Маълумоти охирин
Главная / Теги: газета

Теги: газета

“САРҲАДЧИЁНИ СОВЕТӢ”

newspapers

“САРҲАДЧИЁНИ СОВЕТӢ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Совети депутатҳои меҳнаткашони райони Даштиҷум. Аз соли 1938 то 1957 то тиражи 1000 нусха, ҳафтае 1 маротиба ба забони тоҷикӣ нашр мешуд. Аввал бо номи «Сарҳадчиёни сурх» мебаромад, аз 2 июли 1955 «Сарҳадчиёни советӣ» ном гирифта буд.

Муфассал »

Газетаи «САМАРҚАНД»

newspapers

«САМАРҚАНД» газета, органи сотсиал-демократҳои Самарқанд, ки аз 10 апрели 1904 то 7 апрели 1907 ба забони русӣ нашр шудааст. Ноширони «Самарқанд» як гурӯҳ зиёиёни шаҳри Самарқанд буданд. Дар ин газета Н. В. Болотин, II. В. Поздняков, М. В. Морозов ва дигар болшевикҳо ҳамкорӣ кардаанд. Аз октябри 1905, вақте ки М. …

Муфассал »

Газетаи «САДОИ ФАРҒОНА»

newspapers

«САДОИ ФАРҒОНА», газетаи пешазреволютсиониест, ки равияи ҷадидӣ дошт ва афкори зиёиёни маърифатпарвар ва тоҷирони водии Фарғонаро ифода мекард. Муассис, ношир ва муҳаррираш Обидҷон Маҳмудов буд. Чопи «Садои Фарғона» 3 апрели 1914 cap шуда, ҳафтае се бор мебаромад. Ҳамагӣ 8 моҳ нашр шуд ва андаке бештар аз 100 шумора интишор гардид. …

Муфассал »

Газетаи «САДОИ ТУРКИСТОН»

newspapers

«САДОИ ТУРКИСТОН», газета, нашрияи буржуазияи миллии Туркистон, ки дар Тошканд аз апрел то сентябр 1914 ҳамагӣ 66 шумора баромадааст. Азбаски муҳаррири «Садои Туркистон» Убайдуллохоҷа Асадуллохоҷаев хати арабиро намедонист, таҳрири мақолаҳо бештар ба зиммаи Мунаввар Қорӣ буд. Дар кори «Садои Туркистон» А. Авлонӣ, Ҳамза Ҳакимзода, С. Айнӣ, А. Сулаймон ва дигарон …

Муфассал »

«САДОИ АМЕРИКА»

vof

«САДОИ АМЕРИКА» («The voice of America»), стансияи радиошунавонии ҳукумати ИМА барот мамлакатҳои хориҷист (аз соли 1942). Ба ҳайати Агентии информатсионии ИМА дохил аст. Ба воситаи бештар аз 100 передатчик қариб ба 50 забон (аз ҷумла форси) ахборот медиҳад. Калонтарин марказҳои ретранслятсияи «Садои Америка» дар Британияи Кабир, РФГ, Юнон, Маракаш, Либерия, …

Муфассал »

Газетаи «РУШОНИ СОВЕТӢ»,

newspapers

«РУШОНИ СОВЕТӢ», газета, органи Комитети партиявӣ ва Комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқии райони Рушон. Солҳои 1942—1949 ҳафтае 3 бор бо номи «Овози Рушон» ба забони тоҷикӣ чоп мешуд. Аз 9 феврали 1950 газета бо номи «Рушони советӣ» интишор ёфт. Солҳои 1960—1966 нашри он муваққатан қатъ гардид. Аз 19 январи 1966 …

Муфассал »

Газетаи «РУССКИЙ ТУРКЕСТАН»

newspapers

«РУССКИЙ ТУРКЕСТАН» («Туркистони Рус»), газетаест, ки аз соли 1898 то 1917 дар Тошкент нашр шу¬дааст. Солҳои 1905—1907 он ба тарғиби ақидаҳои с-д cap кард. Дар ин давра дар он М. В. Морозов, А. В. Худаш, А. П. Голберт, Г. И. Шавдия, В. В. Биковский барин сотсиал демократхо кор мекарданд. Газета …

Муфассал »

Газетаи «ТУҶҶОР»

newspapers

«ТУҶҶОР», газетаи ҳафтаинаест, ки аз августи 1907 то июни 1908 дар Тошканд ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ (36 шумора) баромадааст. Муҳаррир ва ношири он Саидкарим Саидазимбоӣ буд, «Туҷҷор» нашри афкори буржуазияи миллии навташкил буда, сиёсати ҳукуматро дастгирӣ мекард. Аксари мақолаҳои «Туҷҷор» хусусияти реакционӣ дошт. И. Усмонов.

Муфассал »

«ТУРКМЕНСКАЯ ИСКРА»

newspapers

«ТУРКМЕНСКАЯ ИСКРА» («Шарораи Туркманистон»), газетаи ҳаррӯзаи республикавии РСС Туркманистон. Дар Ашқобод аз соли 1923 ба забони русӣ мебарояд. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст (1959).

Муфассал »

«ТУРКЕСТАНСКИЕ ВЕДОМОСТИ»

tvedomosti

«ТУРКЕСТАНСКИЕ ВЕДОМОСТИ» («Ведомостҳои Туркистон»), аввалин газетаи расмии ҳукумати подшоҳии рус дар Осиёи Миёна. Аз 28 апрели 1870 то 15 декабри 1917 нашр шудааст. Аз соли 1871 ҳафтае як бор (1000 нусха) ва аз соли 1903 ҳафтае се шумора (1500 нусха) мебаромад. И. Усмонов.

Муфассал »