Маълумоти охирин
Главная / Теги: шоир (страница 20)

Теги: шоир

ТУҒРОИ МАШҲАДӢ

ТУҒРОИ МАШҲАДӢ Мулло Туғро; тахаллус дигараш Шефта (соли таваллуд номаълум, Машҳад — вафот 1667, Кашмир), шоир ва насрнависи форсизабони Ҳиндустон. Яке аз намояндагони маъруфи сабки ҳиндӣ. Куллиёти Туғрои Машҳадӣ муштамил ба «Соқинома» (дар шакли маснави), қасоид, ғазалиёт, қитаот, фардиёт, таркиббандҳо, тарҷеъбандҳо ва мухаммасот буда, бештар аз 27500 байтро дар бар …

Муфассал »

ТУҒРАЛ Нақибхон

tughral-n

ТУҒРАЛ (таҳаллус; номаш Нақибхон, азбаски аз авлоди Хоҷа Аҳррори Валӣ буд, бо нисбаи Аҳрорӣ ёд мешавад; 26. 3. 1865, деҳаи Зосуни ҳозира раёни Айнӣ — 28. 6. 1919, деҳаи Сангистони раёни Айнӣ), шоири тоҷик. Дар Самарқанду Бухоро таҳсил кардааст. Чанде дар назди Шоҳин хондааст. Пас аз таҳсил ба зодгоҳаш баргашта, …

Муфассал »

ТУРСУНЗОДА Мирзо

tursun-zade_m

ТУРСУНЗОДА Мирзо (2. 5. 1911, деҳаи Қаротоғ, ҳозира раёни Турсунзода—24. 9. 1977, Душанбе), шоири советии тоҷик, ходими ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1967), Шоири Халқии Тоҷикистон (1961), академики Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон (1951). Аз оилаи дуредгар. Аъзои КПСС аз соли 1941. Узви Комитети Маказии Партияи Комунистии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (аз …

Муфассал »

ТОҶИ ҲАЛОВӢ Алӣ ибни Муҳаммад

ТОҶИ ҲАЛОВӢ Алӣ ибни Муҳаммад (соли тавваллуд ва вафот номаълум), шоир ва адабиётшииоси форс-тоҷик (тақрибан дар асрҳои 13— 14 умр ба сар бурдааст). Дар осори адабиётшиносӣ ба номҳои Тоҷи Румӣ ва Тоҷи Ҳаловӣ ёд шудааст. Аз осораш рисолае бо номи «Дақоиқ-уш-шеър» боқист. Тоҷи Ҳаловӣ дар рисолааш, ки бо забони соддаву …

Муфассал »

ТОЛИБИ ҶОҶАРМӢ Мавлоно Муҳаммад

ТОЛИБИ ҶОҶАРМӢ Мавлоно Муҳаммад (соли таваллуд номаълум — вафот 1450, Шероз), шоири форс-тоҷик. Шогирди Озарии Тӯсӣ. Соҳибдевон. Ба чанд ғазали Саъдӣ ва Ҳофиз ҷавоб гуфтааст. Муаллифи маснавии «Гӯй ва Чавгон». Мувофиқи маълумоти «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ, дар болои қабраш чунин абёти худаш сабт шудааст: Дар кӯчаи ошиқи ба паймони дуруст Мегуфт ба …

Муфассал »

ТОЛИБИ ҲИРАВӢ Мавлоно Муҳаммад

ТОЛИБИ ҲИРАВӢ Мавлоно Муҳаммад (соли таваллуд номаълум — вафот 1512), шоири форс-тоҷик. Дар хидмати дарбори ҳукмронони давраш будааст. Дуст ва ҳамсуҳбати Алишери Навоӣ. Муаммо мегуфтааст. Аз ашъораш абёти пароканда боқист. А. Раҳмонов.

Муфассал »

ТОЛИБИ ОМУЛӢ Муҳаммад

ТОЛИБИ ОМУЛӢ Муҳаммад мутахалис ба «Ошӯб» ва «Булбули Омул» (1580, Омули Эрон —1627, Фотеҳпури Сикрӣ), шоири форсизабони Ҳиндустон. Илмҳои ҳандаса, мантиқ, ҳайат, ҳикмат ва ҳунари хушнависиро дар зодгоҳаш омӯхт. Чанд сол дар Қошон, Исфаҳон, Машҳад ва Марв зиста, пас ба Ҳиндустон рафт. Маликушшуарои дарбори шоҳ Ҷаҳонгир буд. Куллиёташ бештар қасида, …

Муфассал »

ТОЛИБИ ЗАНҶОНӢ

ТОЛИБИ ЗАНҶОНӢ Абдуллоҳ ибни Ҳусайн ибни Боязид ибни Амир ибни Дайнор (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (охири асри 15—нимаи аввали асри 16). Дар Туркия мезистааст. Соҳибдевон. Маснавие бо номи «Баҳор-ул-маод фӣ иршод-ил-ибод» (ба пайравӣ ва вазни «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ) таълиф кардааст.

Муфассал »

ТОЛИБ Хоҷа Ибодуллоҳ

ТОЛИБ Хоҷа Ибодуллоҳ (соли таваллуд номаълум — вафот 1802, Истаравшан), шоири тоҷик. Аз оилаи Хоҷа Мӯсо (вафот 1733) ном шоирест. Шеъру шоириро дар маҳфили адабии падараш омӯхтааст. Толиб шоири соҳибдевон будааст, вале девонаш дастрас нагардидааст. Аз ӯ 70 ғазал, 5 мухаммас ва 7 рубоӣ боқист. Абёти зерин аз ӯст: Аз …

Муфассал »

ТОИБИ ҲИРОТӢ

ТОИБИ ҲИРОТӢ (Соли таваллуд номаълум, Ҳирот — вафот 1676, Бухоро), шоири тоҷик. Соли 1667 аз зодгоҳаш ба Бухоро омада, ба хидмати Абдулазизхон (ҳукмронӣ 1645—80) дохил шуд. Дар маҷлисҳои дарбор ба овози хуш шеъри худ ва дигар шоиронро мохонд. Бо кӯшиши ӯ девон ва маснавии Нозими Ҳиротӣ — «Юсуф ва Зулайхо» …

Муфассал »