Маълумоти охирин
Главная / Теги: Химия (страница 4)

Теги: Химия

ТРАНСАКТИНОИДҲО

transaktinoidho

ТРАНСАКТИНОИДҲО, трансактинидҳо, глементҳои химиявии радиоактиви сунъиеро гӯянд, ки дар системаи даврии Менделеев баъди Лоуренсий (Lr, эламенти охирини гурӯҳи актиноидҳо) ҷой гирифтаанд. То аввали 1982 чор элемедти мансуби Трансактиноидҳо— курчатовий, элементн 105, элементи 106 ва элементи 107 синтез шуданд. Ба кашф ва синтези Трансактиноидҳои нав олимони шаҳрҳои Стокголм (Швесия), Беркли (ШМА), …

Муфассал »

ТРАНС

ТРАНС (аз лотинӣ trans — ба воситаи, барои) дар химия, сарчаспакест, ки беш аз номи изомерҳои геометрии пайвастҳои органикӣ ҳамроҳ карда мешавад. Нигаред низ Изомерия,

Муфассал »

ТИРОЗИН

tirozin

ТИРОЗИН, аминокислотаи бӯйдор. Ба таркиби бисёр сафедаю пептидҳо (казеин, инсулин ва ғайра) дохил мешавад. Аз сабаби дар об бадҳалшаванда буданаш аз гидролизатҳои сафеда бо осонӣ ҷудо кардан мумкин аст. Аз Тирозин дар организми ҳайвоноту одам гормонҳои ғадуди сипаршакл, адреналин ва моддаҳои дигар, дар баъзе растаниҳо алкалоидҳо (морфин, кодеин ва ғайра) …

Муфассал »

ТИОФУН

ТИОФУН, С4Н4S, пайвасти гетеросиклӣ, моеъи беранг, бӯяш ба бӯи бензол монанд аст; t гуд. —38,3oС, t ҷӯш. 84,1oС; дар об бад ва дар ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ҳал мешавад. Тиофунро аз зифти ангиштсанг ва маҳсулоти нимкоксонии варақсант ҷудо мекунанд. Тиофуни синтезиро дар натиҷаи пиролизи омехтаи намаки натрийдори кислотаи каҳрабо ва Р2S3; …

Муфассал »

ТИАМИНПИРОФОСФАТ

ТИАМИНПИРОФОСФАТ, тиаминдифосфат, кокарбоксилаза, коферментест, ки дар мубодилаи ферментативии кетокислотаҳо ва кетосахаридҳо иштирок мекунад. Тиаминпирофосфат дар аксари бофтаҳои ҳайвоноту наботот ва микроорганизмҳо мавҷуд аст. Дар саноат Тиаминпирофосфатро аз тиамин ва кислотаи пирофосфат ҳосил мекунанд. Тиаминпирофосфатро дар тиб барои табобати амрози дил истифода мебаранд.

Муфассал »

ТЕТРАХЛОРЭТАН

ТЕТРАХЛОРЭТАН 1,1,2,2-тетрохлорэтан, тетрахлорэтани симметрӣ, СI2НС—СНСI2, моеъи беранг, бӯяш ба бӯи хлороформ монанд аст; ( ҷӯш. 146,20С, эичиаш 1597 кг/м3 (200С). Дар ҳалкунандаҳои органикӣ нарз ҳал мешавад. Фосфор, сулфур, чарб ва баъзе пайвастҳои органикию ғабриорганикиро ҳал мекунад, вале аз сабаби заҳрнок буданаш онро кам истифода мебаранд. Ҳудуди имконпазири концентрацияи буғҳои Тетрахлорэтан …

Муфассал »

ТЕТРАХЛОРМЕТАН

ТЕТРАХЛОРМЕТАН ССI4, як навъ моеъи берангро гуянд; t гуд. —22,90С, ( ҷӯш. 76,8°С, зичиаш 1,593 г/cм3 (20°С). Дар об ҳал намешавад. Дар Терахлорметан чарб, мум, каучук, аксари зифтҳои табиӣ ва синтезӣ нағз ҳал мешаванд. Дар шароити муқаррарӣ Терахлорметан ба таъсири ҳаво, равшанӣ, кислотаҳои концентронида устувор буда, вале аз таъсири об …

Муфассал »

ТЕРПЕНҲО

terpenho

ТЕРПЕНҲО, як гурӯҳ карбогидридҳоро номанд, ки молекулаашон аз чанд молекулаи изопрен (С5Н8) таркиб ёфтааст. Формулаи умумиашон (С5Н8) п = 2, 3, 4 ва ғайра. Аз рӯи миқдори молекулаи изопрени таркибашон Терпенҳо ба монотерпенҳо (ин пайвастро одатан терпенҳо меноманд), сесквитерпенҳо ё якунимтерпенҳо (С5Н8)3, дитерпенҳо (С5Н8)4, тритерпенҳо (С5Н8)6 (,ба ин гӯруҳ стерин …

Муфассал »

ТЕРМИТ

ТЕРМИТ аз юнонӣ ( гармӣ), омехтаи хокаи алюминий (баъзан магний)-ро бо оксиди металлҳои гуногун (асосан оҳан) гӯянд, ки хангоми сӯзиш гармии зиёд (беш аз 2000°С) хориҷ мекунад. Термити оҳану алюминий бештар маъмул аст. Термити мазкурро барои кафшери релсҳо, рехтани деталҳои калон истифода мебаранд. Ҳарорати алангагирии чунин Термит то 1300°С мерасад …

Муфассал »

ТЕЛЛУРИҲО

tellur

ТЕЛЛУРИҲО, пайвасти химиявии теллур бо металлҳо; моддаҳои криссталлӣ намакҳои кислотаи теллуриди гидроген Н2Те-ро гӯянд. Ба сулфидҳо ва селенидҳо монанданд. Теллур бо металлҳои ишқорзамин МеТе, бо металлҳои ишқорӣ теллуриҳои дар об ҳалшаванда (М2Те) ва полителлуриҳо (масалан. №зТе2) ҳосил мекунад. Теллуриҳои металлҳои мутавассит (гурӯҳи IV— VIII системаи даврӣ) пайвастҳои таркибашон тағйирёбандаанд ва …

Муфассал »