Маълумоти охирин
Главная / Теги: шеър (страница 5)

Теги: шеър

ШОҲБАЙТ

sher

ШОҲБАЙТ, шаҳбайт, беҳтарин байти шеър (ғазал, маснавӣ, қасида ва ғ.)-ро гӯянд, ки бо мазмуни олию барҷаста ва шакли мақбулаш аз дигар байтҳо фарқ, мекунад. Махсусан,     матлаъ ва мақтаи ғазалу қасидаҳо ба Ш. табдил ёфтаанд. Мисолҳо: Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор, Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор. (Рӯдакӣ) Пароканда лашкар наояд …

Муфассал »

ШЕЪРИ САФЕД

sher

ШЕЪРИ САФЕД, осори манзуми ҳиҷоӣ ва ҳиҷоию оҳангӣ (силабию тоникӣ)-ро гуянд, ки аз қофия озоданд, вале мисраъҳо байни ҳамдигар мувозинат доранд. Ш. с. бинобар қофия надоштан аз системаи муайяни банду байт низ орист. Аз шоирони Ғарб У. Шекспир Ш. с.-ро фаровон истифода бурдааст. А. С. Пушкин «Борис Годунов» ва «Фоҷиаҳои …

Муфассал »

ШЕЪРИ ОЗОД

book-1

ШЕЪРИ ОЗОД, верлибр, системаи махсуси назм, ки қонуниятҳояш пурра муайян нашудаанд. Ш. о. аз наср асосан бо он фарқ мнкунад, ки мисраъҳояш ба шакли шеър навишта шудо, байни худ ҳамоҳангӣ ва қофияи номураттаб доранд, ба тақтеъҳои нисбатан мувози тақсим мешаванд. Аз лиҳози сохт Ш. о. аз бандҳое таркиб меёбад, ки …

Муфассал »

«ШЕЪРИ НАВ»

book-1

«ШЕЪРИ НАВ» истилоҳест барои ифодаи равияву тамоюлоти навҷуӣ дар қолаб, вазну қофия ва маҷмуи образҳои шеърӣ муосири форсизабонон. Дар нимаи с-ҳои 50 дар адабиётшиносӣ ва танқиди адабии Эрон пайдо шуда, сипас дар Афғонистон ва Тоҷикистон низ маъмул ва муддате боиси баҳсу мунозираҳои тунду тез гардид. Оғози ҷараёни «Шеъри навр»-ро ба …

Муфассал »

ШЕЪРИ МАНСУР

book-1

ШЕЪРИ МАНСУР, асари насрии лирикиест, ки ба ғайр аз вазну қофия ҳама хусусиятҳои шеърӣ лирикиро дар бар мегирад. Ҳаҷмаш хурд аст, ба бандҳо тақсим мешавад, воситаҳои тасвир ва санъатҳои бадеии дар шеър маъмулро дорост. Хусусияти муҳимми он баёни пуртуғёни эҳсосот, ифодаи таассуроти субъективии эҷодкор мебошад. Равонию хушоҳангӣ ба туфайли истифодаи …

Муфассал »

ШЕЪР

sher

ШЕЪР (ар. — дарьёфтан, фаҳмидан, донистан), каломест мавзуну қофиядор. Шеър яке аз навъҳои асосии адабиёт буда, бо, тартибу низоми сухани бадеӣ аз наср фарқ мекунад. Шеър дар ибтидо гуфтори мавзуну савтии инсон буда, асосан барои иҷтимоъ гуфта мешуд. Шеър ҳолати гуяндаро дар шакли ниҳоят амиқу нотакрор инъикос менамояд, ки наср …

Муфассал »

ШАҲРОШӮБ

sher

ШАҲРОШӮБ, шаҳрангез, як навъ шеърест ҳаҷман хурд, мазмунан шух ва шурангез. Дар давраҳои гуногуни адабиёти форс-тоҷик расм шуда буд. Дар аввалин Шаҳрошӯбҳо соҳибмансабону амалдорони шаҳр фош карда мешуданд. Дар сарчашмаҳо номи чаҳор шоири а. 16 зикр шудааст, ки ин гуна шеърдҳои ифшогар навиштаанд: Муҳаммадҳошим ва Ҷалолуддин Муҳаммади Огаҳии Хуросонӣ, Воҳиди …

Муфассал »

ХУБСИЁТ

ХУБСИЁТ (аз ар. палид, нохуш), ашъори ҳаҷвиеро гўянд, ки бо лафзу иборатҳои бешармонаю қабеҳ ва дур аз одоб навишта шудаанд. Xубсиёт одатан барои доираи махдуди ашхос эҷод гардида, дар он касони пасттинату разил бераҳмона ва бо алфози қабеҳтарин масхара ва фош карда мешуданд. Чунин шеърҳо баъзан ба қалами шоирони машҳури …

Муфассал »

СУОЛУ ҶАВОБ

book-1

СУОЛУ ҶАВОБ         яке аз санъатҳои маънавист, ки барои равшан ва таъсирбахш баён намудани фикру ҳиссиёт, хизмат мекунад. Суолу ҷавоб дар шеър бештар мушоҳида мешавад. Ин санъат шаклҳои гуногун дорад: шоир гоҳ ба худ суол дода, худ ҷавоб мегӯад, гоҳ қаҳрамонон бо ҳам суолу ҷавоб мекунанд; баъзан чанд Суолу ҷавоб дар …

Муфассал »

СУОЛИ ХИТОБАТ

book-1

СУОЛИ ХИТОБАТ  яке аз санъатҳои бадеист, ки мувофиқи талаботи он шоир афкору ақоид ва ғояи матлубро саволомез баён мекунад. Суоли хитобат ба санъати бадеии таҷоҳули ориф қаробат дорад, вале ҷиҳати эмосионалӣ ва таъсири маънавии шеъри ба ин санъат эҷоднамуда бештар аст. Аз ин санъати бадеӣ шуарои гузашта ва имрӯзаи тоҷик …

Муфассал »