Маълумоти охирин
Главная / Теги: асбоби мусиқӣ

Теги: асбоби мусиқӣ

САТО

sato

САТО, асбоби мусиқии торист, ки бо камонча менавозанд. Сато дар байни тоҷикои, ӯзбекҳо, эрониён, афғонҳо ва бисёр халқҳои мамлакатҳои Шарқ маъмул аст. Сато ба танбӯр монанд буда, косааш нисбатан калонтар ва сарпӯш (рӯйпӯш)-аш каме васеътар мебошад. Он аз чӯби тут сохта мешавад. Дарозии умумиаш 130 —140 сантиметр. Баъзе мутрибон танбӯрро …

Муфассал »

САРАНГИ

sarangi

САРАНГИ, як яавъ асбоби мусиқии тордори ҳиндист, ки бо камонча менавозанд. Дастааш кӯтоҳ буда, онро аз чӯб месозанд. Ба рӯи косаи дарозрӯяаш пӯст мекашанд. Саранги 3—4 тори асосӣ (яктоаш филизӣ, дутоаш зеҳ; дар квинта ва кварта ҷӯр мешавад) ва 14— 15 тори иловагии мансуб ба қаторовози диатоникӣ (барои акси садо) …

Муфассал »

ФОРТЕПИАНО

e59b2b4d237d7f75213cb440ec394fbc

ФОРТЕПИАНО (италиянӣ Fortepiano аз forte — баланд ва рiano — оҳиста, паст), асбоби мусиқии клавишдори торӣ. Солҳои 1709—11 дар Италия Б. Кристофори ихтироъ кардааст. Торҳояш бештар аз 90 қаторовози хроматикй ҳосил карда метавонад. Диапазонаш васеъ буда 71/4 октаваро дар бар мегирад. Ҳамчун асбоби якканавози ва ҷӯршаванда дар ансамбл, баъзан дар …

Муфассал »

ШОҲРУД

tor

ШОҲРУД, асбоби қадимии мусиқист, ки ба чанг монанд аст. Ш. шакли трапециявӣ ва росткунҷаро дорост. Сохти Ш.; қуттии резнаторист, ки аз болояш торҳои зиёде (сегона) кашида мешаванд. Гушакҳояш дар тарафи рост. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои қадимӣ Ш. дар а-ҳои 8—9 аз тарафи сокинони куҳистони назди Самарқанд (аз тарафи Абуҳафсл Суғдӣ) гихтироъ …

Муфассал »

СУРНАЙ

surnay

СУРНАЙ (аз арабӣ, — ҷашни шоди ва най), сози мусиқии нафасист. Дар байни халқҳои тоҷик, ӯзбек, турк, сокинони Кавказ, Эрон ва ғайра паҳн шудааст. Ба най шабоҳат дошта, сараш васеи махрутӣ, қисми поёнаш нисбатан борик. Дарозиаш 45—55 см. Аз чӯби чормағзё зардолу сохта мешавад. Рӯяш 7 сӯрох ва зераш як …

Муфассал »

СОЗ

soz

СОЗ, 1) асбоби тории мусиқиест, ки дар байни халқҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон, Закавказия, Афғонистон, Эрон ва Туркия маъмул аст. Соз косаи мурудшакл дошта, аз чуб сохта мешавад. Дастааш дароз буда, ба он пардаҳо насб шудаанд. Соз торҳои филизии ҷуфт ë дутори сегона дорад. Торҳои Соз ба ҳамдигар бо сози кварта …

Муфассал »

СКРИПКА

skripka

СКРИПКА, аcбоби мусиқии тордоре, ки бо камонча навохта мешавад. Аз рӯи садои регистраш баландтарин асооби гурӯҳи скрипкашаклҳо (Скрипка, алт, виолончел, контрабас). 4 тори мувофиқи квинта ҷӯршаванда дорад. Диапазонаш аз соли октаваи  хурд то до3. Дарозии  умумиаш 600 мм. Тахмин меравад, ки Скрипка  асбоби камончадори  арабҳо буда, асри 8 ба Европаи …

Муфассал »

МИЗРОБ

mizrob

МИЗРОБ (ар.—нохунак, вахма, медиатор), олотост барои навохтани асбобҳои мусиқии тордор (рубоб, тор, мандолина ва ғ.). Аз масолеҳи гуногун (фулузот, устуҳои, пластмасса ва ғ.) месозанд. Нӯгаш борик. барои навохтани тори созҳо мувофиқ кунонда шудааст. Барои навохтани танбур навъи дигари он­ро (ниг. Нохун) истифода мебаранд. Истилоҳи «Мизроб» бо номи мақомҳо низ ҳамроҳ …

Муфассал »

МУСИҚОР

nay

МУСИҚОР номи яке аз асбобҳои қадими мусиқии классикӣ. Аз ду найи дарозу кӯтоҳи бо ҳам васлшуда, яъне найи бузург (дорои 6 сӯрох) ва найи хурд (дорои 4 ё 3 сӯрох) иборат буда, овози хеле форам доштааст. Мувофиқи маълу-моти баъзе сарчашмаҳо Ҳаким Абӯҳафси Суғдӣ (асрҳои 9—10) ихтироъкори Мусиқор будааст. Аз рӯи …

Муфассал »