Маълумоти охирин
Главная / Теги: асар

Теги: асар

«САФАРНОМА» – асари Носири Хисрав

«САФАРНОМА» асари Носири Хисрав; зоҳиран нахустин аса- рест, ки дар адабиёти форс-тоҷик дар жанри сафарнома навишта шудааст. « Сафарнома » қайдҳои хотироти сафари ҳафтсолаи Носири Хисравро (аз 5 марти 1046 то 23 октябри 1052) дар бар мегирад. Вай дар муддати ин сафар 2220 фарсанг (17 ҳазор километр) масофаро тай намуда, …

Муфассал »

«САРФУ НАҲВИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ» – асари Саидризо Ализодаи Самарқандӣ

«САРФУ НАҲВИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ» асари Саидризо Ализодаи Самарқандӣ, қи соли 1926 аз тарафи Нашриёти Давлатии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон 2000 нусха дар шаҳри Самарқанд бо хати настаъли-қи ҷалӣ ба чоп расидааст. Дар «Дебоча аз тарафи муаллиф гуфта шудасст, ки «Чун ин сарфу наҳви тоҷикӣ нахустин бор таълиф мешавад, аз …

Муфассал »

«САРВИ ОЗОД»

«САРВИ ОЗОД» , асари шоир, донишанд ва тазкиранависи фор- сизабони Ҳиндустон Мир Ғуломалии Озоди Балгиромӣ (1705—1785). Номи дигараш «Маосир-ул-киром». Ин китоб аз се фасл иборат буда, таърихи муфассали шаҳри Балгиром, шарҳи зиндагӣ ва фаъолияти намояндагони машҳури дину мазҳаб ва илму адаби Ҳиндустонро дар бар мегирад, «Сарви озод» дар бораи 130 …

Муфассал »

«САМАРИЯ»

«САМАРИЯ» -асари таърихии Абӯтоҳирхоҷаи Самарқандӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1874, Кармина). «Самария» дар солҳои 60 асри 19 таълиф гардида, аз муқаддима, 11 боб ва хотима иборат аст. Асар ба таърихи Самарқанд бахшида шуда, аз пайдоиши шаҳр, иқлиму мавқеи географӣ, ҳокимону уламо ва зиёратгоҳҳои он маълумот медиҳад. Шарқшиноси рус В. …

Муфассал »

«САМАКИ АЙЁР»

samak

«САМАКИ АЙЁР» – як намунаи осори насри омиёнаи форс-тоҷик аст, ки тавассути қиссахонон аз ривоятҳои пароканда ба миён омадааст. Дар матн ровии асар Садақа ибни Абулқосими Шерозӣ номида шудааст. Аз 20. 6. 1189 оғоз карда, Фаромурз ибни Худодод ибни Абдуллоҳи Арҷонӣ ба китобати он пардохтааст. «Самаки айёр» аз дил бастани …

Муфассал »

«РОҲАТ-УС-СУДУР ВА ОЯТ-УС-СУРУР»

«РОҲАТ-УС-СУДУР ВА ОЯТ-УС-СУРУР» асари таърихии Наҷмуддии Муҳаммади Ровандӣ, ки соли 1221 таълиф шудааст. «Роҳат-ус-судур ва оят-ус-сурур» ба шарҳи воқеаҳо ва таърихи салтанати хонадони салҷуқӣ (аз ибтидои барқароршавии сулолаи Салҷуқиён то инқирози он) бахшида шудааст. Муаллиф зимни баёни воқеаҳои таърихӣ аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мисолҳо оварда, дар охири асар вазъи сиёсии …

Муфассал »

РОМАНС

86

РОМАНС (аз испанӣ romance, айнан романӣ, яъне испанӣ), асари мусиқии камеравӣ барои овоз бо ҳамовозии созҳо. Истилоҳи «Романс» дар асрҳои миёна дар Испания пайдо шуда, он аввал сурудҳои дунявии ба забонт испанӣ (романӣ) эҷодшударо ифода мекард (хилофи сурудзои калисоӣ, ки ба лотинӣ эҷод мешуданд). Баъдтар дар дигар мамлакатҳо низ маъмул …

Муфассал »

«РИСОЛАТ-УШ-ШАРАФИЯ»

«РИСОЛАТ-УШ-ШАРАФИЯ» рисолаи мусиқӣ. Номи пуррааш «Рисолат-уш-шарафия фил нисб-ит-таълифия» аст. Ба қалами мусиқишиноси номӣ Сафиуддин Абдулмӯъмини Урмавӣ мансуб аст. Рисолат аз 5 мақола иборат аст, роҷеъ ба масъалаҳои назариявии мусиқӣ баҳс менамояд. Мақолаи аввал масъалаҳои умумии илми мусиқӣ, моҳияти он, тафсири савт, пайдоиши асвоти мусиқӣ, нисбати абъод (бӯъд-фосилаҳо) ва тарзи истихроҷи …

Муфассал »

«РИСОЛАИ ҚУШАЙРИЯ»

«РИСОЛАИ ҚУШАЙРИЯ» – асари маъруфи суфии асрии 11. Абулқосими Қушайрист. Дар солҳои 1059—60 ба забони арабӣ навишта шудааст. Ба таъбири худи Қушайрӣ «Рисолаи қушария» дастуре барои соликони роҳи тариқат мебошад. «Рисолаи қушайрия» аз ду фасл ва панҷоҳу чаҳор боб иборат аст. Дар фасли аввал ақидаҳои сӯфиён роҷеъ ба усули тасаввуф, …

Муфассал »

«РИСОЛАИ ҚОФИЯ» таълифи Абдурраҳмони Ҷомӣ

«РИСОЛАИ ҚОФИЯ» таълифи Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки муаллиф онро дар муқаддима «Мухтасари вофӣ ба қавоиди қавофӣ» гӯён шарҳ додааст; номи дигараш «Р и с о л а т-у л-в офия ф ӣ илми л-қ о ф и я». Бештар бо номи «Риссолаи қофияи М у л л о Ҷомӣ» машҳур аст. …

Муфассал »