Маълумоти охирин
Главная / Теги: Андоз

Теги: Андоз

САРШУМОР

САРШУМОР, Сарона, андози сарикасист, ки бори аввал дар аҳди муғулҳо ба сифати андози доимӣ ҷорӣ шуда буд. Он вақтҳо Саршумор «кунчур» ном дошта, аз ҳамаи аҳолӣ ситонда мешуд. Андозаи Саршумор вобаста ба сарвати шахси андоздиҳанда аз як то даҳ динор буд. Вало дар амал Саршумор мувофиқи даромад ситонида намешуд. Дар …

Муфассал »

ХИРОҶ

ХИРОҶ, (арабӣ, хароҷ, андозост, ки аз маҳсулоти замин гирифта мешуд. Дар мамлакатҳои Шарқ, аз ҷумла Осиёи Миёна ба замин хироҷ меандохтанд. Хироҷро асри 7 дар Осиёи Миёна арабҳо ҷорӣ карданд. Дар аҳди Тоҳириён ва Сомониён (асрҳои 9—10) давлат аз аҳолӣ мунтазам ҳаҷми муқарраршудаи хироҷро (баъзан ҳатто соле ду маротиба аз …

Муфассал »

УШР

УШР (арабӣ- даҳяк), дар мамлакатҳои мусулмони андозест, ки ба миқдори даҳяки ҳосил (ҳар сол аз деҳқонон, чорводорон ва моҳигирон) ситонида мешуд. Дар ибтидо ушрро аз саидҳо, руҳониёни калон, инчунин баъзе амирон ва аз халқҳои ноҳияҳои «ихтиёран ба лашкари ислом таслимшуда» мегирифтанд. Обу заминеро, ки аз он ушр меситониданд, «мулки ушрия» …

Муфассал »

ТАНОБОНА

ТАНОБОНА, як навъ андози заминро гӯянд, танобона дар Хуҷанд, Уротеппа, Исфара, Конибодом, Панҷакент, бекиҳои Бухорои Шарқӣ ва газ асрҳои миёна ҳамчун андози махсуси замин вуҷуд дошт. Азбаски таноб ченаки замин буд, андози заминро танобона меномиданд. Танобона аз таноб боғот, заминҳои обчакорӣ, пахтазор, алафзор ва ғайра ҳамчун андози догамии пулӣ ба …

Муфассал »

ХОНАШУМОР

nalog-doma

ХОНАШУМОР, хонапулӣ, ҳавлипулӣ, як навъ андозест, ки а. 19— ибт. а. 20 дар хониҳои Осиёи Миёна барои манзилу ҷой аз аҳолӣ меситониданд. Дар аморати Бухоро аз дар хонавода соле 15 тангаи тилло Xонашумор мегирифтанд. Дар хонии Хўқанд Xонашумор  20—40 тангаи нуқраро ташкил медод. Дар баъзе мавридҳо (ҳангоми ҷанг бо дигар …

Муфассал »

МУҲАССИЛОНА

muhassilona

МУҲАССИЛОНА аз арабӣ  ҷамъоварандаи андоз), андозест, ки дар Осиёи Миёна муҳассил ба фондаи худ аз деҳқонон меситонд. Азбаски муҳассилон аз ҳокимияти марказӣ маош намегирифтанд, онҳо ҳангоми ғундоштани андози давлатӣ бо иҷозати амир (шоҳ) ба фондаи худ бо номи Mуҳассилона андозе мерӯёнданд. Mуҳассилона дар адҳи Темуриён бо фармони султон Хусайн (солҳои …

Муфассал »

МАДАДӢ

asri_miyona

МАДАДӢ, навъи андози пулӣ, ки асрҳои 15—19 ва ибтидои асри 20 аз аҳолии Осиёи Миёна ситонида мешуд. Дар сарчашмаҳо бо номҳои гуногун дучор меояд: мададӣ лашкар, номбардори қӯшун, ҷул. бар хилофи зари лашкарандози шаръӣ ва доимӣ, Мададӣ ёрдаме буд, ки фақат вақти ҷанг ҷамъ карда мешуд. Мададӣ асосан барои таъминоти …

Муфассал »