинӣ plan- to—мешиносам), шудгори чуқури замини парвардахона ва ниҳолхонаи ток, дарахту бутта ба воситаи плугҳои махсус. Ҳаигоми Плантаж қабати хокро чуқур (40—75 сантиметр( ва зиёда аз ин) нарм мекунанд ва ин барои инкишофи решаи растанӣ шароити мусоид фаро меоварад. Барои он ки қабати камҳосили …

Муфассал »

Пехол

pexol

Пехол, саргини парранда, поруи органикии пурқувват. Дар таркиби он бисёр моддаҳои ғизоии барои нумуи растанӣ зарур мавҷуд аст.

Муфассал »

Пахтакорӣ

paxtakori

Пахтакорӣ, яке аз соҳаҳои асо­сии растанипарварӣ, ки ба парвариши пахта машғул аст. Дар СССР пахтаро дар Республикаи Советии Сотсиалисти Тоҷикистон, Республикаи Советии Сотсиалисти  Ӯзбекистон, Республикаи Советии Сотсиалисти  Туркманистон, Республикаи Советии Сотсиалисти  Озарбойҷон, Республикаи Советии Сотсиалисти Қазоқистон, Республикаи Советии Сотсиалисти  Қирғизистон парвариш мекунанд. Пахтакорӣ ҳанӯз пеш аз милод дар Ҳиндустон, Хитой, …

Муфассал »

Пал

Пал, як қитъаи замини кишт, ки он ҷо асосан сабзавот, инчунин ғалладона (масалан, шолӣ) мекоранд.

Муфассал »

Пайванд

payvand

Пайванд, трансплантасия, навда (қаламча) ё муғҷа (чашмак)-и як растанӣ (пайванддӯст)-ро ба ди­гараш (пайвандтак) пайвастан. Пайванд яке аз муҳимтарин усулҳои афзояши нашвии растанӣ (нигаред Афзоиш) буда, дар ҷангалзорӣ, току боғдорӣ, растанипарварӣ ва парвариши ниҳолу растаниҳои орошӣ васеъ истифода мешавад. Пайванд барои нигоҳ доштани хусусиятҳои навъии растаниҳои бисёрсола; иваз кардани пайвандтак, ки …

Муфассал »

Панҷшоха

panjshoxa

Панҷшоха, чоршоха, сешоха, асбоби деҳқонӣ. Панҷшоха чубин ва Оҳанин мешавад. Панҷшохаи чӯбин аз се қисм иборат аст: даста, тахтачаи ба даста пайваст ва шохаҳо. Даста аз чӯби бед (дарозиаш 150—180 см), шохаҳо (дарозиашон 28—33 см) аз чӯби сахт (заранг, фарқ, ирғай, зардолу ва ғайра) тайёр карда мешаванд. Шохаҳоро аз сӯрохиҳои …

Муфассал »

Омоч

0

Омоч, олати қадимии ҷуфтронист, ки дар Осиёи Миена, Афғонистон ва Тибет истифода бурда мешавад. Омоч аз се қисм: тир, тана ва даста иборат аст. Тир қисми асосии он буда 2—3 метр дарозӣ, 8—10 сантиметр ғафсӣ дорад. Дар тарафи борики тир 2—5 сӯрохии хурд ҳаст, ки Омочро бо юғ  мепайвандад. Тана …

Муфассал »

Обчакорӣ

0

Обчакорӣ, соҳаи растанипарварй, парвариши растаниҳои полизӣ (тарбуз, харбуза, каду ва ғайра). Нигаред Растаниҳои полизӣ.

Муфассал »

Обхӯраи чарогоҳи

0

Обхӯраи чарогоҳи, пункт и о б х ӯ р а, майдончаи ҷиҳозонидашуда барои обдиҳии ҳайвонот. Обхӯраи  чарогоҳиро дар чарогоҳ ва дар сари роҳҳои чорвогузар барпо мекуванд. Барои он ки об дар Обхӯраи чарогоҳӣ муддати зиёд наистад, майдончаро аз манбаи об (чох, ҳавз, дарё, кӯл, обанбор, ка­нал) андаке нишеб (0,05°) месозанд …

Муфассал »