Маълумоти охирин
Главная / Теги: шеър (страница 6)

Теги: шеър

СОНЕТ

book-1

СОНЕТ (итолиёӣ sonetto, аз провансалӣ sonet — суруд), шеъри чордаҳмисраи, ки ба шакли абаб — абаб, ввг — дде (вариантҳои дигар низ вомехӯранд) қофиябанди мешавад. Сонет дар Италия (асри 13) ба вуҷуд омадааст. Онро Данте ва махсусан Ф. Петрарка ба авҷи инкишоф расонданд. Сонетро дар Франция П. Ронсар (асри 16) …

Муфассал »

СЕҲРИ ҲАЛОЛ

СЕҲРИ ҲАЛОЛ (арабӣ сеҳр—афсун, изҳори чизи аҷоибу ғароиб; ҳалол—савоб, раво), санъати бадеии маънавист, ки мувофиқи он калима ва ë ибораи дар байт овардашуда ҳам бо маънии таркиби пешин ва ҳам бо маънии таркиби пасин алоқаманд аст. Масалан: Ҳаст дар ман оташе равшан намедонам, ки чист? Ин қадар донам, ки ҳамчун шамъ мекоҳам …

Муфассал »

МУЗДАВИҶ

МУЗДАВИҶ, муздаваҷ (ар.—дугона, ҷуфт). дар илми бадеъ шеъреро меноманд, ки бинои он бар абьёти мустақили мусарраъ — ҳамқофия гузошта шудааст. Аммо дар миёни шоирони форс-тоҷик ба ҷои ин истилоҳ муродифи он — маснавӣ маъмултар гардидааст ва шуарои форс-тоҷик шеъреро, ки ҳар байташ дорои қофияи воҳид ва мустақил бошад, ва Музаҳо, …

Муфассал »

МУТАЛАВВИН

vokal

МУТАЛАВВИН (арабӣ— рангоранг), шеърест, ки ба ду вазн ё зиёда аз он хонда мешавад. Чандин ғазалҳои машҳури устодони бузурги назми классикии форс-тоҷик Саъдӣ, Ҳофиз, Сайидо ва дигар дар ду баҳр навишта шудаанд. Масалан, ин ғазали Саъдӣ (матлааш: Эй боди бомдодӣ, хуш меравӣ ба шодӣ,  Пайванди рӯҳ кардӣ, пайғоми дӯст додӣ) …

Муфассал »

МУСАММАТ

musammat

МУСАММАТ (арабӣ — дар ришта марворид кашидан), як навъи шеърист, ки аз бандҳои чудогона таркиб ёфта, мисраи охири ҳар банд бо мисраи охири банди якум ҳамқофия меояд (ааааас, бббббс…): Хезеду хаз оред, ки ҳангоми хазон аст.  Боди хунук аз ҷониби Хоразм вазон аст.  Он барги хазон аст, ки бар шохи …

Муфассал »

МУСАММАН

sher

МУСАММАН (арабӣ —ҳаштгона, хаштоӣ), навъе аз санъатҳои лафзии шеъри форс-тоҷик, ки ҳаштхона ё ҳашти дар ҳашт низ меноманд. Мувофиқи ин санъат шеъри ҳаштмисраиро ба ҳашт порчаи тараннумӣ чунон тақсим мекунанд, ки ҳар мисраъ дар арзу тӯл як хел хонда мешавад: Ин гуна шеър агар аз шаш мисраю (ё байту) шаш …

Муфассал »

МУЛАММАЪ

melammah

МУЛАММАЪ (арабӣ— нурпош, ҷилодор, рангоранг), шеърест, ки ба ду забон навишта мешавад. Муламмаъ асо­сан дар адабиёти классикӣ ва бештар дар жанри ғазал дучор меояд. Шоирон як мисраъ ё байтеро ба тоҷикй ва мисраъ ё байти дигарро ба арабӣ мегуфтанд. Бояд байт, мис­раъ ва абёти тоҷикию арабӣ аз ҷиҳати шаклу мазмун …

Муфассал »