Маълумоти охирин
Главная / Теги: Химия (страница 3)

Теги: Химия

ФОСФОР

fosfor-3

ФОСФОР (лотинӣ рhosporus), Р, элементи химиявии гурӯҳи V системаи даврии Менделеев, рақами атоми 15, массаи атомӣ 30,97376. Номаш аз юнонӣ рhosphoros — нурбароранда. Чанд навъ аст: Фосфори сафед (зичиаш 1,83 г/см3, t гудозиш 44,1°С), фосфори сурх (зичиаш 2,3 г/см3, t гуд. 590°С) ва ғайра. Ф.-и с а ф е д …

Муфассал »

ФОСФИТҲО

ФОСФИТҲО, намакҳо ва эфирҳои кислотаи фосфит Н3PО3. Фосфитҳо (мас., NаНРО3 ва Nа2НРОз) моддаҳои кристаллианд. Эфирҳои кислотзи фосфит [(RО)3Р, (RO)2 РОН ва RОP(ОН)2] моддаҳои моеъ ё сахтанд. Фосфитҳо ро чун стабилизаторҳо, энтиоксидантҳои полимерҳо, нимноқилҳо, инчунин дар истеҳсоли пайвастҳои органикии фосфор истифода мебаранд.

Муфассал »

ФОСФИДҲО

ФОСФИДҲО, пайвастҳои химиявии фосфор бо металл. Фосфидҳо моддаи кристаллианд; аз таъсири об ва кислотаҳо зуд таҷзия шуда, фосфин ном моддаи заҳрӣ ҷудо мекунанд. Баъае фосфидҳо (InР, GаР)-ро чун масолеҳи нимноқилӣ, фосфидҳои руҳ (ZN3Р2) чун зооcид истифода мебаранд.

Муфассал »

ФОСФАТҲОИ ТАБИӢ

fosfat

ФОСФАТҲОИ ТАБИӢ, синфи минералҳо, намакҳои кислотаи ортофосфат мебошанд. Қариб 180 минералро дар бар мегиранд. Фосфатҳои табии ниҳоят гуногунранганд. Сахтии онҳо аз 2 то 6,5; зичиашон 1,7—6 г/сма. Фосфатҳои табиӣ асосан дар қисми болоии қишри Замин — қаъри баҳру кӯлҳо, дар хоку ботлоқзор ва қишри фарсоиш пайдо мешаванд. Фосфатҳои табиӣ ашёби …

Муфассал »

ФОСФАТҲО

fosfat

ФОСФАТҲО намакҳо ва эфирҳои кислотаи фосфатро гӯянд. Фосфатҳо ду хел мешаванд: ортофосфатҳо (намак ва эфирҳои Н3РО4) ва Фосфатҳои полимерӣ (полифосфатҳо, метофосфатҳо ва ултрафосфатҳо). Фосфатҳо чун нуризҳои фосфордор, воситаҳои шустушӯӣ ва ғайра истифода мешаванд. Эфирҳои фосфатро чун пестисидҳо, моеъҳои модидани ва ғайра ба кор мебаранд.

Муфассал »

ФОРМУЛАИ ХИМИЯВӢ

ximiya

ФОРМУЛАИ ХИМИЯВӢ. бо аломатҳои химиявӣ ва ададҳо ифода намудани таркиб ва сохти молекуларо гӯянд. Формулаи химиявӣ эмпирикӣ ё брутто — формулаҳо (миқдори умумии атомҳоро дар молекула нишон медиҳад), расионалӣ (дар он гуруҳи атомҳои мансуби пайвастҳои мазкур нишон дода мешавад) ва структурӣ (ҷойгирии атомҳоро дар молокула нишон медиҳад) мешавад. Масалан, формулаи …

Муфассал »

ФОРМАЛДЕГИД

ФОРМАЛДЕГИД (аз лотинӣ formica — мӯрча), алдегиди мӯрча, СН20, алдегиди алифатии содда; гази беранг буда, бӯи махсус дорад. Дар об ва спирт нағз ҳал мешавад; I ҷӯш.—19*С. Ф.-ро барои ошдиҳии пӯст, ҳосил кардани поливинилформал, изонрен, пентаэритрит, моддаҳои доруӣ, рангубор ва чун воситаи дезинфексияю дофеи бадбӯӣ низ кор мефармоянд. Формалдегин заҳрнок …

Муфассал »

ФЕНОЛ

fenol

ФЕНОЛ, оксибензол, кислотаи карбол, С6Н5ОН, кристалли беранг (дар ҳаво ҷигарӣ) буда, бӯи махсус дорад. ( гудозиш 40,9°С, зичиаш 1058 кг/м3. Онро барои истеҳсоли полимерҳо, моддаҳои рангуборӣ, пестисидҳо, дору ва ғайра истифода мебаранд. Фенолро барои дезинфексия низ кор мефармоянд. Ҳангоми ба бадан расидан пӯстро месӯзонад.

Муфассал »

ФЕНИЛАЛАНИН

ФЕНИЛАЛАНИН, як навъ аминокислотаи ароматист. Дар организм дар шакли озод ва дар таркиби сафедаҳо мавҷуд аст; ба аминокислотаи тирозин мубаддал мешавад. Агар мубодилаи фенилаланин дар организм модарзодӣ вайрон бошад, боиси кунд шудани зеҳни одам мегардад.

Муфассал »

ТУРШОНӢ

ТУРШОНӢ, туршшавӣ, ҳодисаи таҷзияи ферментативии моддаҳои органикӣ (бештар карбогидратҳо)-ро гӯянд, ки аз таъсири микроорганизмҳо ё ферментҳои аз онҳо гирифта бе иштироки оксиген мегузарад. Туршонӣ барои фаъолияти ҳаётии микробҳо манбаи энергия буда, ба гардиши моддаҳо дар табиат аҳамияти калон дорад. Баъзе навъҳои туршонӣ (туршонии спиртӣ, шир, равғани, ацетатӣ) дар истеҳсоли спирти …

Муфассал »