Маълумоти охирин
Главная / Теги: Воҳид

Теги: Воҳид

ФУНТ

funt

ФУНТ, воҳиди пули РМА (фунти мисри = 100 пиастр = 1000 мильем), Исроил (фунти исроилӣ =100 агор), Ирландия (фунти ирландӣ =100 пенс), Лубнон, Сурия (фунти лубнонию суриягӣ=100 пиастр), инчунин Кипр, Судон, Малта, Гибралтар ва баъзе мамлакатҳои дитар. Қурби фунтро нисбат ба сӯми советӣ Банки давлатии СССР ҳамеша эълон мекунад.

Муфассал »

ФАРАД

ФАРАД, воҳиди гунҷоишн электрик дар Системаи воҳидҳои байналхалқӣ ва Системаи воҳидҳои МКСА. Ба шарафи М. Фарадей гузошта шудааст. Ишораташ Фарад аст. Маъмулан як ҳиссаи муайяни Фарад (микрофарад, пикофарад)-ро дар амалия истифода мебаранд; 1Ф = 8,99 · 1011 см (воҳиди СГСЭ) = 10-9 воҳиди СГСМ.

Муфассал »

ТОРР

ТОРР, воҳиди ғайрисистемавии фишорро гуянд, ки ба 1/760 ҳиссаи атмосфера, яъне ба 101325 : 760 = 133,322 (Н/м2 ё паскал) баробар мебошад. Ба шарафи Э. Торричелли номидаанд. Ишораташ торр, байналхалқиаш Тоrr.

Муфассал »

ТОННА

tonna

ТОННА (аз франсузӣ tonne) воҳиди асосии масса; баробари 1000 кг. Тонна дар забони русӣ, тоҷикӣ ва байбаиналхалқӣ ( қабул шудааст. Дар ШМА Тоннаи дароз (1016,047 кг) ва Тоннаи кӯтоҳро (907, 185 кг) нив истифода мебаранд.

Муфассал »

ТЕСЛА

ТЕСЛА, воҳиди индукцияи магнитист дар системаи воҳидҳои байналхалқӣ: ба индукцияи магнитие баробар аст, ки дар зимни он веберсеяи магнитӣ аз буриши Кӯндалангии масоҳаташ 1 м2 гузашта метавонад. Мавсум ба Н. Тесла. Ишораташ Т. 1 Т — 1 Вб/м2 = 1 Н/ (Ам) = 100 Гс.

Муфассал »

ПЕЗА

ПЕЗА (аз юнонӣ piezo — мефишурам), воҳиди фишор ва шиддати ме­ханикӣ дар системаи воҳидҳои МТС. Ифодаи русиаш пз, байналхалқиаш pz. Пеза ададан ба фишоре баробар аст, ки ҳангоми ба ҳамвории масоҳаташ 1 м2 мунтазам таъсир расондани 1 стен қувваи ба он нормал ҳосил мешавад. 1 пз = 1000 Н/м2 (Па) …

Муфассал »

ПУД

pud

ПУД, 1) воҳиди ченаки вазн, ки дар Россия. Белоруссия ва Украина ҷорӣ буд. Аввалин бор дар ҳуҷҷатҳои асри 12 номбар шудааст. Пуд ба 40 фунт (тақрибан 16,38 кг) баробар буд. Дар СССР Пуд аз соли 1924 бекор кар­да шудааст. Пуд чун ченаки вазн дар байни тоҷикон низ маъмул буд (1 …

Муфассал »

ПУАЗ

puaz

ПУАЗ, (франсавӣ Poise), воҳиди ғилзати динамикӣ дар системаи воҳидҳои СГС. П. ба ғилзати моеъе ба­робар аст, ки ба ҳаракати мутақобили ду қабати моеи масоҳаташон 1 см2, фосилаашон 1 см ва нисбат ба якдигар бо суръати 1 см/сон ҷой ивазкунанда бо қувваи 1 дина муқобилат нишон медиҳад. Мавсум ба Ж. Л. …

Муфассал »

ЭРСТЕД

ЭРСТЕД, воҳиди шиддатнокии майдони магнитиро дар Системаи воҳидҳои СГС номанд. Ба шарафи X. К. Эрстед номида шудааст; ишораи тоҷикиаш Э, байналхалқиаш Ое.

Муфассал »

ЭРГ

ЭРГ (аз лот. ergon —кор), воҳиди кор ва энергияро дар Системаи ваҳидҳои СГС номанд. Ишораи русиаш эрг, байналхалқиаш — erg; 1 эрг =10-* я

Муфассал »