Маълумоти охирин
Главная / Теги: Гамбусак

Теги: Гамбусак

САРГИНҒЕЛОНҲО

САРГИНҒЕЛОНҲО, саргинхӯракҳо, як гурӯҳ гамбусакҳоеро гӯ- янд, ки ба оилаи лавҳачамӯйлабҳо мансубанд. Якчанд зерсиларо дар бар мегиранд. Андозаашон 3—70 миллиметр; рангашон бур ё сиёҳ, баъзан ҷилои металлӣ дорад. Аксари кирминаю гамбускҳои болиғи ин гурӯҳ саргин, баъзеашон ҷасади ҳайвоноти мурдаро мехӯранд, баъзеи дигарашон бошанд, растанихӯранд. Саргинғелонҳои модина дар саргини ҳайвонҳои ширхӯр …

Муфассал »

ХАРТУМЧАДОРҲО

xart

ХАРТУМЧАДОРҲО, гамбускҳои нӯлдароз (Curculionidae), як оилаи гамбускҳоро гӯянд, қи қисми пеши сарашон ба монанди хартумча дароз шудааст. Аксари хартумчадорҳо фитофаганд, яъне узвҳои гуногуни растаниҳои сабзро мехӯранд; танҳо баъзеи онҳо, масалан, Соssоnus дар чӯби пӯсида афзоиш мекунанд ва кирминаи онҳо решаи растаниҳоро мехӯрад. Бисёр хартумчадорҳо зараррасонҳои зироати хоҷагии қишлоқ мебошанд: гамбуски …

Муфассал »

ТИХИУС

tixius

ТИХИУС (Тuchius) як ҷинси гамбускҳоро гӯянд, ки ба лӯбиёиҳо (махсусан юнучқа) зарар мерасонад. Тихиус дар ҳама ҷо вомехӯрад.

Муфассал »

ПӮСТЛОХХӮРАКҲО

pustloxxurakho

ПӮСТЛОХХӮРАКҲО (Ipidae ё Sco- Ivtidae), як оилаи гамбускҳо. Гамбускҳои майда (0,8—12 мм), сиёҳ ё сиёҳи сурхтобанд; мӯйлаби сӯзанмонанд, пойҳои чорбанда доранд. Боли болои аксарияти онҳо барои аз байни бофтаҳои дарахт роҳ кушодан хизмат мекунад. Пӯстлоххӯракҳо зероилаи заболонникҳо (гамбускҳои зери пӯстлохӣ) ва пӯстлоххӯракҳои ҳақиқиро дар бар мегиранд; умуман пештар аз 3000 …

Муфассал »

ШАБЧАРОҒ

shabcharogh

ШАБЧАРОҒ шамъак, кирмаки шабтоб — таъбири Рӯдакӣ ((iampyridae), як оилаи гамбускҳоро гӯянд. Шабчароғ ҳашароти шабгард буда, бадани дароз дорад (модинааш кирмшакл). Рангаш сиёҳтоб. Баъзе Шабчароғҳои модина ва тухму кирминаи онҳо дар охири шикамашон узви махсус доранд, ки аз худ рӯшноӣ мебароранд. Ғизои Шабчароғ асосан нармбаданҳост. Қариб 2 ҳаз. намуд дорад. …

Муфассал »

ЧӮБХӮРАКҲО

chubxurakho

ЧӮБХЎРАКҲО (Anobiidae), як оилаи гамбускҳоро гӯянд. Аксаран дорчинии тира ё сурхтобанд; баданашон устувонашакл (дарозиаш 2—8 мм). Чўбхўракҳо асосан растанихур, баъзеашон лошахур (сапрофаг). Асосан кирминаи онҳо чӯбхӯранд. Баъзе гамбускҳои Чўбхўракҳо тамоман ғизо намегиранд. Чўбхуракҳо бештар дар танаи дарахтони хушкида ҷой мегиранд. Дар дуньё тақр. 1000 (дар СССР қариб 100) намуди Чўбхуракҳо …

Муфассал »