Маълумоти охирин
Главная / Теги: Химия (страница 10)

Теги: Химия

ХРОМ

chromium

ХРОМ (лот. Chromium) Cr, элементи химиявии гурўҳи VI системаи даврии Д. И. Менделеев; рақами ат. 24., массаи ат. 51,996; металли осмонранг. Хромро С. 1797 химики франсавӣ Л. Н. Воклен аз минерали крокоит (РЬ Сг О4) кашф кардааст. Xром 8,3 10-3-и массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Xром металли устувор, вазнин ва …

Муфассал »

ХРИЗОКОЛЛА

hrizokolla

ХРИЗОКОЛЛА (аз юн. chrysos — тилло ва kolla — елим, ширеш), минералест аз синфи ейликатҳо. Рангаш осмонӣ, нилгун, сабз» кабудтоб ва баъзан сиёҳ, сахтиаш 2—4, зичиаш 2—2,3 г/см3. Xризоколла минерали маъмули минтақаи оксидшавии конҳои мис буда, ба таркиби маъданҳои мис дохил мешавад.

Муфассал »

ХРИЗОБЕРИЛЛ

chrysoberyl

ХРИЗОБЕРИЛЛ (аз юн. chrysos— тилло ва берилл), минералест аз зерсинфи оксидҳои            мураккаб. Ве АL 2 О4; ба сифати омехтаҳо 3,5—6% Fe 1 Оз то 3% TI O2 ва то 0,4 % Cr Оз дорад. Xризоберилл зард, сабз, қаҳваранг, сурх ва баъзан шаффофи беранг мешавад. Сахтиаш 8,5, зичиаш 3,8 г/см3. Навъҳои …

Муфассал »

ХОКИСТАР

xokistar

ХОКИСТАР, омехтаи минерале аст, ки баъди пурра сӯхтани сӯзишворӣ боқӣ мемонад. Хокистари ангиштсанг ва ангишти бӯр тақр. аз 1 то 45%, сланецҳои сузанда аз 50 то 80%, торф аз 2 то 30%, ҳезум одатан камтар аз 1%, дигар навъҳои сузишвории растанигӣ 3—5% ва мазут аксар вақт то 0,15% аст. Дар …

Муфассал »

СФЕН

titanit-sfen

СФЕН (юнонӣsphen — фона), як навъ минерал, силикати титандорCaTiSiO5-ро гӯянд. Нигаредниз Титанит.

Муфассал »

СФАЛЕРИТ

sfarelit

СФАЛЕРИТ (аз юнонӣsfaleros — фиребанда), минералест аз синфи сулфидҳо, ZnS (67,1% Zn ва 32,9% S). Омехтаҳои изоморфиаш: Ғе (то 26%), Мn, Cd, Ga, Се, In, Со, Hg. Хелҳои Сфалериат: клейофан (беранг ё нимранги шаффоф), марматит (сиёҳтоби аз оҳан бой), пршибрамит (аз кадмий бой), вюртсит (модификацияи гексагонии Сфалериат). Ранги Сфалериат вобаста …

Муфассал »

СУҒДИЁНИТ

silikatho

СУҒДИЁНИТ, минералест аз синфи силикатҳо; Таркиби химиявиаш: К1, №0,9, Li2. (Li 0,6Fe2+0,2Fe4+0,6Al 0,2Ti 0,2) (Zr 0,3 Ti 0,2) {Si2O5]6. Рангаш бунафш. Сахтиаш 7; зичиаш 2,9 г/см . Якҷоя бо авдиалит ва тоҷикит вомехӯрад. Ин минералро аввалин бор геологи тоҷикB.  Д. Дӯстматов аз байни пегматитҳоишқории Помир ёфта, Суғдиёнит номидааст.

Муфассал »

СУРЪАТИ РЕАКСИЯИ ХИМИЯВӢ

surati-reaksiya

СУРЪАТИ РЕАКСИЯИ ХИМИЯВӢ, мафҳуми асосии кинетикаи химиявист, ки тағйир ёфтани адади зарраҳо (молекулаҳо, ионҳо)-и ҳамагуна моддаи дар реакция иштироккунандаро дар воҳиди вақт ба воҳиди ҳаҷм (барои реакцияҳои гомогенӣ) ё ба воҳиди масоҳати сатҳ (барои реакцияҳои гетерогенӣ ва топохимиявӣ) ифода мекунад. Суръати реаксияҳои химиявиро миқдоран аз рӯи тағйири консентрацияи моддаҳои ба …

Муфассал »

СУРМА

surma

СУРМА (лотинӣ Stibium) Sb, элементи химиявии гурӯҳи V системаи даврии Менделеев; рақами атомӣ 51, массаи атомӣ 121,75. Металли сафеди нуқратоб. 2 изотопи собити табиии Сурма—121Sb (57,25%) ва 123Sb (42,75%) маълум аст; аз изотопҳои сунъиаш маъмултаринашон 122Sb (Т1/2 = 2,8 шабонарӯз), 124Sb (Т1/2 = 60,2 шаборӯз) ва 125Sb (Т1/2 = 2 …

Муфассал »

СУРБ

surb

СУРБ қӯрғошим (лотинӣ Рlumbum), Рh, элементи химиявин гурӯҳи IV системаи даврии Менделеев; рақами атомӣ 82, массаи атомӣ 207,2. Сурб 6—7 ҳазор сол то мелод ба халқҳои Байнаннаҳрайн, Миср ва дигар мамлакатҳо маълум буд. Онҳо Сурбро барои сохтани ҳайкалҳо ва асбобҳои рӯзгор истифода бурдаанд. Сурб 1,610-3–и массаи қишри заминро ташкил медиҳад. …

Муфассал »