Маълумоти охирин
Главная / Теги: Ҳӯрока (страница 4)

Теги: Ҳӯрока

Обак

0

Обак, гурӯҳи ангурҳои миёна ва дерпазакро гӯянд, ки хелҳои бедона, дашнободӣ, думи рӯбоҳ, сабз, сурх, сафед, Ширак, якдона дорад. Асосан дар районҳои токдории вилоятҳои Ленинобод, Кӯлоб ва водии Ҳисори РСС Тоҷикистон; вилоятҳои Фарғона, Тошкент, Бухоро, Андиҷон, Намангон, Сурхон- дарёи РСС Ӯзбекистон паҳн шудааст. Токаш миёна ва тезсабз, 16,6—23,5% ва баъзан …

Муфассал »

Носкаду

0

Носкаду 1) ч и л и м к а д у, чӯбкаду (Lagenaria vulgaris), расте­нии яксолаест аз оилаи кадуиҳо. Дарозии палакаш 2—3 м. Баргаш мудаввари дилшакл, гушадоре 3-парраи махмалин (дарозиаш 10—40 см), гулаш сафед (диаметраш 7—10 см), мевааш ҳаҷман ва шаклаш хеле гуногун. Моҳҳои июну июл гулу мева мекунад. Одатан …

Муфассал »

Нормаи кишт

0

Нормаи кишт, меъёри муайяни кишти тухмист ба 1 га. Нормаи кишт ба навъи зироат, ҳосилхезии замин, тухмӣ, мӯҳлат, усулҳои кишт ва ғайра вобаста аст. Нормаи кишти як намуди зироат низ гу­ногун шуданаш мумкин. Macолан, Нормаи кишти зироати силосбоб назар ба зироати ғалла зиёд аст. Нормаи кишт барои ноҳияҳои шимоли СССР …

Муфассал »

Норин

0

Норин, як навъ таоми миллист. Дар дег гӯшти намакхӯрдаи гов ё гӯсфандро пухта онро пора мекунанд. Баъд дар оби он туппаи ба шакли 10 X 10 ё 10 X 5 см буридашударо яклухт пухта бо чӯби мах­сус мебардоранд ва ба рӯи табақи равғанмолида паҳн мекунанд. Баъди шах шудан онро хурд-хурд …

Муфассал »

Нонгӯшт

0

Нонгӯшт, як навъ харбузаи миёнсолӣ. Тухмшакл, дарозиаш 28—36 см, вазнаш 5—8 кг. Пӯсташ сахт, суфтаи тӯрдор, равғаш сабзи баланд, ғафсии мағзаш 5—6 см, сафед, нарм, сершираи карсосӣ, хуштаъму хушбӯй, 3,6—10,7%’ қанд, (6,5—3,7% са­хароза) ва 10—14,7% моддаи хушк дорад. Баъди 38—95 рӯзи кишт мепазад. Аз ҳар га ба ҳисоби миёна 250—350 …

Муфассал »

Нон

0

Нон, яке аз таомҳои маъмули инсон. Мувофиқи маълумоти археологӣ тахмин кардан мумкин аст, ки истеъмоли донаҳои растаниҳои хӯшадор ҳанӯз 10—15 ҳазор сол муқаддам cap шудааст. Дар ин давра кашф гардидани оташ ва дасгос, инчунин хамир барои дар рӯи санги тафсон ё дар оташ пухта истеъмол намудани Нон шароит фароҳам овард. …

Муфассал »

Нок

0

Нок. Муруд, амруд, куммасро (Pyrus), ҷинси дарахти мевадорест аз оилаи настараниҳо; меваи маъмул. Баландиаш 15-20 м. Танааш ашҳабии тиратоб, чӯбаш зардча, каме гулобӣ ё сафед, навдаи яксола ва муғчааш сермӯяк ё патдор, баргаш гуногуншакл (аз мудаввар то нештаршакл) ё нармонанди чок-чок, хӯшагулаш 6—20-гула, ранги гулаш са­фед ё каме гулобии 5 …

Муфассал »

Нишалло

0

Нишалло, як навъ ширина. Тай­ер намудани Нишалло аз якчанд амалиёт иборат аст: аввал бехро майда карда ба зарфи обдор меандозанд ва 20-30 дақиқа меҷӯшонанд, баъд дар деги мис аз шакару об қиём мепазанд. Оби бехро ба деги равғаннарасида андохта, бо чилчӯб мезананд. Баъди пайдо шудани кафк сафедаи тухмро низ ҳамроҳ …

Муфассал »

Ангури Нимранг

1

Нимранг, ангури к а л о н, ш и р б а н д ӣ, навъи ангури дерпазак. Селексияи халқӣ. Асосан дар районои вилояти Ленинободи РСС Тоҷикистон (Ӯротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Пролетар, Исфара ва ғайра), районҳои токдории РСС Узбекистон, Қисми европоии СССР ва Кав­каз мерӯяд. Инчунин ба шароити баъзе ноҳияҳои РСС …

Муфассал »

Ниёзӣ

1

Ниёзӣ, навъи дерпазаки зардолу, аcocaн дар баъзе районҳои вилояти Ленинобод мерӯяд. Дарахташ сершох, аз ҳар бехаш 350—380 кг ҳосил мегиранд. Мевааш сершираву ширин (то 16,5%’ қанд дорад), вазни миёнаи ҳар донааш 32—35 г. Дарахташ то 50 сол умр мебинад. Ад.: пулат о в А., Таджикский аб­рикос, Д., 1976.

Муфассал »