Главная / Теги: Ҳашарот

Теги: Ҳашарот

ТЕРМИТҲО

termitho

ТЕРМИТҲО як гурӯҳ ҳашаротро номанд, ки ба нонхӯракҳо ва гаҳвораҷунбонҳо монанданд. Термитҳо одатан якҷоя (аз садҳо то якчанд млн) шуда зиндагӣ мекунанд; ҳар як гурӯҳ аз термитҳои нарина ва термитҳои модина («ҷуфти шоҳона»), «аскар»ҳои калону хурд ва коргар»-ҳо иборат аст. Қисми бисёри оила аз «коргарҳо» иборатанд, ки онҳо аъзоёнро бо …

Муфассал »

ТАХТАКАНА

habitus-of-c-lectularius-left-and-c-hemipterus-right

ТАХТАКАНА (Сimex Lecturalies), шабзод, ганг, як навъ ҳашароти хунмакест аз қатори канаҳо. Таннаш паҳни дарозрӯя; дарозиаш 4,9—6,4 мм (нарина) ва 4,8 — 8,4м.м (модина); рангаш қаҳвагии сурх тоб (кирминааш зарди сафедча). Тахтакана дар истиқоматгоҳҳо, мурғхонаҳо, кабӯтархонаҳо, лонаи паррандаю кӯршабпаракҳо маскун шудааст. Тахтаканаи моддина дар тӯли ҳаёташ 200—250 (баъзан то 540) …

Муфассал »

СӮЗАНАК

suzanak

СӮЗАНАК, сӯзанакҳо (Оdonata), як навъи ҳашароти даррандаи обиро гӯянд, ки думаш борики сӯзанмонанд аст. Шикамаш дарозрӯя (14—120 мм). Сар, ҷашмони калон ва 2 ҷуфт боли пурҷило (дарозиаш 10—94 мм) дорад. Сузанакҳо ба 3 гурӯҳ— Lygoplera ва Аnisoptera тақсим мешаванд. Сузанак ҳангоми парвоз ҷуфт шуда дар об, растаниҳои обӣ ва баъзан …

Муфассал »

ПУФАКПОЙҲО

pufalpoyho

ПУФАКПОЙҲО, трипсҳо, шил шилаболҳо (Thysanoptera), қатори ҳашаротҳоро гӯянд, ки танашон дарозрӯя буда, ба самти ӯ тахтапушту  шикам фишурда шудааст; дарозиашон одатан 0,5—2,  баъзан то 5 мм (намудҳои тропикиашон то 14 мм меша­ванд); дар cap ҷиҳози даҳонии ха- ланда доранд. Пойҳояшон аз пан- ҷаи 2-аъзогии бечангол иборат бу­да, дар асоси ҳар …

Муфассал »

ПОДУМҲО

podumho

ПОДУМҲО (Соllembola), як қатори ҳашаротҳои дараҷаи пастро гӯянд, ки ба зерсинфи аптериготҳо мансуб аст.  Подумқо ҳашароти нахустбебол буда, сохти хеле содда доранд. Андозаашон 0,2—2 (баъзан 5—10) мм. Хелҳои Подумқо ниҳоят бисёр буда, онҳо дар хоку наботот зиндагӣ мекунанд; дар 1 м2 ҷангал, дашт ва алафзор садҳо ҳазор Подумқоро дидан мумкин …

Муфассал »

ШИРИНЧАИ ПАХТА

shirinchai-paxta

ШИРИНЧАИ ПАХТА, ширинчаи полиз, як навъ ҳашаротест, ки ба пахта зарар мерасонад. Махсусан ширинчаи пахта (Aphis gossypii, ниг. расм.) бештар зарар меорад. Ширинчаи модинаи бебол (ширинчаи нарина вуҷуд надорад) байзашакл (дарозиаш 1,5—2,1 мм) буда, зард ё сабз мешавад. Баъди зимистонгузаронӣ шираи алафҳои бегонаро мемакад. Дар ҳарор. қариб 12°С 20— 60-то …

Муфассал »

ШИРИНЧА

ШИРИНЧА, ширинчаҳо (АрЫ-dinea), як навъ ҳашаротро гӯянд. Дарозиаш 0,5—в мм. Баъзе намудҳояш 2 ҷуфт боли якхела дорад. Ш.-ҳо гуногунранганд (мас., сабз, зардча, сафед, сиёҳи баланд ва ғ). Ғизояш шираи растаниҳои сузанбарг, пушидатухм ва ғ. Ш.-ҳо ба 12 оила ҷудо мешаванд ва қариб 2500 намудро дар бар мегиранд. Дар СССР зиёда …

Муфассал »

ШАБУШ

shabushk

ШАБУШ, шабушк, шубуш, (Anoplura ё Siphunculatjfl), як қатори ҳашароти хунмакро гӯянд. Шабуш паразити одам ва ҳайвоноти ширхӯр аст. Пӯстро газида аз бофтаҳои он хун мемакад. Баъди газидани Шабуш ҷои он хориш мекунад. Шабушки модина моеъи часпаки махсус хориҷ мекунад, ки бо он ришк ба риштаи либос ё мӯй мечаспад. Қариб …

Муфассал »

ХОМӮШАК

xomushak

ХОМӮШАК, хомўшакҳо (Simu- lidiiae), як навъ ҳашароти хунмакро гўянд (аз гурўҳи дуболаҳо).  Дарозиашон аз 2 то 4 мм. Дар СССР 300, аз он ҷумла дар Тоҷикистон зиёда аз 50 намуди Хомўшакҳо мавҷуданд. Хуни ҳайвонот ва одамро модинаи Xомўшак мемакад. Аз газидани Xомўшак хориш  ва газаки пўст пайдо мешавад. Хомўшакҳо ангезандаи …

Муфассал »