Маълумоти охирин
Главная / Теги: Ҳӯрока (страница 3)

Теги: Ҳӯрока

Олуча

0

Олуча, олуи худрӯйро гӯянд, ки ба оилаи настараниҳо тааллуқ до­рад. Се намуди Олуча (дарвозӣ, суғдӣ ва тоҷикистонӣ) маълум аст. Олучаи д а р в о з ӣ (Prunus darvasica) буттаи мевадорест, ки то 1,5—2,5 метр қад мекашад. Баргаш байзашакл ё нештаршакл (дарозиаш 5—6 сантиметр), гу­лаш 5-баргаи сафед (диаметраш 1,5—1,8 сантиметр), …

Муфассал »

Олуиҳо

0

Олуиҳо (Prunoideae), зероилаи растаниҳои бисёрсолаи ҳамешасабз ё хазонрезесг мансуби настараниҳо. Гулҷояшон каму беш фурӯхамида, бештар найчашакл буда, 10—12 гардбарг, 1 ва баъзан 2 ё 5 мевабарг донакмеваи яктухма, баъзан дутухма доранд. Ба Олуиҳо аксари дарахтҳои мевадеҳ зардолу, шафтолу, олу, олуча, олуболу, гелос ва ғайра мансубанд. Олуиҳо тез месабзанд; бинобар ин …

Муфассал »

Олуболу

01

Олуболу, олучабандак, олуча (Cerasus vulgaris), дарахт ё буттаест аз настараиҳо; меваи маъмул. Баландиаш 3—7 метр. Пӯстлохи танааш ашҳабии тирагун ё сиёҳтоб, баргаш думчадори байзашакл ё дарозрӯя (дарозиаш 6—8 сантиметр, бараш 4—5 сантиметр), дандонадор, бемӯяк, думчааш (дарозиаш 1,5—2 сантиметр) сермӯяк, хушагулаш чатракшаклн 1—4 гула, гулаш сафед (диаметраш 2,5—3 сантиметр), мевааш сурх, …

Муфассал »

Олуи муқаррарӣ

0

Олуи муқаррарӣ (Р. domestica) дарахтест баландиаш то 12 метр. Бар- гаш гуногуншакл (дарозиаш 4—10 сантиметр, бараш 2,5—6 сантиметр), гулаш сафедшакл, ранг, таъм ва мӯҳлати пухта расидани мевааш гуногун аст. Пай- доишаш маълум нест; тахмин ме­кунанд, ки дар натиҷаи дурагашавии табиии олучаву тёрн ва минбаъд бо роҳи интихоб карда парваридан пайдо шудааст. …

Муфассал »

Олу

0

Олу (Prunus), ҷинси бутта ё дарахт мевадорест аз оилаи настараниҳо. Баландиаш аз 1 то 12 метр. Баргаш мудаввар, дарозрӯя ё нештаршакл, гулаш сафед, сабзтоб ё гулобӣ, ҷудогона ё 2—5-тои дар навдаи кӯтоҳ воқеъ шудааст. Мевааш зард, сабз, сурх, қирмизӣ ё сиёҳи кабудтоб (аз 6 то 100 грамм) мудаввар ё тухмшакл. …

Муфассал »

Олмурӯд

0

Олмурӯд, сурх нок, яке аз навъҳои хеле қадимаи нок. Балан­дии дарахташ 10—26 метр, то 350 сол месабзад. Танааш ғафс (д и а метра ш то 5 метр), навдаҳояш ашҳабӣ ё ҷигарранги сурхтоб, баргаш байзашакл (дарозиаш 7,5 сантиметр, бараш 4,2 сантиметр), мевааш калон-калон (ба ҳисоби миё­на 158—164 грамм), пӯсташ каме мулоим, …

Муфассал »

Харбузаи обинабот

0

Обинабот, навъи харбузаи миёнсолист. Шаклан лӯнда ё дароз (17—20 сантиметр), вазнаш 3—4 килограмм. Пӯсташ суф­та, баъзан тӯр-тӯр, нақшҳои зард ё доғҳои ҷигарранг дорад. Рангаш асо­сан зарду сурхтоб. Ғафсии мағзаш 5—6,5 сантиметр, сафед, сершира ва хуштаъму хушбӯй, 7,4—9,3%’ қанд (4,9—5,6%’ сахароза), 9,2—11,8% моддаи хушк дорад. Баъди 70—78 рӯзи кишт мепазад. Аз …

Муфассал »

Обинабот

0

Обинабот 1) қиёмест, ки пас аз хӯша бастани набот боқӣ мемонад; 2) халвои махсуси Бухорост, ки бо равғани кунҷид ва орд пазанд. Нигаред низ Ҳалво.

Муфассал »

Обидандон

0

Обидандон, ч а қ-ч а қ и дандон, як навъ ширавори миллии тоҷикист. Ба шиннӣ ё шакар об ан­дохта деле маҳин меҷӯшонанд, баъд ҷавҳари лимӯ ҳамроҳ карда, қиём тайёр мекунанд. Қиёмро то дараҷаи ширгарми хунук карда, заволаҳои дароз-дароз мегиранду ба таги лаълӣ равған молида заволаро рӯи он гузошта бо қайчй …

Муфассал »