Маълумоти охирин
Главная / Теги: шоир (страница 4)

Теги: шоир

САЛОИ ИСФАРОИНӢ Ҳасанбек

САЛОИ ИСФАРОИНӢ Ҳасанбек (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Бо инсбаи «Хуросонӣ» ва «Кошонӣ» низ ёд мешавад. Чанде дар Кошон зиста, баъд роҳи сафари Ҳиндустонро пеш гирифтааст. Салои Исфароинӣ: дар сурудани ғазал, рубоӣ ва дигар навъҳои шеър маҳорати зиёде доштааст. Аз осораш якчанд ғазал, байтҳои пароканда ва …

Муфассал »

САЛМОНИ СОВАҶӢ

САЛМОНИ СОВАҶӢ Ҷамолуддин Хоҷа Салмон ибни Хоҷа Алоудлини Муҳаммад (1310, қарияи Соваи Ироқи Аҷам—1376, ҳамон ҷо), шоири форс-тоҷик. Илмҳои расмии замон, махсусан илми шеър, забон ва адабиёти араб, ҳисобро ба ёрии падараш аз худ намудааст. Салмони Соваҷӣ шеърнависиро аз хурдсолӣ cap карда, дар айёми ҷавонӣ дар байни аҳли сухан обрӯю …

Муфассал »

САЛИМӢ

САЛИМӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 15). Оид ба ҷараёни зиндагии Салимӣ маълумоте дастрас нест. Салимӣ бо номи «Манбаи атвор», «Ширин ва Фарҳод» (1475) маснавиҳо таълиф карда, дар нияти навиштани «Маҷнун ва Лайлӣ» будааст. Дар ин бора худи ӯ чунин мегӯяд: Чу гуфтӣ «Манбаъ»-ӯ «Ширину Фарҳод», Зи …

Муфассал »

САЛИМӢ Алиакбар

САЛИМӢ Алиакбар (1900, Теҳрон—1972, ҳамон ҷо), шоири эронӣ. Аз оилаи донишманд. Илмҳот адабиёт, ҳуқуқ ва иқтисодро омӯхтааст. Салимо забонҳои арабӣ, англисӣ ва франсавиро хуб медонист. Ӯ газетаи «Иттилоогг» (1925), журналҳот «Мураббӣ» (1927), «Рулҳои рангоранг»-ро (1933) таъсис карда, дар пешрафти матбуот, маориф ва адабиёти Эрон саҳм гузоштааст. Ӯ мудири журнал «Таълим …

Муфассал »

САЛИМИИ ТУНӢ

САЛИМИИ ТУНӢ Мавлоно Тоҷуддин Ҳасан ибни Алӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1450), шоири форс-тоҷик. Дар Сабзвор умр ба cap бурдапст, аз ин рӯ бо нисбии «Сабзворӣ» низ ёд мешавад. Дар дарбори ҳукмрони давраш бо корҳои китобат ва иншо машғул буд. Пас аз чанде ин корро тарк карда, ба зиндагии …

Муфассал »

САЛИМИ ЗАМОНИ БУХОРӢ

САЛИМИ ЗАМОНИ БУХОРӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ҷараёни зиндагиаш маълум нест. Салим шоири зиндадил ва хуштабъ буда, дар байни аҳли адаби замонаш мақоми намоём доштааст. Тазкиранависон хабар медиҳанд, ки Салим бо забони тезу тунд ҳамзамономашро ҳаҷв мекард. Дар Музокир-ул-асхоб»-и …

Муфассал »

САЛИМ Мирзо Муҳаммадқулӣ

САЛИМ Мирзо Муҳаммадқулӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 10-47, Кашмир), шоири эронӣ. Зодгоҳаш Теҳрон. Пас аз касби камол ва омӯхтани илму донтш муддате дар дарбори вазири Лоҳиҷон хидмат намуда, соли 1028 ба Ҳиндустон рафтааст. Салим дар Ҳиндустон ба дабори Шоҳиҷаҳон (1027 —1058) роҳ сфта, аммо дере нагузашта аз он ҷо …

Муфассал »

САККОКӢ

САККОКӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири ӯзбек (асри 15). Ном ва аслу насабаш номаълум. Дар доираи адабии Самарқанд нашъунамо ёфтааст. Саккокӣ яке аз поягузорони қасида дар адабиёти ӯзбек мебошад (мамдӯҳонаш — султон Халил (ҳукмрониаш 1405—1409), Улуғбек (ҳукмрониаш 1409 —1449). Дар шахси Улуғбек шоир ҳукмрони идеалии маърифатдӯсту соҳибфарҳанг ва ҳомии …

Муфассал »

САЙФӢ-Амир Ёдгорбек

САЙФӢ-Амир Ёдгорбек (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1465/1466), шоири форс-тоҷик. Аз авлоди амирзодагони темурӣ. Ба қавли тазкиранависон аз хидмати дарбор худро канора гирифта бо донишмандон муошират мекард. Шахси хоксор ва фурӯтан буд. Аз Сайфӣ якчанд ғазал ва байтҳои пароканда тавассути тазкираҳо ва баёзҳо боқӣ мондаанд, ки шоҳиди маҳорати баланди ӯ …

Муфассал »

САЙФУДДИНИ ДЕҲЛАВӢ

САЙФУДДИНИ ДЕҲЛАВӢ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1582), шоир ва донишманди форс-тоҷик. Гузаштагони Сайфуддини Деҳлавӣ аз Бухоро буда, баъдтар сокини Ҳиндустон шудаанд. Баробари Сайфуддини Деҳлавӣ падар ва писараш аз донишмандон ва мутасаввифони машҳури замон ба шумор мерафтанд. Сайфуддини Деҳлавӣ муриди Шайх Амонуллоҳи Понипатӣ будааст. Сайфуддини Деҳлавӣ асарҳои манзум (ғазал, рубоӣ, …

Муфассал »