Маълумоти охирин
Главная / Теги: Дастакори

Теги: Дастакори

Оҳангарӣ

ohangari

Оҳангарӣ, навъе аз пешаву ҳунар. Оҳангарӣ дар замонҳои қадим ба вуҷуд омадааст. Дар ҳазораҳои 4—3 то милод дар Эрон, Байнаниаҳрайн, Мисри Қадим ва ғайра аз оҳан хелҳои гуногуни силоҳ, олоти меҳнат ва ғайра месох- танд. Аз ин ҷост, ки аз қадим боз дар Европа, Осиё, Африка ҳунари Оҳангарӣ маъмул аст. …

Муфассал »

Оинакорӣ

0

Оинакорӣ, маҷмӯи корҳои бинокорист, ки ба мақсади оинабандии дару тиреза, витринаву чароғҳои танвирии бинову иншоот ва ғайра иҷро карда мешавад. Дар вақти Оинакорӣ навъҳои гуногуни шиша (шишаи тиреза. шишаи витрина, шишаи рахдор. шишаи ранга ва ғайра), инчунин шишаблокҳову «шишапакетҳоро истифода мебаранд. Оинакорӣ асосан аз ду марҳила иборат аст: буридани шиша …

Муфассал »

Нақра

1

Нақра (ар. — зарб, задан), яке аз усулҳои зарби мусиқӣ. Ченаки зарбии (вазни) Нақра дар рисолаҳои мусиқии гузашта бо ҳарфдои арабии  (т) ва (н)  ифода мешуд. Аз пайвастани ҳиҷоҳои дарозу кутоҳ Нақраҳои муайян ба вуҷуд меоянд. Масалан, танан (аз як ҳиҷои кӯтоҳи та ва як ҳиҷои дарози нан), та ванан …

Муфассал »

Наъл

1

Наъл, олати филизиест, ки барои муҳофизати суми ҳайвоноти боркаши хонагӣ (асп, хар) ва пешгирӣ кар­дан аз фитшавӣ ба пошна ва тагчарми баъзе навъҳои пойафзол (кафш, мӯза ва ғайра) мезананд. Дар замонҳои пеш барои муҳофизати пошна кафши аз най, лиф, пахол, ресмон бофташуда ба кор мебурданд. Баъдтар аз оҳан сохтани Наъл …

Муфассал »

Нахбандӣ

1

Нахбандӣ як навъ ҳунари бофандагист, ки чиллаҳои оҳаршударо дар ҷои васеъ кушода, фара мезаданд ва амали Нахбандиро анҷом медоданд.

Муфассал »