Маълумоти охирин
Главная / Теги: шоир (страница 3)

Теги: шоир

САРМАД Муҳаммадсаид

САРМАД Муҳаммадсаид (соли таваллуд номаълум — вафот 1658, Деҳлӣ), шоири форсизабони Ҳиндустон. Яҳудӣ буд. Аввал дар Эрон зиндагӣ карда, баъд ба Деҳлӣ рафтааст. Муаллифи китоби «Дабистони мазоҳиб» аз муосирони ӯ буд ва меорад, ки Сармад дар хидмати мир Абулқосим ва Мулло Садро умури динӣ ёд мегирифт ва дар ҳузури оиҳо …

Муфассал »

САРКАШ

САРКАШ (557—632), ҳофиз, машшоқ, бастакор ва шоири давраи Сосониён. Муаррихони эронӣ ӯро бо номи Ҷаҳрамӣ ёд кардаанд, муаррихони арман Саркашро Саргис ва муаррихони Юнон Саргиюс номидаанд. Бино ба маълумоти Саъолибӣ, Гардезӣ, Фирдавсӣ ӯ аслан аз Ҷаҳрам буда, то ба дарбори Хусрави Парвиз омадани Борбад роҳбарии санъаткорони дарборро ба ӯҳда доштааст. …

Муфассал »

САРВАР Мирҳайдар

САРВАР Мирҳайдар (1883, деҳаи Валихони Ургути Самарқанд—1935, Душанбе), шоир ва журналисти советии тоҷик. Дар мадраса таҳсил кардааст. Дар давраи маорифпарварӣ дар ташвиқи мактабу маърифат шеърҳо менавишт. Муддате дар Кӯлоб зист. Пас аз ташкилёбии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон то охири умраш дар газетаҳои «Бедории тоҷик», «Деҳқони камбағал», «Тоҷикистони Сурх» хаттоту …

Муфассал »

САРАФРОЗ Муҳаммадамини Самарқандӣ

САРАФРОЗ Муҳаммадамини Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Аз Самарқанд. Соли 1667 аз гуруснагии сахт гурехта, ба Бухоро рафт. Дар ин шаҳр эҷодиёти ӯ камол ёфт ва Сарафроз мақоми баланди шоирӣ пайдо кард. Дар таз- кираи Малеҳои Самарқандӣ Сарафроз ҳамчун шахси зарифу маҷлисоро, хушҳофиза, шоири ҷӯяндаву …

Муфассал »

САНОИИ МАШҲАДӢ

САНОИИ МАШҲАДӢ Хоҷа Ҳусайн ибни Ғиёсуддин Му- ҳаммади Машҳадӣ (1500, Машҳад — 1588, Лоҳур), шоири эронӣ. Аз оилаи баззоз. Ба шоири ном бароварда, муддате дар Машҳаду Сабзвор зиндагӣ кардааст. Ба маълумоти тазкиранигорон «ашъори обдори он суханофари он бағоят рангин ва воридоти пуркори он маънигузин бениҳоят матин» буда, дар шеър «тарзу …

Муфассал »

САНДАЛИИ ҒАЗНАВӢ

САНДАЛИИ ҒАЗНАВӢ Маҷдуддини Абӯшаҷарӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Бино ба маълумоти тазкираҳо дар дарбори Хоразмшоҳиён умр ба сар бурда, дар қасидасароӣ маҳорати фавқулода доштааст. Дар ташбиби қасоиди ӯ васфи табиати афсункор, ишқи ёр, дарди ҳиҷрон хеле зиёд аст. Сандалии Ғазнавӣ қасидае дар мадҳи Паҳлавонҷаҳон Зиёуддин …

Муфассал »

САНАДИ КОШОНӢ Мирзо Сайидаҳмад

САНАДИ КОШОНӢ Мирзо Сайидаҳмад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири эронӣ (асри 17). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳоли ин шоир маълум нест. Мувофиқи маълумоти «Тазкираи Насрободӣ» Санади Кошонӣ дар яке аз деҳаҳои Кошон сокин буда, шеъри бисёре гуфтааст. Аз Санади Кошонӣ маснавиҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Қиссаи гувоҳии ду кабк», «Панди дарвеш ба …

Муфассал »

CAMОИИ МАРВАЗӢ Ҳаким Маҳмуд ибни Алӣ

CAMОИИ МАРВАЗӢ Ҳаким Маҳмуд ибни Алӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Зодгоҳаш Марв. Дар ҳамон ҷо таҳсил кардааст. Самоии Марвазӣ дар назму наср устоди баркамол буда, табъу қудрати баланди суханварӣ доштааст. Бино ба гуфтаи Авфӣ («Лубоб- ул-албоб») — «Ғазалҳои обдори ӯ тоб дар дили ушшоқ меовард …

Муфассал »

САМИМӢ Мирзо Абдулкарими Ғиҷдувонӣ

САМИМӢ Мирзо Абдулкарими Ғиҷдувонӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 19). Аз зодгоҳаш барои таҳсили илм ба Бухоро рафтааст. Дар айёми таҳсил ба шеъргӯӣ ва машқи хат шурӯъ кардааст. Дар ни хусус тазкиранигор Мӯҳтарам мегӯяд: «… ӯро хатест ба таълим хуб ва шеърест ба мурооти услуб». Намунаҳои осор …

Муфассал »

САЛТАНАТ Муҳаммадяҳё

САЛТАНАТ Муҳаммадяҳё (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири нимаи дуюми асри 17 тоҷик. Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Бино ба маълумоти Малеҳои Самарқандӣ Салтанат соҳиби истеъдоди баланди шоирӣ буда, дар ашъораш мазмуну образҳои нави бадеиро бисёр истифода бурдааст. Шоир ба камбағалон таваҷҷӯхи хосе дошта, ҳамеша шарики ғаму шодии онҳо …

Муфассал »