Маълумоти охирин
Главная / Теги: шеър

Теги: шеър

САРЕЪ

sher

САРЕЪ ( тезрафтор, тундрав), номи яке аз баҳрҳои арӯз Шеъри ин баҳр шӯху сабук, хониши он тезу бошитоб аст. Рукни аслии Сареъ ду бор мустафъилун (- -V —/- – V —) ва мафъӯлоту (—V) мебошад. Навъҳои гуногуни Сареъ аз омезиши чаҳор зиҳофи рукни мустафъи- лун: матвӣ — муфтаилун, махбун — …

Муфассал »

САРБАЙТ

sher

САРБАЙТ, байти аввал ва оғози сурудро гӯянд. Сарбайт як ё ду ва гоҳо чаҳор мисраъ мешавад. Онро дар маҳалҳо саровоз, сарнақш, сармандоғ ва шероза ҳам мегӯянд. Сарбайт бо нақарот робитаи қавӣ дошта, ба суруд тартиб, низом ва тантана мебахшад. Сарбайтро одатан сарбайтхон месарояд, ки бояд овози хуб дошта бошад. Дар …

Муфассал »

РУКН

sher

РУКН (арабӣ — сутун, поя), дар арӯз қолиби муайяне, ки ҳангоми тақтеи шеър ва чен кардани вазн истифода мешавад. Арӯзи арабӣ аслан 10 Рукн дошта, бо роҳи тағйир до¬дани калимаи фаала ҳосил шудаанд: мафоилун, фоилотун, мустафилун, мафъӯлоту, фаӯлун, фоилун, мутафоилун, мафоялатун, фоило¬тун, мустафилун. Арузи форсӣ-тоҷикӣ аз шаш Pукни аввал тартиб …

Муфассал »

РУБОӢ

sher

РУБОӢ (арабӣ — чоргона), яке аз жанрҳои шеъри лирикист иборат аз чор мисраъ (ду байт). Дар вазни ҳазоҷ (шаҷараи ахрам ва ахраб) навишта мешавад. Ҳамагӣ 24 вазни шеърӣ дар ин шаҷараҳо маълум аст, ки ба онҳо Рубоӣ эҷод мекунанд. Ин системаи вазнҳои Рубоиро Хоҷа Ҳасани Қаттои кашф кардааст. Аз ҷиҳати …

Муфассал »

«ХАМСА»

«ХАМСА», (панҷганҷ», унвони умумии панч, маснавии Низомии Ганҷавӣ аст, ки дар як муҷаллад фароҳам омадаанд. Маснавии якуми «Хамса» — «Махзан-ул-асрор» (1176) яке аз аввалин осори маноуми фалсафию ахлоқӣ ба забони форсӣ-тоҷикист. Маснавии дуюми «Хамса» — «Хусрав ва Ширин» (1181) —қиссаи ишқи фоҷиаомези Хусраву Ширинро дар бар гнрифтааст. Маснавии сеюми «Хамса» …

Муфассал »

«ХАМСА»

«ХАМСА» (арабӣ — панҷ, панҷгона), панҷ достони алоҳидаи як адибро гӯянд, ки дар як муҷаллад гирд оварда шудаанд. Анъанаи «хамса»-гӯӣ нахустин маротиба дар адабиёти форс-тоҷик пайдо шуда, баъди асрҳои 13—14 дар адабиёти дигар халқҳои Машриқзамин ҷорӣ гардидааст. Дар таърихи адабиёти форс-тоҷик шахси номаълуме панҷ достони Низомии Ганҷавиро дар як ҷилд …

Муфассал »

ХАМРИЁТ

ХАМРИЁТ (аз арабӣ — май, шароб, бода), ашъореро гӯянд, ки дар васфи май, майгусорӣ, тарзи тайёр кардаии шароб, шароиту шартҳои истеъмоли сода, базмҳо ва ғайра эҷод шудаанд. Xамриёт дар адабиёти тоисломии араб [қисми насиби қасидаҳои Амр ибни Кулсум, Абӯмалик Ғиёс ибни Ғавс (640—710)) ба вуҷуд омада, баъдтар дар эҷодиёти Абӣнувос …

Муфассал »

ФАРД

sher

ФАРД (арабӣ —якка, танҳо), як навъ шеъри якбайтаи мустақилмаъноро гӯянд. Дар эҷодиёти даҳонакии халқ ва адабиёти классикии форс-тоҷик аз қадимулайём маъмул буд. Дар адабиёти имрӯза низ ба назар мерасад. Дар фард як фикри томи иҷтимоӣ, ахлоқию тарбиявӣ, фалсафӣ, ишқӣ ва ғайра ба таври барҷаста, образнок ва бо хулосаҳои мантиқӣ ифода …

Муфассал »

УДУЛ

sher

УДУЛ (арабӣ — аз ҳадди муайян гузаштан, таҷовуз намудан), дар илми бадеи классикӣ лафзи зиёдатиеро гӯянд, ки шоир аз рӯи зарурат ба он роҳ диҳад. Шамси Қайси Розӣ дар «Ал-Мӯъҷам» чанд навъи Удулро ташреҳ додааст: 1) зиёдот (афзудани ҳиҷо): Чи гӯй, ки ҳама ҳаррон чун ӯ будаст кас низо, На …

Муфассал »