Маълумоти охирин
Главная / Теги: шоир (страница 2)

Теги: шоир

САФОИИ ХУРОСОНӢ

САФОИИ ХУРОСОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 15). Дар Язд умр ба сар бурдааст. Бино ба маълумоти тазкиранависон Сафоии Xуросонӣ аз дӯстони Ҷомӣ будааст. Ин байт аз ӯст: Сӯхтам чандон, ки бар тан нест ҷои доғ, Баъд аз ин хоҳам ниҳодан доғ болои доғ.

Муфассал »

САФОИИ ТАБРЕЗӢ

САФОИИ ТАБРЕЗӢ таваллуж номаълум, Табрез — вафот 1607, Қазвип), шоири форс-тоҷик. Дар Табрез таҳсил карда, баъди аз ҷо- ниби туркони усмонӣ забт шудани ин шахр ба Қазвин фирор кард ва дар он ҷо даргузашт. Сафоии Табрезӣ дар фиқҳ устод буд ва бо хаттотӣ низ машғул мешуд. Маҳорати баланди шеъргӯӣ дошт …

Муфассал »

САФИУДДИНИ НУРБАХШ

САФИУДДИНИ НУРБАХШ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик. Дар охири асри 15 ва нимаи аввали асри 16 умр ба сар бурдааст. Дар зодгоҳаш — шаҳри Рай ба омӯзиши илмҳои расмии замон пардохтааст. Ӯ пайрави тариқаи тасаввуфии нурбахшия буд. Дар тазкираҳои «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Нисорӣ, Тӯҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ ва ғайра ҳамчун …

Муфассал »

САФИИ ЯЗДӢ

САФИИ ЯЗДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Сафии Яздӣ пас аз касби камол ба дарбори ҳукмрони давр Туғошоҳ ибни Алп-Арслон роҳ ёфт ва чанде дар хидмати ӯ буд. Муҳаммади Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» аз таваҷҷӯҳи ӯ ба тасаввуф хабар медиҳад. Аз эҷодиёти Сафии Яздӣ якчанд ғазал, ру- …

Муфассал »

САФИИ БУСТӢ

САФИИ БУСТӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 13). Шоири қасидасарои дарбори Хоразмшоҳиён. Бино ба маълумоти Ризоқулихони Ҳидоят («Маҷмаъ-ул-фусаҳо»): «Хоҷаи номдор ва фозили олимиқдор, шоири пухтатабъи ширингуфтори фасоҳатшиор» будааст. Якчанд қасидаҳои мадҳии ӯ, ки дар сабку услуби қасидасароии анъанавӣ гӯфта шудаанд, ба воситаи тазкираҳо то замони мо расидаанд

Муфассал »

САФАРЗОДА Ғоиб

САФАРЗОДА Ғоиб (20. 2. 1940, деҳаи Муллоҷони райони Восеъ, вилояти Кӯлоб —19. 7. 1972 қишлоқи Кадучӣ, ҳамон район), шоири советии тоҷик. Аз оилаи колхозчӣ. Пас аз хатми Институти давлатии педагогии Душанбе (1962) то охири умр ходими калони адабии газетаи «Тоҷикистони Советӣ» буд. Фаъолияти эҷодии Сафарзода аз соли 1958 сар шудааст. …

Муфассал »

САРХУШ Муҳаммадафзал ибни Муҳаммадзоҳид

САРХУШ Муҳаммадафзал ибни Муҳаммадзоҳид (1640, Кашмир 1714, Деҳлӣ), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аҷдоди Сархуш аз Бадахшон буда, ӯ дар хурдсолӣ ҳамроҳи падараш ба Сарҳинд рафтааст. Таҳсили шоир он ҷо гузаштааст ва ӯ бо Носиралии Сарҳиндӣ дӯсту ҳамсабақ будааст. Сархуш аз 8-солагӣ ба шеъргӯӣ сар кардааст. Чанде дар хидмати дарбор буда, вале …

Муфассал »

САРФИИ СОВАҶӢ Салоҳуддин

САРФИИ СОВАҶӢ Салоҳуддин, маъруф ба Сарфии Жӯлидамӯй (соли таваллуд номаълум, Сова — вафот 1590, Дакан), шоири форс-тоҷик. Силсилаи насаби ӯ ба Салмони Соваҷӣ мерасидааст. Аз шогирдони Мавлоно Мӯҳташами Кошонӣ. Дар пирӣ ба Ҳиндустон сафар кард. Чанде дар Гуҷарот буд. Аз он ҷо ба Лоҳур омада, бо Файзии Даканӣ шиносои пайдо …

Муфассал »

САРФИИ КАШМИРӢ Шайх Яъқуб

САРФИИ КАШМИРӢ Шайх Яъқуб (1521, Сринагари Кашмир —1594), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар назди падараш Шайх Ҳасани Осимӣ да уламои машҳури давр таҳсил кардааст. Баъд ба мамлакатҳои зиёд мусофират намуда, бо бузургони илму адаб, пешвоёни дину тариқат вохӯрдааст. Ӯро яке аз уламои машҳури замони худ, халифаи Шайх Ҳусайни Хоразмӣ (вафоташ 1549) …

Муфассал »

САРМАДИИ ИСФАҲОНӢ

САРМАДИИ ИСФАҲОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Аваал ба тахаллус Файзӣ шеър навиштааст. Сармадии Исфаҳонӣ дар жанрҳои гуногуни адабӣ шеър гуфта бошад ҳам, бештар ҳамчун шоири ғазалсаро маъруф аст. Ға-залҳояш соддаву самимианд. Байти зерин намунае аз осори ӯст: Ишқ он қадар хуш аст, ки ошиқ ба …

Муфассал »