Маълумоти охирин
Главная / Теги: БОЗОР

Теги: БОЗОР

ЯРМАРКА

yarmarka

ЯРМАРКА, (аз нем. lahrmarkt — солбозор, бозори ҳарсода), бозорест, ки мунтазам дар вақт ва маҳалли муайян барпо мешавад; фуруши мавсимии як ё якчанд навъи молро гуянд. Я. дар мамлакатҳои Европа ибтидои асрҳои миёна ба вуҷуд омадааст. А-ҳои 10—11 дар натиҷаи пайдоишу твраққии шаҳрҳо, инкишофи истеҳсолоти ҳунармандӣ, пайдоиши бозори дохилӣ, вусъати …

Муфассал »

БОЗОРИ ҶАҲОНӢ

bozori-chahoni1

БОЗОРИ ҶАҲОНӢ, яке аз қисматҳои таркибии хоҷагии умумиҷаҳонӣ, ки бахшҳои талабот ва пешниҳодро дар бар мегирад; системаи собити муносибатҳои пулию молӣ байни давлатҳо, соҳибкорон, ташкилотҳои тиҷоратӣ, фирмаҳои давлатҳои гуногун, ки дар тақсимоти байналмилалии меҳнат байни ҳамдигар робита доранд. Бозори ҷаҳонӣ аз намудҳои гуногуни бозори ашё, бозори хидматрасо­нӣ, бозори молиявӣ, бозори …

Муфассал »

БОЗОРИ ҶАҲОНИИ СОТСИАЛИСТӢ

bozori-chahoni

БОЗОРИ ҶАҲОНИИ СОТСИАЛИСТӢ, маҷмӯи муносибатҳои хариду фурӯш дар низоми ҷаҳонии сотсиализм. Бозори ҷаҳонии сотсиалистӣ баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бинобар ташаккули системаи сотсиалистии хоҷагидорӣ ва ба роҳ мондани савдои берунӣ бо давлатҳои сотсиалистӣ арзи ҳастӣ кар­да буд. Асоси мубодилоти молии Бозори ҷаҳонии сотсиалистӣ тақсимоти байналмилалии меҳнат маҳсуб мешуд. Дар империяи Итттиҳоди …

Муфассал »

БОЗОРИ ТИЛО

Gold ingots are arranged for a photograph at the Korea Gold Exchange headquarters in Seoul, South Korea, on Wednesday, Aug. 24, 2011. Gold rebounded after dropping from an all-time high above $1,900 an ounce as investor concern that worsening sovereign-debt crises are exacerbating a global economic slowdown increased demand for a store of value. Photographer: SeongJoon Cho/Bloomberg via Getty Images

БОЗОРИ ТИЛО, бозоре, ки муҳосиботи байналмилалӣ, талаботи саноати маишӣ, пасандози хусусӣ ва маблағгузориро амалан таъмин менамояд. Бозори тилло биржавӣ ва ғайрибиржавӣ мешавад. Тило дар баробари дигар ашё объекти тиҷорати биржавӣ аст. Бозори биржавии тило бозори муташаккил буда, аз ҷониби биржаҳои филиззоту сангҳои қиматбаҳо роҳандозӣ шудааст. Бозори ғайрибиржавии тилоро бо роҳи …

Муфассал »

БОЗОРИ СИЁҲ

bozori-siyoh

БОЗОРИ СИЁҲ, 1) нархгузории ғайрирасмӣ ва амали­ёт бо коғазҳои қиматнок дар ибтидои пайдоиши онҳо дар бозор. 2) Савдои ғайриқонуние, ки дар шароити тақсимоти меъёрӣ ва танзими маъмурии нархҳо бар зиёни ҳуқуқи харидор ба миён омадааст. 3) Савдои пинҳонии молҳои манъшуда.

Муфассал »

БОЗОРИ ПУЛ

bozori-pul

БОЗОРИ ПУЛ, бозори сармояҳои кӯтоҳмуҳдат дар шакли қарзу коғазҳои қиматнок ба муҳлати, одатан, то се моҳ (90 рӯз). Дар Бозори пул шахсе, ки аз рӯйи шарти муайян қарз медиҳад (қарздиҳанда) ва шахсе, ки аз рӯйи шарти муайян қарз мегирад (қарзгир), ширкат меварзанд. Яке аз табақаҳои иштирокдорони Бозори пул даллолони молиявӣ …

Муфассал »

БОЗОРИ ОЗОД

bozori-ozod

БОЗОРИ ОЗОД, харидуфурӯши коғазҳои қиматнок аз ҷониби бонки марказӣ (миллӣ) бо мақсади таъсир расондан ба миқдори пули дар гардиш буда ва ҳаҷми қарзҳо. Амалиёт асосан ба тавассути коғазҳои қиматноки кӯтоҳмуддати давлатӣ ва баъзан бо коғазҳои миёна ва дароз­муҳлат сурат мегирад. Дар натиҷаи харид маблағгузорӣ ба низоми иқтисодиёт афзоиш ёфта, бо …

Муфассал »

БОЗОРИ МОЛИЯВӢ

bozori-moliyavi

БОЗОРИ МОЛИЯВӢ, низоми муносибатҳоест, ки дар он аз нав тақсим кардани захирахои молиявӣ тавассути миёнаравони молиявӣ сурат мегирад. Бозори молиявӣ аз бозори сар­моя ва бозори пул иборат мебошад. Дар Бозори молиявӣ гардиши сармоя, пешниҳоди қарз, амалиёти табодули пул ва воридсозии маблағхои молиявӣ дар истеҳсолот ба амал ме­ояд. Маҷмӯи талаботу пешниҳодот …

Муфассал »

БОЗОРИ МЕҲНАТ

bozori-mehnat

БОЗОРИ МЕҲНАТ, соҳаи талаботу пешниҳод ба қувваи корӣ. Бозори меҳнат барои ба муҳлати муайян фурӯхтани нерӯи корӣ мусоидат мекунад. Объекти хариду фурӯш дар Бозори меҳнат қувваи корӣ, малака, тахассус ва қобилияти меҳнат аст. Бозори меҳнат ба маънии том силсилаи муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии ҷамъият буда, барои таъмини муттасилу бомароми …

Муфассал »

БОЗОРИ ҚУВВАИ КОРӢ

bozori-kuvvai-kori

БОЗОРИ ҚУВВАИ КОРӢ, қисми ҷудоноипазири иқтисоди бозорӣ. Бозори қувваи корӣ тарзи ҷамъиятию иқтисодии ҳаракати захираҳои меҳнатӣ ва роҳи ба системаи иқтисоди ворид сохтани нерӯи корист. Дар шароити иқтисоди бозорӣ не­рӯи корйӣ мол буда, баҳо ва арзиш дорад. Бозори қувваи корӣ аз рӯйи системаи муносибат байни харидор (корфармо), фурӯшан­да (молики қувваи …

Муфассал »