Маълумоти охирин
Главная / Теги: Асбобҳо

Теги: Асбобҳо

ЧАРХДЕГ

charxdeg

ЧАРХДЕГ, чахдег, чағдег, асбоби махсусест барои аз ҷурғот ҷудо намудани маска. Чархдег аз чархчӯб ва дег иборат аст. Таги дег ҳамвор буда, даҳонаш нисбатан танг аст. Он сафолин, чўбин ва ҳаҷмаш гу-ногун аст. Ҷурғотро ба Чархдег андохта дастак (тир)-и чархчўбро аз 2 ҳалқаи чӯбин (чахник)-и ба мех ё сутун басташуда …

Муфассал »

Абак

abak

Абак (лот. аbacus), абак, асбоби арифметикиест аз чӯб ва мӯҳраҳои махсус, баистилоҳ, нахустин «калкулятори чубин» дар ҷаҳон. Абак чун асбоби муҳосибӣ дар тамоми кишварҳои қадим истифода мешуд ва то ҳанӯз дар кишварҳои Осиё, аз ҷумла дар Тоҷикистон бо номи «чӯт» баъзан истифода мешавад. Риёзидони асримиёнагии Италия Леонардо Пизан­ский, ки бо …

Муфассал »

Планиметр

planimetr

Планиметр (аз лотинӣ planum — ҳои мусаттаҳ, ҳамворӣ ва … метр), асбоби математикиест барои хеле саҳеҳ чен кардани масоҳати ашколи ҳамвор ва дарёфтани қимати ададии интегралҳои намуди муайян. Дар як нӯги фашанги хаткаши Планиметр штифте насб аст, ки он тарҳи шаклро мекашад, штифти дигар аз рӯи хати ташкилдиҳанда ҳаракат мекунад …

Муфассал »

Перфоратор

perforator

Перфоратор (лот. реforo —сӯрох мекунам), дар системаи коркарди информтсия, олатест барои сӯрох кардани коғаз, навори кино ва ғайра ба мақсади сабти ин­форматсия. Перуҳое, ки барои сабт кар­дани информатсияи разами, ҳуруфӣ ва ҳуруфию рақамӣ дар перфонавор ва перфоқартаҳо таъин шудаанд, бештар маъмуланд. Перуҳо вобаста ба таъинот, сохти олати ҳаракатовару олати сӯрохкунанда, …

Муфассал »

Перископ

periskop

Перископ (аз юн. реriskopeo — ба атроф менитарам), асбоби оптикиест барои мушоҳидаи танк, киштии зериобӣ ва ғайра аз даруни паноҳгоҳ (окон, заминканд ва ғайра.). Бо ёрии аксари Перископҳо кунҷҳои уфуқӣ ва амудӣ дар маҳал чен ва масофаи объ­ект муайян карда мешавад. Сохт ва тавсифи оптикии Перископҳоро вобаста ба таъинот, чоп …

Муфассал »

Пеленгатор

pelengator

Пеленгатор, асбобест дар навигатсияи баҳрӣ ва ҳавоӣ барои муайян кардани самтҳои кунҷӣ нисбат ба объектҳои беруна (объектҳои соҳилӣ ё шинокунанда, чирмҳои осмонӣ ва ғайра).

Муфассал »

Пайкон

payk

Пайкон, олатест, ки ба нӯки тири камон ё найза пайваст намуда, дар шикор ва ҷангҳо истифода ба­ранд. Пайкон ҳанӯз дар давраи мезолит ва неолит ба вуҷуд омадааст. Он дар ибтидо аз чақмоқсанг (баъзан устухон), дертар аз биринҷӣ ва чӯб сох­та мешуд. Дар охирҳои асри биринҷӣ (асрҳои 12—8 то милод) дар …

Муфассал »